Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб баррасӣ шуд

Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб баррасӣ шуд

11-03-2024, 09:34
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб баррасӣ шудДар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо мудири Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC) Дима ал Хатиб баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагиашонро ба ташкили чорабиниҳои муштарак дар чаҳорчӯби платформаҳои байналмилалии обӣ, бахусус 3 Конфронси Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLLDC) изҳор намуданд.

Инчунин зимни вохӯрӣ оид ба баргузории Конфронси 3-юми оби Душанбе, ки 10-13 июни имсол баргузор мегардад, маълумоти муфассал манзур гардида, Дима ал Хатиб барои иштирок дар чорабинии дарпешистода даъват гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: