Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МО БОЯД ҲИФЗИ ТАБИАТРО БЕШТАР ТАБЛИҒУ ТАШВИҚ НАМОЕМ

МО БОЯД ҲИФЗИ ТАБИАТРО БЕШТАР ТАБЛИҒУ ТАШВИҚ НАМОЕМ

8-02-2022, 08:00
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
 МО БОЯД ҲИФЗИ ТАБИАТРО БЕШТАР ТАБЛИҒУ ТАШВИҚ НАМОЕМ
АНДЕША. Табиат моро фаро гирифтаасту тамоми неъматҳояшро бароямон арзонӣ доштааст. Мо дар оғӯши табиат қарор дорему аз тамоми сарватҳои он истифода мебарем. Боду ҳавояш, дарахтонаш ба мо чи қадар хуш меояд. Агар дар фасли баҳор бо кӯҳдоманҳо нигарем манзараеро мебинем, ки табиат ончунон сохтааст, ки ба мо ҳаловат мебахшад. Бо чунони сарватҳои гаронарзиши табиат мо мавқеи худро на ҳамаи инсонҳо муайян мекунем. Дар бештари маврид нафаронеро мебинем, ки аз худ бештар ифлосиҳо гузошта, атрофро зарар мерасонанд. Вақте, ки ҳамроҳи волонтёрон ба тоза кардани канори шоҳроҳ машғул шудем, ҳамаҷо пур аз маводҳои “полиэтиленӣ” ва “пласмас” мебошад. Албатта ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо то ҳол оид ба ҳифзи табиат маърифат ва одоби заруриро аз худ накардаем.

Бубинед дар вақти шамол ва дигар ҳодисаҳои табиат тамоми маводҳои партовшуда бо ҳам ҷамъм шуда боз ба худи мо инсонҳо зарар медиҳад. Агар ҳар як нафари мо дигаронро бо муносибати самимь гӯем, ки дар фикри табиат будан ҳам лозим. Фикр мекунам, ки сухани гуфтаи мо ба ҳазорҳо нафар таъсир мебахшаду натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Дар давлатҳои Аврупо ва дигар шаҳрҳои тараққиёфта бештари шаҳрвандон муносибати худро ба табиат муайян намуда, кӯшиш мекунанд, ки саҳми худро дар тоза нигоҳ доштани он гузоранд. Ҳатто аз ҳисоби даромадҳои худ маблағҳо ҷудо карда, ба ташкилоту созмонҳои махсус медиҳанд, ки онҳо табиатро тозаю озода нигоҳ доранд.

Масъалаи муҳими дигар дар он аст, ки мо имрӯз ҳама корбари шабакаҳои интернетӣ ҳастему медонем, ки чи гуна маводҳо дар он гузошта мешавад. Бештари “блогерон” бо дархости аъзоёнашон маводҳо месозанду мегузоранд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки аз “блогерон”-у дигар ҳунармандоне, ки бо интернет сару кор доранд хоҳиш намоем, ки бештар маводҳоеро гузоранд, ки дар он таблиғу ташвиқи ҳифзи табиат бошад. Агар ин амал аз ҷониби мо карда шавад, пас мебинем, ки дар фурсатҳои кӯтоҳ чи гуна натиҷа хоҳад дод.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: