Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 номзад аз ҲХДТ муаррифӣ шуд

Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 номзад аз ҲХДТ муаррифӣ шуд

Вчера, 13:25
Хабарро хонданд: 26 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 номзад аз ҲХДТ муаррифӣ шуд8 январ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Шарифҷон Ҳакимзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 пешбарӣ гардид.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамзамон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 мубодилаи афкор доир шуд.

Дар маҷлис иброз гардид, ки тибқи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи интихоботии якмандата аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ тавассути маҷлиси Кумитаи иҷроия ва конференсияҳои онҳо доир шуда, 60 рӯз пеш аз интихобот оғоз гардида, 45 рӯз то интихобот ба охир мерасад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: