
Таърих баёнгари он аст, ки танҳо шахсиятҳои барҷаста бо корнамоиҳои шоёну ибратбахш ва андешаи солиму иқдомоти наҷиб дар ташаккулу таҳаввули ҳаёти ҷомеа нақшу мақоми арзанда доштаанд. Дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърих ҳар қавму миллат амалӣ гардидани охирин умеду армони худро маҳз ба ташаббус ва иқдомоти чунин шахсиятҳо бовар мекунад.
Мардуми тоҷик, ки дар масири пуршебу фарози таърих ҳамеша бо сахтиву сардӣ ва каму костиҳо даст ба гиребон буд, ниҳоят пас аз ҳазор соли бедавлатӣ дубора ба рўяш шўълаи бахту саодат ҷилва зад. Дар харитаи ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон пайдо гардид. Мутаассифона, неъмати бебаҳои истиқлолият ба хоки Тоҷикистон бо мушкилот ва бӯҳронҳои амиқи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ворид гашт.
Дар тӯли чанд соли ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар кишвар, ки ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони моро аз байн бурду иқтисоди бе ин ҳам ночизи давлати моро касод намуд, шӯълаи умеди аксари сокинони кишварро ба фардои пурсаодат хомўш сохт. Мардум дигар ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо назари шубҳа менигаристанд. Аммо таърих ба бахти мардуми азияткашидаи мо боз як имкони дигар ҳадя намуд. Дар ҳадисе омадааст, ки агар Худованд беҳбудии ҳаёт ва хушбахтии қавму миллатеро хоҳад, шоҳи одилеро болои эшон ҳукмрон мегардонад.
Дар воқеъ, Худованд бори дигар ба мардуми сарзамини мо бо назари раҳмати хеш нигарист ва зимоми тақдири фардои миллатро шоҳи одилу хирадманд ва сарсупурдаи давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз моҳи декабри соли 1992 зимни муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Маҳз чунин суханони самимӣ, ки аз ҷониби Роҳбари тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, қалби ҳазорон нафар ҳамватанони моро ба ояндаи неки давлату миллат гарм намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба савганди хеш устувору содиқ монд. Дар лаҳзаҳое, ки касе кафолати амнияти ӯро ба ӯҳда намегирифт, бо ҷасорат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба кишвари ҷангзадаи Афғонистони ба мо ҳамсоя сафар намуд. Зимни ин сафар ба гурезагони тоҷик гуфта буд: «Ба Ватан баргардед! Ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Чунин садоқат ва муҳаббати Сарвари давлат нисбат ба миллат буд, ки дар як муддати кӯтоҳ миллион муҳоҷири тоҷик азми Ватан намудаву халқи тоҷик Роҳбари муаззами худро чун Пешво ва раҳнамои миллат пазируфт. Дар марҳилаҳои баъдӣ низ Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳидсозии миллат, эъмори сохти конститутсионӣ, барқарор намудани иқтисоди харобгардида, эъҷоди фазои баробарҳуқуқӣ, ироаи пешниҳоду таклифҳои шоён аз минбарҳои баланд, аз ҷумла минбари Созмони Миллали Муттаҳид доир ба соҳаи об, ҳифзи муҳити зист, алоқаманд набудани дини мубини Ислом бо терроризму ифротгароӣ ва дигар ташаббусҳои созандаи худ дар самту арсаҳои мухталиф ба дили халқ ҳамчун Пешвои миллат роҳ ёфт.
Ба сифати Пешвои миллат пазируфта шудани Эмомалӣ Раҳмон як амри воқеӣ ва комилан мунсифонаест, ки бар ивази ҷонбозиҳояш дар роҳи ҳаёти саодатмандонаи миллат ба даст омадааст. Халқи тоҷик ба Пешвои хеш ба сифати дармонбахши дарди миллат ва бунёдгузорӣ воқеии сулҳу ваҳдат менигаранд ва ин амал аз сафарҳои Президенти кишвар ба дилхоҳ гўшаву канори мамлакат ба хубӣ ҳувайдост. Имрўз миллати тоҷик ба хубӣ воҷибияти амри шоҳ ва гиромидошти манзалати ўро дарк намудааст, зеро ин ғоя аз мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки тўли ҳазорсолаҳо мардуми мусулмони мо ба он пайравӣ менамоянд, бармеояд. Ҳарчанд мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳанўз аз оғози ба сари ҳокимият омаданаш ба сифати Пешвои хеш шинохта буд, ҳоло бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, ба хотири ҳифзи якпорчагии миллат ва сулҳу салоҳ бо муттаҳидӣ дар атрофии Роҳбари давлат бори дигар лозим донист, то ба амри Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва вакилони мардумӣ дар ин самт иқдом намуданд. Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» иброз дошт: «Лоиҳаи Қонун аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳияву пешниҳод гардид».
Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки бўҳронҳои сиёсиву идеологӣ кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор ва халқҳои муттаҳиду сарҷамъро ба парокандагиву нифоқ мерасонад, якдиливу якпорчагӣ, ҳусни тафоҳум ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои миллат беш аз пеш ногузир аст, зеро халқи тоҷик ба донишу заковат ва таҷрибаву матонати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимод ва эҳтиёҷ дорад.
Мирзоалӣ Маҷидов,
узви раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав