ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА АҲАМИЯТИ ОН16-11-2023, 16:18
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Сиёсати об яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини аҳолии сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об диққати ҷиддӣ медиҳад. Мушкилоти об дар ҷаҳони муосир мушкилоти ҷиддитарине аст, ки ба ҳаёти беш аз миллиардҳо одамони сайёра таҳдид менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз доир ба масоили ба гидроэнергетика равонагардида зиёда аз 55 маротиба дар сатҳи дохилидавлатӣ, аз ин шумора 15 маротиба дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии вобаста ба об, ки бевосита дар Тоҷикистон доир гардидаанд, зиёда аз 20 маротиба дар сатҳи минтақавӣ ва 40 маротиба дар сатҳи ҷаҳонӣ суханронӣ кардаанд, ки дар ин сатҳ дар дунё ҳеҷ як сиёсатмадору олими дигар фаъолият набурдааст. Дар тӯли ду асри охир инсоният муносибати аз ҳама манфиро нисбат ба об раво дидааст. Рушди демографӣ ва соҳаи саноат, бахусус саноати кимиёвӣ ва ҳарбӣ ба захираҳои об таъсири манфӣ расонида, ба ифлосшавии ҳам захираҳои об ва ҳам табиат мусоидат намуд. Манбаъҳои зиёди оби тозаи нӯшокӣ ва манзараҳои табииро дигар барқарор намудан имкон надорад. Ҳалли мушкилоти обӣ саъйи якҷоя ва дастҷамъонаи умумисайёравиро талаб менамояд. Сиёсати байналмилалии обии Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2010 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” далели равшани фаъолияти амалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд. Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба сокинони давлатҳое, ки бо сабабу омилҳои субъективӣ ва ё объективӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии комил надоранд, ҳисси баланди инсондӯстӣ зоҳир менамоянд. Илова бар ин, дар тамоми вохӯриҳои сарони давлатҳо, махсусан сарони мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлати мо ҳатман ба масоили обу гидроэнергетика ибрози назар ва пешниҳодоти судманд менамоянд. Ҳамзамон, дар сатҳи созмону ташкилоти минтақавию байналмилалӣ, махсусан Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масоили обу гидроэнергетика афзалият медиҳанд. Дар заминаи ин ҳама талошҳо чорабиниҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътироф гардидаанд. Дар сатҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ фарде то имрӯз натавонистааст масоили обу энергетикаро баррасӣ ва ҳал намояд. Яке аз вазифаҳои бунёдии сиёсати обии Тоҷикистон азхудкунии пурраи иқтидори обии мамлакат мебошад, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ва давлатҳои абарқудратро тақозо менамояд. Барои ҳалли мушкили об дар минтақа ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад. Дипломатияи об роҳи муътамад ва инсондӯстона барои ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба об дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳалли муносиби масъала ва муносибатҳои самарабахши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи об ба ҳамоҳангсозии сиёсати кишоварзӣ бо сиёсати гидроэнергетикӣ ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн вобаста аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати минтақавии гидродонор дар ҳалли мушкилоти минтақавии истифодаи об ба ҳамкорӣ бо тамоми мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳавасманд буда, омодааст, ки ҳама гуна масоили пайдошавандаи минтақавиро дар соҳаи об тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал намояд. Иродаи баланди сиёсӣ ва ҳисси олии инсондӯстии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳама гуногунандешиҳои минтақавӣ дар соҳаи истифода ва истеъмоли захираҳои об тавассути музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба ва дар асоси эҳтироми манфиатҳои тарафҳо ҳалли худро ёбанд. Махсусан, ҳалли судманди тарафайни тамоми масоили вобаста ба об бо Ҷумҳурии Узбекистон, аз як тараф, барои рушди дипломатияи минтақавӣ дар соҳаи об заминаи нав гузошт, аз ҷониби дигар, нишон дод, ки об ва дарёҳои фаромарзӣ ҳеҷ гоҳ манбаи пайдоиши низоъ набуданд ва нахоҳанд буд, балки онҳо манбаи табиии ҳамгироӣ ва пайвастагии байни давлатҳо ва халқу миллатҳо мебошанд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ сиёсати об қисми асосӣ ва таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёрро ташкил дод. Дар ин замина, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба обро самти афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат муқаррар намуда, ҳамкорӣ дар соҳаи обро қисми таркибии муносибатҳои гуногунарсаи Тоҷикистон бо субъектҳои дигари муносибатҳои байналмилалӣ муайян намудааст. Дар санад таъкид гардидааст, ки бино ба афзоиши аҳолӣ, тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳитзистӣ, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин самт Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Тоҷикистон, чун давлати дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Бахусус, дар сатҳи минтақавӣ идомаи ҳамкории созанда дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, барои истифодаи сарватҳои табиии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш ҷиҳати рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳуқуқи комил дорад. Ин ҳуқуқи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои накуҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ менамояд ва чун давлати болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунанд. Бо назардошти ин мавқеи усулӣ яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт дар руҳияи ҳамкориву мушорикати баробарнафъи минтақавӣ маҳсуб мешавад. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба таври густурда амалӣ намудани дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ менамояд. Дар доираи ин дипломатия ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об (“Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013”), ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд, амалӣ намудани ибтикороти тоза дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ мешавад. Ҳадаф аз ин ибтикорот таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи мамлакат дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст. Раҳматулло КАРИМОВ, муовини сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.