ОБ - САРВАТИ АРЗИШМАНДИ ТАБИАТ1-06-2024, 09:05
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Беҳтарин ганҷ барои инсон об аст, оби тоза, оби ширин, ки мо, тоҷикону тоҷикистониён аз он зиёдтар аз дигарон баҳраманд ҳастем. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар як гӯшаи биҳиштосои дунё, ки бо номи Тоҷикистон дар тамоми дунё машҳур аст, ҳаёт ба сар мебарем. Ин гӯшаи сайёра макони обҳои шифобахш мебошад, ки қалбҳо аз нӯшидани обҳои софу беғубораш тамоми вуҷуди инсон руҳу ҷон мегирад. Имрӯз Тоҷикистонро бо ташаббусҳо ва иқдомҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим дар саросари дунё хуб мешиносанду пуштибонӣ мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид соли 2023-ро “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", соли 2013-ро ҳамчун "Соли байналмилалии ҳамкорӣдар соҳаи об", солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард, ки маҳз ташаббускори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Пешвои миллат баён доштаанд: "Заминро чун гавҳараки чашм бояд муҳофизат намуд. Мо танҳо як замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем". Дар ҷойи дигар мегӯянд: "Табиати Тоҷикистон неъмати Худододу биҳишти рӯйи Замин мебошад, ки мо бояд шукри ҳар пора замину ҳар қатра оби софаш кунем ва месазад, ки доимо нигаҳбонаш бошем". Дақиқан Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст. Офаридгор ба мо табиати зебо, ҳайвоноти нодир, обҳои равону марғзорҳои дилпазир ва маъданҳои афсуну сангҳои чун лаъли Бадахшон камназирро ройгон ҳадя кардааст. Кӯҳистони мо сарватест бебаҳо. Ношукрӣ ва носипосӣ нисбат ба табиати афсонавии сарзамин ва сарватҳои он ва исрофи нодурусти сарчашмаҳои обии он амалест ғайринсонӣ. Иддае ба ҷойи ҳифзи муҳити зист аз пайи нобуд кардани он ҳастанд. Дар табиат ҳар қадар, ки дарахту бутта кам шавад, ҳамон қадар барои саломатии инсон ва иқтисодиёти мамлакат зиёновар мегардад. Мусаллам аст, ки на ҳамаи инсонҳо чунин муносибатро нисбат ба табиат раво мебинанд. Нафарони зиёде аз пайи он ҳастанд, ки табиати биҳиштосои кишварамонро ҳифзу захираҳояшро афзун гардонда, ба олами набототу ҳайвонот умри дубора бахшанд. Табиатро бо ҷумлаи набототу ҳайвонот ва рӯду чашмасоронаш дӯст доштан кам аст. Онро чун як сарчашмаи асосии ҳаёт муҳофизат ва нигоҳубин кардан аз вазифаи аввалиндараҷаи мост. Ба ҳамин хотир, бояд маҷроҳои рӯду дарёҳоро тоза нигоҳ дорем, дарахт сабз намоем ва нагузорем, ки нафаре муҳити зист ва табиати кишвари ҳамешабаҳори моро вайрон созад ! Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки чун имконияте даст дод, ҳатман боғ бунёд кунед, зеро он табиати моро зеботару хуррамтар мегардонад, Аъло АЛИНАЗАРОВА,
мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.