Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор гардид, яке аз иқдомҳои ҷаҳонист, ки дар доираи барномаи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди уствор“ солҳои 2018 – 2028 амалӣ мешавад. Ин барнома бар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидааст. Дар Конферонси охир аз нақши кишвари мо ба унвони ташаббускори тадбирҳои созанда ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои аслии об дар минтақаҳои гуногун ва пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ сухан рафт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об дар суханрониашон бори дигар оид ба обшавии пиряхҳо, зиёдшавии аҳолии Замин, афзудани масрафи об, пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим таъкид карданд.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш Сарвари кишвари мо обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.
“Моро зарур аст, вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ба ин восита ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунем”,- таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳақиқат, об муҳимтарин унсури ҳастӣ ва сармояи табиӣ мебошад. Об яке аз омилҳои гардонандаи табиат буда, дар нигоҳдории тавозуни (баланси) экологӣ нақши ҳалкунанда дорад. Чанде пеш мо Наврӯзро ҷашн гирифтем ва сари ин ҳам андеша бояд кунем, ки орзуи фаровонии об ва ниёиш ин неъмати нодиру бебаҳо яке аз нишонаҳои ин ҷашн буд.
Пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди таваҷҷуҳ ба мушкилоти об, аз ҷумла зарурати ҳифзи пиряхҳо аз он сабаб бамаврид арзёбӣ мешавад, ки сол то сол афзоиши мизони камбуди оби нӯшокӣ ба яке аз омилҳои маҳдудкунандаи дурнамои рушди минтақаҳо ва умуман ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳанӯз дар соли 2003 аз минбари СММ ин омори ташвишовар садо дода буд, ки: “Ду миллиард инсонҳо ба оби нӯшокӣ ҷиддӣ эҳтиёҷ дошта, тақрибан 2 миллиард нафари дигар ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад.” Тибқи гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар тӯли 50 соли наздиктарин наметавон ба тағйирёбии ҷиддии вазъият умедвор шуд. То миёнаи асри ХХI аллакай 40 фоизи аҳолии Замин ба камбуди об дучор хоҳанд омад, аз ин миён 20 фоиз аз камбуди ин неъмати табиӣ ба таври ҷиддӣ азият хоҳанд кашид. Дар асл чунин дурнамои нохушоянд бе дарназардошти тағйироти глобалии иқлим пешгӯӣ шуда, дар сурати ба эътибор гирифтани таъсири ин хатар эҳтимолан вазъият ба назар боз ҳам мушкил хоҳад гашт. Маҳз барои ҳамин ҳам об мавзуи ҷиддии баҳсу мунозираҳо дар доираи ҳамаи ҳамоишҳои калонтарини сайёра дар 25 соли охир, оғоз аз Конфронси байналмилалӣ оид ба муҳити атроф ва рушд (соли 1992) гардидааст.
Захираҳои об дар кураи Замин бузург бошанд ҳам, лекин имкони истифодабарии онҳо бар асари таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла омилҳои экологӣ хеле маҳдуд аст. Қисмати бештари обҳои зеризаминӣ бо минералҳо омезиш ёфта, дар умқ ҷойгир будааст ва дар баробари ин нисфи оби кӯлҳо низ шӯр шудаанд. Бо ин сабаб миқдори оби нӯшокӣ, ки барои истеъмол дастрас аст, ҳамчунин дар муқоиса бо эҳтиёҷи кунунии ҷомеа хеле маҳдуд аст.
Дар шароити кунунӣ афзоиши шумораи аҳолӣ, вусъати шаҳрнишинии одамон, рушди иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми талабот ба энергия ва озуқаворӣ, фишороварӣ ба захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, захираҳои обро дар сатҳҳои гуногун афзудааст. Бо ҳамин сабаб, соли 2050 мушкилоти бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолии сайёра бо шумораи тахминии 9 миллиард. нафар, афзоиши тақрибан 50 фоизаи истеҳсолоти кишоварзиро тақозо менамояд. Чуноне маълум аст, кишоварзӣ истеъмолкунандаи асосии об буда, ба ҳиссаи он тақрибан 70% ҳаҷми умумии обе, ки аз сарчашмаҳо гирифта мешавад, рост меояд.
