Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБ САРВАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

ОБ САРВАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

15-02-2019, 08:39
Хабарро хонданд: 598 нафар
Назарҳо: 0
ОБ САРВАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

“Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хосса зоҳир менамоянд”
Антониу Гуттериш,
Дабири кулли СММ

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи муҳити зист, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муносибат бо сарватҳои табиӣ хосса бо неъмати бебаҳои ҳаёт-об муҳимтарин масъалаи рӯзмарра маҳсуб ёфта, доимо масоили мазкур аз минбари созмонҳои бонуфуз аз забони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, зикр намуд, ки “захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”. Бо назардошти зарурияти омода намудани заминаҳои нав ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи нави байналмилалии обро, ки ҳадафи он татбиқи Рушди устувор мебошад, пешниҳод намуда буд, ки он бо Қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид дар моҳи декабри соли 2016 қабул гардид.
Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонишавӣ тибқи андешаи коршиносон бо пеш омадани мушкилотҳои иқтисодию сиёсӣ қисмати бештари аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо умр ба сар мебаранд. Албатта шаҳрҳо бузургтарин ҷойи зисти одамон буда, марказҳои саноатӣ, маъмурӣ ва фарҳангиро дарбар мегиранд. Ҳамин аст, ки проблемаҳои фарогири экологӣ мувоҷеҳи мушкилоти аввалиндараҷа дар ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қадру қимати об ва ташаббусҳои пешниҳодшавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буд: “Бино ба ҳисоби коршиносон, шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2050 ба 9 миллиард мерасад, ки ба зиёдшавии талабот ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад. Дар назар аст, ки дар чунин шароит зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон ба норасоии оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ мешаванд”
Бояд зикр намоем, ки дар доираи даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015 бо ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба «Соли 2013 соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» бо иштироки давлатҳои Созмони Милали Мутаҳид доир гардид. Симпозиуми байналмилалӣ бори дигар исбот намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳод намудани чунин ташаббуси наҷиб ҳамчунон барои дар сатҳи баланд доир намудани нишастҳои байналмилалӣ ба муваффақият ноил гардид.
Гузашта аз ин, бояд қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар давраи солҳои 2005-2015, ки санаи 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд, дар кори он собиқ дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид Пан Ги Мун ва намояндагони 70 мамлакати дунё ширкат ва суханронӣ карданд. Тибқи андешаи коршиносон, тағйирёбии глобалии сайёра аз солҳои 80-90-уми қарни гузашта оғоз ёфта, ин раванд ба фаъолияти инсоният сахт алоқамандӣ дорад. Мутахассисони соҳа муайян намудаанд, ки дар давоми сад соли охир дар сайёра ҳарорат то 0,6 градус баланд хоҳад гардид, ки мушкилотҳои экологӣ дар ин самт ба маротиб печидатар хоҳад гашт.
Дар моҳи июни соли 2017 дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод ва зимни боздид аз кӯли Сарез дидан намуд. Аснои диду мушоҳида аз манзараҳои ҷолиб ва дидании Тоҷикистони биҳиштосо таваҷҷӯҳи ӯ бештар ба захираҳои фаровони оби нӯшокӣ ва имкониятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷалб гардида, иброз намуд, ки “дар зодгоҳи ман-Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағи ҳангуфт сарф мегардад, аммо Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато намудааст. Ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед”. Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид Антониу Гутерриш ин нуқтаро таъкид намуд, ки”Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифода сабақ биомӯзад, ба он пайрав ва пуштибон бошад”.
Тоҷикистон ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби 65 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи танқисии оби тоза дар сайёра канор буда наметавонад.Зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза ҷумҳурии мо низ бо ин мушкилоти ҳалталаби умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ рӯ ба рӯ ҳаст.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва дар доираи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сохтмони обполакҳои зудамали регӣ ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда баҳри безараргардонии оби ошомиданӣ ба кор оғоз намуд.Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ мегардонад. Обполакҳо бо истифодаи навтарин технологияи соҳа сохташуда, аввалин таҷриба миёни давлатҳои Осиёи марказӣ мебошад. Иншоот аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполӣ иборат аст.