
27 август Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни мулоқот оид ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор доир шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бинобар ба итмом расидани ваколати Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба Деннис Франсис барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла Рӯзи байналмилалии морхӯр, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Раванди оби Душанбе изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно намуд.