Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон16-11-2023, 15:55
Хабарро хонданд: 476 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар иҷлосияи мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон, ваколати Сардори давлат ба зиммаи он кас гузошта шуд. Бо ин ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон дилгарм кард. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ карданашон ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила ва барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”. Воқеан ҳам, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст, дасти мардонагии худро ба сӯйи мухолифини Ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Барҳақ, тамоми неруву ғайрат ва ҳам ҳастиашонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаи тоҷикро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ раҳо сохтанд, як Меҳани соҳибистиқлолу воҳид бунёд карданд ва худ девору қалъа барои Тоҷикистон гардиданд. Маҳз ба шарофати иҷлосияи мазкур Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро таҳия ва қабул намуд. Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро муайян намудааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ва қабули Қонун “Дар бораи гурезагон”, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Метавон қайд намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст. Дар маҷмуъ, иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро мушаххас карда, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт. Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Мебояд таъкид намуд, ки дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем, ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову шумо мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарваранд. Зафарҷон МУЗАФФАРОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.