Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд

Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд

14-10-2024, 12:59
Хабарро хонданд: 488 нафар
Назарҳо: 0
Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шудандЯке аз замимаҳои маъруфтарини Тоҷикистон боз ҳам муфидтар шуд: акнун ҳангоми анҷом додани амалиёти молиявӣ тавассути «МегаФон Life» комиссия камтар гирифта мешавад. Дар якчанд ҳолати муайян фоиз умуман гирифта намешавад.

Истифодабарандагони замима имкон доранд, ки бе комиссия маблағи алоқаи мобилии ҳамаи операторҳо, NGN, телефонҳои шаҳрӣ ва хизматрасониҳои интернет-провайдеронро пардохт намоянд. Қаблан барои ин гуна пардохтҳо аз тавозуни «Ҳамён» ё кортҳои бонкии дар замимаи «МегаФон Life» бақайдгирифта комиссия дар ҳаҷми 1,5 фоиз муқаррар шуда буд.

Комиссия инчунин барои пардохти ҳисобҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии давлатӣ, андозҳо, телевизион, харидҳо дар мағозаҳои интернетӣ, хизматрасонии идораҳои букмекерӣ ва гузаронидани маблағҳо барои хайрия гирифта намешавад.

Комиссия барои пуркунии тавозуни рақамҳои операторони хориҷии мобилӣ кам шудааст. Агар қаблан барои ин хизматрасонӣ пардохти 1,5 фоиз зарур меомад, акнун он 1 фоизро ташкил медиҳад.

Шартҳо барои интиқоли фаромарзӣ ба Федератсияи Русия, аз ҷумла дар доираи хизматрасонии Visa Direct бетағйир боқӣ монданд – комиссия 1 фоизро ташкил медиҳад.

Яке аз вазифаҳои дигари мувофиқ, ки ба истифодабарандагони «МегаФон Life» дастрас мебошад, имконияти гузаронидани маблағи тавозуни SIM-корт ба тавозуни «Ҳамён» ба шумор меравад. Комиссия 1 фоизро аз ҳисоби маблағи интиқол ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, метавон маблағро аз тавозуни «Ҳамён» ё корти дар замима бақайдгирифта ба кортҳои дигари бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ интиқол дод. Комиссия – ҳамчунин 1 фоиз.

«МегаФон Life»-ро боргирӣ намуда, маблағҳои худро дар дилхоҳ ҷое, ки интернет мавҷуд аст, идора намоед!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: