Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем

Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем

27-05-2024, 12:03
Хабарро хонданд: 819 нафар
Назарҳо: 1
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем Гоҳ-гоҳ қатъ гардидани неруи барқ ба фаъолияти таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ таъсири муайян мерасонад. Барои ҳамин ширкати “МегаФон Тоҷикистон” манбаъҳои алтернативии неруро ба кор мебарад. Дар ин ҷода “Интернет барои хона” воситаи нисбатан боэътимод аст. Пас дастрасии ноқилӣ аз мобилӣ ҷӣ фарқ дорад – дар ҳоле, ки ҳарду аз ҷониби як оператор пешниҳод карда мешаванд?

“Дар асл гирем, барои интернети мобилӣ ва собит таҷҳизоти гуногун ҷавобгар аст, — шарҳ медиҳад директори департаменти инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев. Ва агар бинобар қатъшавии неруи барқ дар минтақа эҳтимоли тағйирёбии сифати алоқаи мобилӣ ва интернет ҷой дошта бошад, пас дастрасии ноқилӣ устувор боқӣ мемонад. Масалан, то он даме, ки неруи ноутбук ё планшет кифоя аст, метавон филмҳоро онлайн тамошо намуд.

Ду интернети “гуногун” аз ҷиҳати техникӣ чӣ фарқ доранд? Интернети мобилӣ – ин ҷараёни маълумоти аз пойгоҳи наздиктарини базавӣ интиқолёбанда мебошад. Ба қавли дигар, трафик дар шакли радиосигнал интиқол меёбад ва бинобар ин, аз омилҳои берунӣ нисбатан зиёд вобаста аст.

Интернети хонагӣ – пайвастагии ноқилӣ аст. МегаФон Тоҷикистон “Интернет барои хона”-ро дар Душанбе аз рӯи технологияи GPON (“шабакаи оптикии гигабитаи пассив) пешниҳод менамояд – дар ин ҳолат кабели нахӣ-нурӣ бевосита то худи манзили истиқоматии муштарӣ гузаронида мешавад. Тавассути он трафик бемонеа интиқол меёбад, ҳангоми қатъшавии неруи барқ сифати хизматрасонӣ дар ҳамон сатҳе боқӣ мемонад, ки ҳангоми фаъол будани барқ буд.

Ин бо ду роҳ таъмин карда мешавад. Аввалан, мутахассисони алоқа аккумуляторҳоро истифода мебаранд – таҷҳизот метавонад новобаста аз он ки хатҳои берунии неруи барқ фаъоланд ё на, то панҷ соат корашро идома диҳад. Дуюм, дар ҳолати “Интернет барои хона” эҳтимол аст манбаъҳои неру на дар он минтақае ҷойгир бошанд, ки интиқоли неруи барқ ба он қатъ шудааст. Кабели нахӣ-нурӣ қодир аст, ки трафикро ба даҳҳо километр масофа бе тағйирдиҳии сифати хизматрасонӣ интиқол диҳад. Масалан: дар маҳаллае, аз ҷумла ҷойҳое, ки дар онҳо пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ насб гардидаанд, бо тартиби навбат неру қатъ карда мешавад. Лекин истифодабарандагони “Интернет барои хона”, ки дар хонаҳои онҳо неруи барқ ҳаст, ба таври онлайн филм тамошо мекунанд ё сайри шабака менамоянд.

“Ба ғайр аз чунин афзалият, ба монанди идомаи кори устувор ҳангоми қатъи неруи барқ дастрасии собит инчунин афзалияти дигар низ дорад. Масалан, имконияти истифодаи интернет бо тамоми оила дар якчанд дастгоҳ. Ва агар интернети мобилӣ аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла аз теъдоди истифодабарандагони ҳамзамон дар шабака қарордошта вобаста бошад, суръати интернети ноқилӣ доим чуноне боқӣ мемонад, ки дар шартҳои тарофа оварда шудааст”, — илова менамояд Алиҷон Ғаниев.

Маълумоти муфассалро доир ба хизматрасонии “Интернет барои хона” метавонед дар сомонаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ё бо телефони 4747 пайдо намоед.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Rosalyn 21 июля 2024 04:40
So let's delve into the GSA online search engine ranker software application rapidly.


Also visit my web-site :: GSA SER campaign strategy
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: