Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИРО БАЛАНД БОЯД БАРДОШТ

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИРО БАЛАНД БОЯД БАРДОШТ

22-10-2024, 14:08
Хабарро хонданд: 526 нафар
Назарҳо: 0
МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИРО БАЛАНД БОЯД БАРДОШТ
Кишвари офтобрӯяи Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин мегӯянд, зеро ин макони биҳиштосо бо табиати нодиру нотакрораш дар олам назир надорад. Макони чашмаҳои хандон, рудҳои ғазалхон, кӯлҳои бемисл, кӯҳҳои сарбарфалак, талу теппаҳои сабз, гулу гиёҳҳояш дармонбахши ҳазор дарду иллат, ҳавои тозааш осоиши руҳу тан аст. Мо тоҷикистониён хушбахттарин халқи рӯи оламем, ки дар оғӯши чунин табиати нозанин умр ба сар мебарем. Ватани азизи мо биҳишти воқеъиро мемонад, зеро дар як фасли сол дар ин сарзамин ҳам барфро дидан мумкин асту ҳам гулро, ҳам гарморо эҳсос менамоиву ҳам сарморо, ҳам гул мечинему ҳам ҳосил. Чунин табиати зебо, ки бар мо ҳамчун туҳфаи Яздонӣ расидааст, дар як вақт дар таъмини талаботҳои моддиамон низ сарчашмаи асосӣ маҳсуб меёбад. Гузаштагони тамаддунофари мо дар тарбияи экологӣ ва муносибат бо табиатро дар мадди аввал мегузоштанд. Обро пок нигоҳ медоштанд ва буридану нест кардани олами набототу ҳайвонотро маҳкум менамуданд. Ҳатто ба об туф карданро гуноҳ ва буридани дарахти тарро ба сарбурӣ ташбеҳ медоданд. Яъне инсон дар тамоми марҳилаҳои зиндагиаш бо табиат, яъне олами набототу вуҳуш сахт алоқаманд аст. Инсон бидуни табиат зиста наметавонад. Агар чунин бошад, пас моро зарур аст, ки бо табиат муносибати хешро куллан тағйир диҳем. Тарбияи экологиро дар байни аҳолӣ боло бардорем, оё мо имрӯзҳо бо табиат муносибати дуруст дорем? Ба одитарин масъалаҳои экологӣ риоя мекунам? Муносибат бо табиат ва масоили муҳити зист ва надонистани қонунҳои экологӣ натанҳо дар кишвари мо балки дар саросари олам характери глобалиро касб намудааст. Мутаассифона, дар қарни нав дар баробари рушди бемайлони илму техника, натанҳо дар мамлакати мо, балки дар олам муносибати нодуруст бо табиат ба назар расида, бӯҳрони экологӣ тамоми сайёраро таҳдид менамояд. Ҷумҳурии мо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш ба масоили ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла оби тоза таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Зеро оби тоза омили муҳимми зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёт мебошад ва барои инсоният ва арзи ҳастии он аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар ин самт ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ назир надоранд. Ҳанӯз пешниҳоди Сарвари давлат дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ санаи 1-уми октябри соли 1999 эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза” садо дода буд. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Минбаъд аз 29-уми август то 1-уми сентябри ҳамон сол дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза барпо карда шуд. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом пайваста идома ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо кардааст, ки чунин иқдомҳо боиси ифтихори мо мебошад. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат дар ин самт пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар дили кишвар даҳҳо гулгашт ва боғҳои бемисл бунёд намудаанд ва дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ва дар як вақт ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин баён намуданд: “Ман ба мардуми азизи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит намоем”. Моро ҳамчун шаҳрвандони кишвари ташаббускор дар самти пешгирии таъғйиёбии иқлим ва масоили оби тоза дар ҷаҳон зарур аст, ки аз ҳарвақта беш талош варзем, зеро он ба яке аз масъалаҳои доғ дар рӯзгори оламиён муамоҳои нав эҷод намудааст. Пас моро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани фарҳангу маърифати экологӣ дар байни ҷомеа аз ҳарвақта бештар пайваста бикӯшем. Чунки мушкилоти экологӣ ва муносибати нодуруст бо табиат, хосатан бо обу замин ва муҳити атроф аз ҳар яки мо фарҳанги воло ва амалкарди бохирадонаву маърифати баланди экологиро талаб менамояд. Аз ин рӯ мушкилоти экологӣ дар радифи дигар мушкилоту муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мақоми аввалро соҳиб кардааст ва ба он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи олам таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Мусаллам аст, ки масъалаи экологӣ аз ҳар сокини мамлакат, аз ҳар оила ва ҷомеаҳои меҳнатӣ фарҳанги баландро тақозо дорад. Аз ин рӯ ҳамагон муваззафем табиатро ҳифз ва боигариҳои он –боигарии давлат буданашро эҳсос намоем. Дар ин самт ба одитарин қоидаҳо риоя намуда, дар риояи чунин амалҳо худро вазифадор шуморем. Ба тозагии хона, ҳавлӣ ва маҳалли зист ва сабзу хуррамгардонии он пайваста аҳамият диҳем. Обро тоза нигоҳ дорем ва самаранок истифода барем. Ба тозагии ҷойҳои ҷамъиятӣ худро уҳдадор ҳисобем. Гирду атрофи биноҳо ва иншоотҳои маҳалли зист ва ҷойи корамонро тоза нигоҳ дорем ва дар тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳои обёриву обгузар ҳар ҳафта дастаҷамъона заҳмат кашем. Партофтани партовҳоро ба ҷойи муайяншуда ва дар соатҳои муайяншуда риоя намоем. Ба кӯчаҳо, гулзору чаманзор, ҷӯйбору дарёҳо, каналу селравҳо аз партофтани пасмондаи хӯрока ва селофанҳо худдорӣ кунед. Имрӯзҳо, ки тирамоҳ дар мекӯбад, дар сӯхтани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳо, майдону гулгаштҳо худдорӣ намуда, онҳоро ба ҷойҳои муайяншуда дастрас намоем. Мавзеъҳои сабз ва кабудизорҳоро новобаста аз мансубияти идоравиашон тоза нигоҳ доштан зарур аст. Фарзандонамонро чунон тарбия намоем, ки ба олами табиат дилсӯз ба воя расанд ва ҳангоми сайругашт аз кандани гулҳо, шикастани шохи дарахтон ва аз навиштану ишораҳо бар тани дарахтон бо асбобҳои тез худдорӣ намуда ба олами наботот ҳамчун ҷисми зинда муносибат карданро омӯзем. Баъзан ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз ашхоси бефарҳанг гулзорҳо ё мавзеъҳои сабзро поймол менамоянд ва қисмати дигари онҳо мошинҳои худро ба рӯи мавзеҳои сабз мегузоранд. Ҳарчанд, бо қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи “Соли маърифати экологӣ” эълон намудани соли 2024” ба тавсиб расида бошад ҳам ҳанӯз дар тарбияи маърифати экологӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур буда, дар ҳамаи зинаи таҳсилот омӯзонидани маърифати экологӣ талаботи замон мебошад. Ҳар яки мову шумо шаҳрвандони азизро қарзи инсонӣ он аст, ки кулли мавҷудоти табиати нотакрори кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Гулнора Саидаҳмедова, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: