Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

17-01-2025, 12:44
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намудНамояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш роҷеъ ба фаъолияти ин созмон ҳисобот дода, авлавият барои соли 2025-ро муаррифӣ кард, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат аз фаъолияти Антониу Гутерриш ҳамчун Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва нақшаҳои он барои соли 2025 истиқбол намуда, ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон маълумот дод.

Бо истифода аз фурсат намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои ҳавасманд барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии об (Ню-Йорк, 21 марти 2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2025) даъват ба амал овард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: