ОБ ҚУДРАТ АСТ!31-01-2025, 14:07
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
![]() (Ба истиқболи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028). Тоҷикистон дар сари обӣ, Зодгоҳи офтобӣ Офтобу оби ҷонбахши ту дар олам, Беҳтарини офтобу об бошад. Беҳтарини оби нобе, ки дар дунёст, Оби Вахшу Панҷу аз Варзоб бошад… Ориё - тоҷикон ҳанӯз 18000 сол муқаддам обро чун муъҷизаи Яздонӣ шинохтаву ба бузургии он эътиқод доштанд. Дар яшти панҷуми “Авасто” олиҳаи об бо номи Ардвисура Анаҳито васф гардида,дар сурати зебосанаме, ки сарчашмадори ҳамаи обҳои равон аст, парастида мешуд. Он гоҳе дар тимсоли духти Аҳурамаздо тасвир гашта, парастори Зардушт шинохта шуда,барои шоҳҶамшеди Пешдодӣ оварандаи қудрату подшоҳӣ, барои Фаридуни Фаррухпайк қудрату пирузӣ бар Заҳҳоки морон, вусъатфизойи шоҳаншоҳӣ бар Куруши Кабир ва хираду қудрат бар Зарир баҳри пирузӣ бар Арҷосп дониста мешавад. Дар “Хурд Авасто” низ олиҳаи об Ардвисура Анаҳитодар чакомаҳои яздҳо суруда шудааст. Дар давраҳои нисбатан пасин Анаҳито бо шакли Ноҳид дар забонҳои гурӯҳи ҳиндуаврупоӣ дучор меояд, ки номи дигари сайёраи Зӯҳра аст. Ориён дар тамаддуни инсоният аз ҷумлаи миллатҳои нахустбедор буда, ки на танҳо олиҳаи обро муқаддас дониста, парастишу ниёиш намудаанд, балки бо фариштагоне чун Вахшуваҳишта, Доита, Аратта, Ворукаша, Хурдот, Ваҳуман, Ганга, ки номи дарёҳост ва чанде дигар эзадони обӣ эътиқод доштанд. Дар “Авасто” эзади накуиву рӯшноӣ Апам Напат аст, ки фарри каёниро дар қаъри дарёи Ворукаша-Вахш пинҳону нигаҳбонӣ намуда, ки Заҳҳоки ҷоду нобуд насозад. Сарзамини Арйана - Вайҷаҳ (Паҳнои Ориёно) маконест, ки ҳафт олиҳаи ҳастиофар, ҳафт дарёи хурошон - Вахшу Сирдарё, Гангу Ҳилманд, Панҷу Зарафшон ва Ому дар он ҷорӣ мебошанд. Ин матлабро дар достони мардумӣ ва кишвари ормонии Чамбули Мастон низ мушоҳида менамоем. Шаҳру маконҳои бунёднамудаи Ориён бо воҷаҳои об, кӯл, руд, дарё, чашма ҳамбастагӣдошта, ба таркиби топонимияҳои фарҳанги миллӣ дохил шуданд. Вожаҳои Кӯлоб, Хингоб, Сурхоб, Тагоб, Варзоб, Шӯроб, Балхоб, Мурғоб, Яғноб, Хумбоб, Лучоб… Панҷрӯд, Вароруд, Рӯдак, Намруд, Зимчруд, Насруд, Паструд, Зиндаруд (Зояндаруд)… Обиборик, Обигарм, Обшорон, Оббурдон, Обикиик…Чашмасор, Саричашма, Гармчашма, Чилучорчашма, Чашмаиҷӯшон… Фондарё, Дарёбанд, Сирдарё, инчунин,номҳои Суҳроб, Дороб, Саҳоб… васадҳои дигар далели наслҳои домони биҳишти рӯйи Замин будани яке аз наслҳои Ориёӣ - тоҷикон мебошад. Канори чашма ва рӯдҳои хурӯшон аввалин маскани ҳазрати Одам ва наслҳои ӯ буда, ориёиён нахуст қавму миллатҳои ба ҳаёти кишоварзию ҳунармандӣ ва шаҳрсозию шуғли тиҷорат рӯй оварда, маскани худро канори обҳои равон баргузида буданд. Гар вожаи обу ҳасрати ёди обӣВатан дар фолклори тоҷикон ҷойгоҳи хосса дошта бошад, қадршиносӣ аз ону мабдаи покиву рӯшноӣ будани об дар адабиёти беш аз ҳафтҳазорсолаи тоҷиказ “Авасто” то “Минуи хирад” аз “Ёдгори Зарирон” то “Худойномак” аз ашъори устод Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣва наслҳои имрӯз маъбади об тараннуми хоссаи худро дорад. Чакомаи мардумии; Сари сарчашма рафтам ман ба вақте, Ба оби дида биншондам дарахте… ё … Кӯлоббудумобиширинмехӯрдум, Саргашта маро ба оби талх овардӣ-ро кӣ аз ёд намедонаду мисраҳои эъҷозбахши ватансароёнаи “Бӯйи ҷӯйи мулиён ояд ҳаме …”-и устод Рӯдакӣ байти ҳакимонаи пандии “Обро аз рӯшноӣ кун қиёс, Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос”-и устод Турсунзода ва таронаи: Дарё, дарё, дарё, маро ба соҳил бирасон ва ғазали “Дарё”-и шоири дӯстдори Варзоб Лоиқро, кӣ бо шӯр ҳамнаво намешавад?Хушбахтона, истиқлолияти миллӣ ба озодии афкор, баён, эҳёи арзишҳои ориёнаи миллати тоҷик шоҳроҳи пайкор ва минбари баланди таблиғиарзишҳои фарҳангӣ, фалсафӣва эътиқодиро боз намуд. Фарҳанги миллӣ ва фалсафаи эътиқодии миллат зина ба зина ба ҷаҳониён чеҳраи аслии миллати озодаманишу озодапайкор ваозодазодаи ориётабори тоҷикро бикшоду муаррифӣ сохт.Боз об ҳамчун унсури офариниши ҳаёт ва бақои он асрори хешро миёни чаҳор унсури ҳастиофар бештару рӯшантар намуд. Ҳикмати “Об-ҳаёт”, “Об-рӯшноӣ”, “Об-ободӣ” ниҳоят ба дарку фаҳми аҳли илму хирад,сиёсатмадорону сарватмандони олам бирасид ва ибтидои асри XXI-ум аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳидсадои хирад, ҳушдори қатъӣва пешниҳоди оқилонаю ҳакимонаи сарвари закию дурандеш, Пешвои тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯши ҷаҳониён расид. Чор ташаббус ва пешниҳоди арзиши бузурги умумиинсонӣ,мантиқию илман асоснок, манфиати сиёсию иқтисодӣ, инчунин, раҳнамой ба беҳдошти иҷтимоию ҳифзи муҳитзистӣ доштаи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон зина ба зина таваҷҷуҳи оламиёнро ба муаммои об ва роҳи ҳалли он ҷалб сохт. Эътироф ва тасдиқи “Соли 2003- Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал, “Об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013”, ё худ “Дипломатияи об” аз ҷонибиСозмони Милали Муттаҳидва ниҳоят, Даҳсолаи байналмилалии“Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (ИМА, Ню-Йорк, 22-23-юми марти соли 2018)қабул гардид, бори дигар нубуғи хиради созандаю инсондӯстонаи миллати фарҳангию куҳанбунёди тоҷикро дар шахсияти Пешвои хирадманди миллат тасдиқ намуд. Тоҷикистон,ҳарчанд саргаҳи обҳои фаровон асту зиёда аз 947 дарёҳои хурду бузург дорад, ки ҳар яке бештар аз 10 километр дарозӣ доштаву дар маҷмуъ, беш аз 28500 километрро ташкил медиҳанд ва дорои зиёда аз 2000 кӯлу обанборҳои хурду бузургу зиёда аз 14509 пиряхҳои хурду бузург ва захираи обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷми 51,02 км3аст, лек бо ҳикмати“Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расидимрӯз”, ё “Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст” амал намуда, шиори “Шодам, аммо мехӯрамғамҳои халқи дигаре”-ро пайравӣ менамояд. Имрӯз мардуми сайёра пешорӯйи бисёр муаммоҳои умумиинсонӣ, экологӣ, вайронгаштани эътидоли солонаи иқлиму боришот, хушксолӣ, пайдоиш ва сирояти ангезандаҳои бемориҳои маргбор, биёбоншавӣ, шӯршавии заминҳо,нарасидани оби тозаи ошомиданӣ, баланд шудани ҳарорати атмосферӣ, инчунин, ифлос ва пур аз партоб гаштани резишгоҳи дарёву рудҳо, баҳру уқёнусҳо кӯлу обанборҳо, хушкшавии кулҳо, обшавӣ ва нобудгардии пиряхҳо, буриши бераҳмонаи ҷангалу бешазор, маҳв гаштани навъҳои нодири олами набототу ҳайвонотва дигар омилҳои таъсиррасон ба ҳаёти солими инсон гардида истодааст, ки ба меъёри қонунияти гардиши об дар табиат сахт алоқаманд аст. Сарвари давлати Тоҷикистоназ минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳидбо дурандешӣ ва хиради азалии тоҷикона фарҳанги истифодаи оқилонаи об ва захираҳои обиро пешниҳод намуда, таъкид бар он доштанд, ки об муъҷизаи ҳаётофаранда аст, муносибати бохирадона ба манбаъҳои асосии пайдоиши об, масрафи дақиқу санҷидаи истифодаи он кафили асосии бақои насли инсонӣ дар кураи Замин аст. Агар ба таърихи тамаддуни инсонӣ бингарем, ҳамаи дину ойинҳои башарият биҳишти ҷовидонаи худро саршор аз дарёву рудҳои равоне, ки дар он ширу гулоб, шаҳду шароб ҷорист, тасаввуру барои расидан бар он талош доранд. Паёмбар Зардушт, ки тарбиятгару таблиғгари ойини ростӣ буд, биҳиштро маконе медонист, ки дарёҳои пуроб, марғзори сабз бо аспони хатлии бодпой дорад. Пас, зарур аст, то бо ҳикмати Монӣ, ки мехост инсоният гӯшае аз боғи биҳиштии Ирамро дар боғчаи назди хонаи худ бунёд намояд, амал созему хонаи биологии хеш ороиш бидиҳем ва барои бақои ҳаёт, гардишу эътидоли об дар табиат саҳмгузор гардем. Таърих гувоҳи чандин ҷангҳои қавмиву миллӣ байни давлатҳову минтақаҳо гардидааст, ки сабаби он тақсими об ва сарчашмаҳои обӣ буда, оқибатҳои маргбору харобиовар дар пайдоштааст.Имрӯз бояд сари ин масъала дақиқан тамоми насли инсоният андеша намояд, зеро фоҷеа дар пеш аст.Олими асосгузори назарияи эволютсияи олами органикӣ Чарлз Дарвин зиёда аз 200 сол муқаддам ҷазираи хушки ба сайёраи Миррих монанди Вознесенскийро барои артиши давлати шоҳии Англия бо усули кучату пайвандкунӣ, инчунин,парвариши навъҳои гуногуни олами наботот тамоман тағйир доду гардиши об дар табиатро ба вуҷуд овард ва муаммои таъминот бо обӣи нӯшокӣ ва захираи обиро ҳал сохта, исбот намуд, ки ҳамаи тағйироти биологию физиологӣ аз об ва гардиши об дар табиат сахт вобастааст. Зеро дарахтону рустаниҳо хусусияти дар баргу поя ва решаи худ захира намудан ва изофаи онро ба атмосфера ва қаъри замин хориҷ намуданро доранд. Масалан, арчаи миёнасол дар зери худ наздик ба як тонна обро захира карда метавонад, пас, зери ҷангалзор чӣқадар об мавҷуд буда метавонад, то тавозуни гардиши обро дар табиат таъмин намояд, саволи матраҳ аст, то ҳифзи ин гӯшаи бақои ҳаётро намоем. Имрӯз инсоният барои тамоми ниёзҳои хеш неруи азим масраф менамояд, ки асосан аз захираҳои зеризаминӣ, рӯйизаминӣ иборат аст, ки аксари онҳо барқароршаванда нестанд. Захираҳои нафтию газӣ, ангишт, моддаҳои радиоактивӣ, ҷангал ва дигар омехтаҳои органикию ғайриорганикӣ ниҳоят ба охир мерасанд, чун барқарорнашавандаанд.Захираҳои обӣ, ки манбаи бузурги энергия мебошанд, агар оқилона муносибат накунем, маҳв мегарданд.Тоҷикистон бо пиряхҳои бузурги Федченко дар масоҳати 1000 км2, Бивачӣ - 37,1 км2, Гармо - 153 км2,Грум-Гржимайло - 160 км2, Дарвоз - 44 км2, Фортамбек - 75 км2, Танимаси шимолӣ- 55км2, дарёҳои бузурги Омӯ бо дарозии 1415 км, Сир - 2212 км, Зарафшон - 877 км, Вахш - 524 км,Ғунд - 877 км, Кофарниҳон - 387 км, Қаратоғ- 387 км, Панҷ -921км, Фондарё - 142 км, Язғулом - 160 км, Бартанг - 528 кмва кӯлҳои бузурги Қарокӯл дар ҳаҷми 380 км2, Сарез - 86,5 км2, Зоркӯл - 38,9 км2, Яшилкӯл - 35,6км2, Искандаркӯл - 3,5км2, Рангкӯл - 10,1км2, обанборҳои Қайроққум дар ҳаҷми 514 км2, Фарҳод - 46,8 км2, Норак - 98,0 км2, чашмаҳои шифобахши Хоҷаобигарм, Обигарм, Ҳавотоғ, Явроз, Анзоб, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Чилучорчашма, Шифо (Зумрад) ва садҳои дигар яке аз давлатҳои қудратманди захираҳои обӣдошта ба шумор меравад. Захираи умумии гардиши энергияи барқи обӣ дар ҳудуди кишвари мо зиёда аз 527 млрд. квт соат асту он дар байни ҳаштгонаи давлатҳои дорои захираҳои барқароршавандаи обии ҷаҳон, назири Россия, Чин, Иёлоти МуттаҳидаиАмрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада қарор дорад. Он аз талаботи наздик ба 200 млн. нафар сокини Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд буда, имконияти таъминоти барқи аз нигоҳи экологӣ тозаи доимиро ба давлатҳои ҷануби Осиё низ дорад.То солҳои 50-уми асри XXI захираҳои нафтию газӣ, ангишт ва дигар манбаъҳои барқарорнашаванда ҳукми баохиррасиро доранд. Имрӯз инсоният рӯ бар энергияи офтобӣ оварда, ки имкони дигари рушдро дар пешорӯдорад, то ниёзҳои хешро бароварда созад.Энергияи офтобӣ, тибқи назарияи ҷадвали ҳафтшкалаи олими Шуравӣ Николай Кордашов ва гипотеза (фарзил)-и кураи Дайсони олими амрикоӣ Филитей Дайсон, бо истифода аз энергия ва коркарди астроитҳо то ба 26триллион квт мерасад, ки ба генетика ва тарзи ҳаёти физилогии одам таъсири худро мерасонад. Пас, пешниҳоди оқилона он аст, ки инсоният барои он ки боз чанд минтақаи дигар, чун биёбони Атакамаи Чили, Саҳрои Кабири Африко, баҳри Аралро доғдор насозаду фоҷеа пеш наорад,ҳифзи обу захираҳои обиро бо фарҳанги баланди илмию амалӣ, экологию гидрологӣ роҳандозӣ намоем. Обро чун мабдаи ҳастӣ, муҳаррик ва ҷонбахши ҳаёт шинохта, аз неруи он босамар ва ба манфиати тамоми одамон, олами набототу ҳайвонотистифода намоем. Зеро, об ҳаёт аст пас, зарурат он аст, ки тамоми инсоният сари андешаи мафҳуми об-ҳаёт тааммул намояд ва ҳамаи он миллиардҳову триллионҳо маблағро, ки барои сохтани яроқҳои қатли ом, киштиҳои кайҳонӣ, моҳвораҳое, ки мавҷудияти ҳаётро дар сайёраҳои дигари галактикаи офтобӣ ва берун аз он ҷустуҷӯдоранд,масраф накарда, барои барқарор кардани экосистемаи сайёраи Замин сарф намоянд. Замин-Модар на танҳо қудрати парвариши 8 ё 80миллиард нафар инсонро дорад, балки метавонад беш аз 800миллиард насли одамиро модарвор хӯронаду пӯшонад. Муаммои дигар нест, танҳо ҳифзи манбаъҳои захираҳои обӣ, пок доштани сарчашмаҳо, рӯду дарёҳо, кӯлу обанбор, баҳру уқёнус вазифаи мосту фарҳанги истифодаи оқилонаи об бо технологияи муосири иттилоотию рақамӣ, кишт, сабзгардонии муҳит ва оростани боғи биҳишт дар макони зист зарур асту дигар ҳеҷ. Аминҷон Зарифӣ, Омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод,узви фаъоли ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.