Дар ин ҳолат ба эътибор гирифтани тағйирёбии иқлим, ки мушкилоти соҳаи обро мураккаб гардонида, сатҳи осебпазирии одамони камбизоатро баланд мебардорад, низ хеле нақши таъсирбахш дорад. Дар бисёр кшиварҳо набудани ҳолатҳои мақбули вобастагӣ дар низоми банақшагирӣ ва таҳияи сиёсати оқилона дар чор соҳаи ҳаётан муҳим захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити атроф боиси истифодабарии камсамари сарватҳои табиӣ, татбиқи ногузири стратегия - сиёсати номуназзам ва коҳиши пойдорӣ дар низоми экологӣ-иқтисодӣ шудааст. Дар ин робита, ҷустуҷӯи роҳу усулҳои ҳалли оқилонаи мушкилоти мураккаб ва фарогир байни бахшҳои зикршуда, бо дарназардошти тамоюлҳои глобалии афзоиши босуръати аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим зарурияти торафт бештар пайдо менамояд.
Дар назар бояд дошт, ки об унсурест, ки ба ҳолати он нигариста, оқибатҳои тағйирёбии иқлимро бештар аёну равшантар мебинем. Пешгӯӣ мешавад, ки гармои нисбатан баланд ва ҳолатҳои бештар табиии фавқулода дар оянда ба сатҳи дастрасӣ ва тақсимоти боришот, обшавии барфу пиряхҳо, ҷараёни муътадили маҷрои дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ин ҳолатҳо метавонанд раванди торафт бештар пастшавии сифати сарчашма ва захираҳои обро сурати бештар диҳанд. Инчунин, имконоти пешгӯии ҳаҷми захираҳои оби қобили дастрасӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон рӯй ба коҳиш овардааст. Зери об мондан ва дигар ҳолатҳои фавқулодаи вобастаи об торафт бештар хатарзо гардида, бар ҳаёти муътадили инсонҳо ва имконоти дарёфти ғизо ва дигар маҳсулот таҳдид мекунанд, таҷҳизоти инфрасохториро хароб гардонида, сарчашмаҳои обро аксар ба таври бебозгашт аз байн мебаранд.
Дар айни ҳол таъмини дастрасӣ ба об, назорат ва идоракунии за-хираҳои об барои беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва коҳиши осебпазирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Оқибатҳои асосии тағйирёбии ногузири иқлим барои кишоварзӣ ба таври ҷиддӣ ба тағйирот дар гардиши об вобастаанд. Тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, ба одамони камбизоат ва осебпазир таъсири ногувор мерасонад. Афзоиши муҳоҷират аз деҳот ба шаҳр ба таври ҷиддӣ ва аз бисёр ҷиҳат аз мушкилоти норасоии об ва хушксолиҳои дарозмуддат сарчашма мегирад. Бинобар ин, зарурияти ҳалли одилонаи масъала оид ба таъмини ҳуқуқҳои инсон аз дастрасӣ ба об, аз ҷумла, барои муҳоҷирон ва гурезаҳо низ хеле меафзояд.
Дар шароити кунунии тағийрпазирии иқлим ва тағйироти пешгӯишавандаи иқлим, пеш аз ҳама, дар маҳалҳои осебпазир, ба мисли минтақаҳои кӯҳистон ва ноҳияҳои бо иқлими хушк, масоили таъмин ва нигоҳдории амнияти обӣ аз тариқи ҳифзи пиряхҳо аҳамияти махсус пайдо менамоянд.
Дар айни ҳол Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон норасоии ҷиддии обро чандон эҳсос намекунанд. Зеро минтақа дорои ҳаҷми кифояи захираҳои об - 20,525 м3/сол мебошад, ки қариб 2,5 маротиба аз Шарқи Наздик ва бештар аз 8 маротиба аз Африқои Шимолӣ зиёдтар аст. Лекин нобаробарии тақсимоти захираҳои об байни кишварҳои кӯҳӣ ва кишварҳои даштӣ монеаи асосӣ дар раванди ноил гардидан ба нишондодҳои истифодабарии устувори захираҳои об дар минтақа гардидааст. Ба нақшаҳо ва суръати обистифодабарӣ, инчунин тағйироти иқлимӣ, ки барои пиряхҳои Помир ва Тяншон дар даҳсолаҳои оянда оқибатҳои ногувор доранд, низ таъсири ҷиддӣ расонида метавонанд.
Аз лиҳози истифодабарии устувори захираҳои об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мушкилоти наҷотдиҳии пиряхҳо ва экосис-темаҳои нозуки кӯҳӣ, аз ҷумла, ҷангалзорҳои кӯҳӣ хеле муҳим дониста мешавад. Тағйирёбии иқлим, ки ба камшавии 30 фоизи майдони пиряхҳо оварда расонидааст, зарурати нигоҳдорӣ ва беҳдошти пиряхҳои ҷараёнофари Помир ва Тяншонро ба мушкилоти аз ҳама бештар шиддатноки экологии минтақа ва умуман ҷаҳон табдил додааст. Бино ба пешгӯиҳои Хадамоти гидрометеорологии Тоҷикистон, масоҳати яхбаста дар миқёси Помир то соли 2050 ба андозаи 20% кам мегардад. Дар назар бояд дошт, ки раванди обшавии пиряхҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор, ноил гардидан ба амнияти энергетикӣ ва озуқавории минтақавӣ хатарҳои иловагӣ бунёд менамояд. Раванди обшавии шиддатноки пиряхҳо метавонад боиси афзоиши обхезиҳои кӯтоҳмуддат ва пастшавии сатҳи бо об таъмин будани умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад.
Дар робита ба ин, на танҳо минтақаҳои кӯҳӣ, балки ноҳияҳои биёбониву даштии Осиёи Марказӣ ҳам ниёз ба таҳияи нақшаҳои бештар муфиди ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба масоили идоракунии захираҳои об, пеш аз ҳама, мавзеъҳои кӯҳӣ ва истифодаи оқилонаи маҷмаи неруи табиӣ-захиравӣ дошта, бояд ба рушди муътадили иҷтимоиву иқтисодии на танҳо ноҳияҳои кӯҳӣ, балки умуман минтақа ҳамаҷониба ва ҳамгироёна майл намоянд.
Бинобар ин, Сарвари давлат дар ин Конфронс таъкид намуданд, ки қудрати бузурги об қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ даъват намуданд, ки биёед дар атрофи об муттаҳид бошем, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем.
Бо натиҷагирӣ аз кори Конфронс таъкид шуд, ки ин оғози шоҳроҳи амалҳои мушаххаси мо мебошад ва бо неруи нав мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳониён расонем.
Дар кишвари мо ҳалли мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ, инчунин болоравии босуръати соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз бисёр ҷиҳат аз самаранокии идоракунии сарчашмаҳои мавҷудаи захираҳои об вобаста аст. Ҳалли мушкилоти мазкур самараи бузурги экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Такмили шакл, усул ва намудҳои истифодабарии захираҳои об, таъмини дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва санитария, нигоҳдорӣ ва беҳдошти ҳолати экосистемаҳои обӣ дар пояи ташаккулёбӣ ва рушди механизми экологӣ-иқтисодии истифодабарии захираҳои об, оқилона гардонидани нақшаҳои истифодабарии захираҳо ва неруи ҳавзаи дарёҳо ва баҳисобгирии ҳаддалимкон судманди манфиатҳои кишварҳо ва умуман минтақа бо дарназардошти риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии об ба афзоиши самаранокии истифодабарии захираҳои об, таҳкими рақобат барои об, беҳдошти сифати об барои соҳаҳои гуногуни иқтисод ва аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин раванд, ҳар узви ҷомеа, аз ҷумла масъулони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву касбӣ зарурияти сарфакорона истифода бурдани обро дарк намуда, бо шарҳи ин мавзуъ ба донишомӯзон дар татбиқи барномаҳо ҷиҳати истифодаи самараноки ин неъмати пурарзиш, ҳифзи оқилонаи захираҳои об дар манзил, маҳал ва минтақаи зисти худ ба қадри тавон бояд саҳмгузор бошанд.
Маҳмадраҷаб Ёров,
мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии МҶТМ,
Солеҳ Юсуфов,
рӯзноманигор