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе се дарё мегузарад, ки аз инҳо дарёи Душанбе ба дарозиаш 10 км ва дарёҳои Лучоб ва Варзоб бо дарозии 5 км. Дарёҳои номбаршуда обро аз қисмати ҷануби қаторкуҳҳои Ҳисор гирифта дар мавсими боришоти бардавоми фаслҳои баҳору тирамоҳ сероб мегарданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 10 адад канал бо дарозии умумии 34,06 км ва 22 адад селпарто бо дарозии умумии 38,78 км буда, дар мувозинаи МД “Раёсати обёрии”-и шаҳри Душанбе карор доранд. Ғайр аз ин дар тавозуни Раёсати беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Душанбе 8 адад канали обёрии заминҳои кишоварзӣ бо дарозии умумии 31,2 км буда, барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани онҳо ҳар сол корҳои зиёде ба сомон мерасад.
Ҳамасола бо дастур ва қарори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати соҳили дарёву каналҳо аксияи «Тозагии соҳил» дар соҳилҳои дарёҳои Варзоб, Душанбе ва Лучоб, инчунин дар каналҳои ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шуда, соҳил аз партов ва лою гил тоза карда мешавад.
Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таи солҳои охир бо таъсири манфии инсон ба табиат ҳолати санитарӣ-экологии соҳили дарёву каналҳои ҳудуди пойтахт ташвишовар шуда истодааст. Сабаби ин, агар таъсири бевоситаи аҳолии дар назди соҳили дарё истиқоматдошта бошад, омили дигари он сатҳи пасти маърифатнокии экологӣ ва риоя нагаштани Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Бояд қайд намуд, ки баъзе шаҳрвандон бинобар сабаби савияи пасти маърифатнокӣ ва дарк накардани масъулияти шаҳрнишинӣ партовҳои маиши хоҷагиашонро дар назди соҳили дарёҳо ҷойгир намудаанд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, риоя намудани «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» ҳамасола ҳамоишҳои экологиро бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ роҳандозӣ намуда, тавассути чунин аксияҳо таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба масъалаҳои тоза намудани каналу рудхонаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо ҷалб карда мешавад.
Тавре аз суннатҳои аҷдодиамон бармеояд ифлос намудани сарчашмаҳои обӣ ва ба об ҳамроҳ намудани ҳаргуна партовҳо ва ифлосиҳо гуноҳи азим ҳисобида мешавад. Зеро Об ин неъмати бебаҳои табиат буда, ҳеҷ як неъмати мавҷуда наметавонад ҷойгузини об шуда тавонад.
Тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ сифати оби нӯшокӣ ба вазъи тандурустии аҳолӣ сахт алоқаманд буда, дар сурати риоя накардани талаботҳои санитарию экологӣ сар задани касалиҳои сироятӣ аз эҳтимол дур нест. Аз ин сабаб таъкид менамоем, ки дар муносибат бо ин мӯъҷизаи бебаҳои табиат эҳтиёткор бошем ва аз ифлос намудани оби нӯшокӣ худдорӣ намуда, онро сарфакоронаву мақсаднок истифода намоем.
Мо ин ҷо мехоҳем дар бораи Канали калони Ҳисор бароятон маълумот диҳем. Канали мазкур аз саршавии дарёи Душанбе ибтидо гирифта, он тибқи иттилои сарчашмаҳо тирамоҳи соли 1940 бо заҳмати сокинони Тоҷикистон оғоз гашта, баҳори соли 1941 давраи аввали кори сохтмон ба охир расида, заминҳои ташналаби ин водӣ шодоб гардида, ҳамзамон аҳолӣ оби каналро ҳамчун оби нӯшокӣ истеъмол менамоянд. Канали калони Ҳисор 78- сол инҷониб водии Ҳисорро шодоб гардонида, аҳолӣ аз ин неъмати бебаҳо табиат то имрӯз истифода мебаранд. Вале як нуқтаро бояд таъкид намоем, ки Канали калони Ҳисор дар солҳое бунёд карда шуд, ки истифодаи қувваи техникаи ҳозиразамон мавҷуд набуд ва мардуми сарбаланди тоҷикистонӣ баҳри ободониву шукуфоии кишвар паҳлуи ҳам истода, бо белу зоғнул ин каналро бунёд ва ба истифода додаанд. Канали калони Ҳисор натанҳо сарзамини Тоҷикистон балки оби ҷонбахши он ноҳияҳои ҳамсарҳади Ӯзбекистонро шодобу шукуфон мегардонад.
Воқеан, об ҳамчун сарвати бебаҳо асоси сарсабзиву шукуфоии олам мебошад. Дар ҷое, ки об нест, нишоне аз ҳаёт ва ободӣ дида намешавад. Рангорангии табиат, шукуфоии гулҳои тару тоза, мавҷи талу теппаҳо аз шарофати ин неъмати беназир аст. Гузашта аз ин, об неъмати бебаҳои табиат буда, ҳеҷ як сарвати табиӣ наметавонад ҷойгузини об шуда тавонад. Дар такя ба суннатҳои аҷдодӣ ифлос намудани сарчашмаҳои обӣ ва ба об ҳамроҳ намудани ҳаргуна партов ва ифлосиҳо гуноҳи азим ҳисобида мешавад.
Умедворем, ки шаҳрвандони азизи шаҳри мо дар муносибат ба ин мӯъҷизаи бебаҳои табиат сарфакор, дилсӯз, эҳтиёткор буда, онро мақсаднок истифода менамоянд. Зеро об дар баробари манбаи ҳаёт будан дар ҳоли ҳозир захираи гирдроэнергетикии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, манбаи даромад, пешрафт ва муҳимтар аз ҳама сарвати табиии кишвар ба ҳисоб меравад.

Баҳром Ҳалимов,
сардори шуъбаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе
Сайидаҳмади АКРАМПУР,
сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: