Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД

ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД

24-09-2024, 08:30
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
   ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД
Бахшида ба 30-солагии ҲХДТ


Садои дӯст



Азбаски дар ноҳияи Деҳнави Узбекистон ба дунё омадаам, то соли 1991 моҳе як-ду маротиба ба Душанбе меомадам. Оғӯши Душанбеи зебову озода ҳамеша барои мо боз буд. Ҳамаи либосворию таомҳои суннатие, ки барои тӯю маъракаҳо ба мо лозим мешуд, аз Тоҷикистон меовардем.
Аз сабаби он ки дар Донишгоҳи Ленинград таҳсил мекардам, аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия мерафтам ва ҳамин тавр ба хона бармегаштам.
Пас аз ба давлатҳои соҳибистиқлол табдил шудани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сабабҳои маълум муносибати миллатҳои тоҷику узбек, ки як халқи дузабона буду ба ҳам риштаи хешу таборӣ доштанд, то андозае сард шуд.
Соли 2017 ба шарофати ҳамкории хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои дуҷониба байни ин ду халқи бародар баъд аз фосилаи 25 сол барқарор гардида, хатсайри мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Тошканд ба роҳ монда шуд ва орзуи дидори тоҷику узбек сабаб гардид, ки ҳамдигарро боз ба оғӯш кашанд, муносибатҳои дӯстию дипломатиро барқарор намоянд. Чаро дар ин маврид, гоҳе меандешам?
Чанде пеш дар шаҳри Турсунзода дар шаби эҷодии дӯсти шоирам иштирок доштам. Агар охирин сафари худро ба Душанбе, ки ба солҳои 80-ум рост меояд, ба хотир биёрам, роҳҳое, ки Деҳнав (Узбекистон)-ро бо шаҳри Турсунзода мепайваст, ба куллӣ тағйир ёфтаанд, бино ва хонаҳои баландошёнаи сохташуда бинандаро дар ҳайрат мегузорад.
Дар сафари дурӯзаам ба Душанбе мушоҳида кардам, ки хиёбонҳои марказӣ ба куллӣ тағйир ёфта, ба ҷойи хонаҳои 2-4-5 ошёнаи қаблӣ биноҳои истиқоматии 9-15 ошёна сохта мешаванд.
Воқеан, ба бунёди бинои Китобхонаи миллӣ, ки ганҷи маънавиёти миллат аст, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шудааст.
Тавре маълум гардид, ин китобхона шахсан таҳти роҳнамоии меъмории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 9 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 45 ҳазор м2, баландиаш 52 метр мебошад. Дар паҳлуи марказии бино чеҳраи 22 шахсияти намоёни таърихӣ, ки дар рушди илму адаби миллати тоҷик нақши муҳим гузоштаанд, тасвир ёфтааст.
Дар китобхона 25 толори бузурги хониш, 3 толори намоишии навиштаҷоти қадимӣ, 9 толори калони маҷлисии дорои 1100 ҷойи нишаст, инчунин, нусхаҳои ноёбтарин китобҳои дунё ҷо гирифтаанд.
Китобхона бо муосиртарин технологияҳои иттилоотию иртиботӣ муҷаҳҳаз буда, фарзандони миллат тӯли 24 соат дар як шабонарӯз метавонанд аз китобхона ва интернети ройгон истифода баранд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ чанд теъдод корхонаҳои саноатӣ боқӣ монда буд, ки онҳо низ аз ҷиҳати талаботи имрӯза аҳолиро қонеъ намегардонд.
Бо ташаббус ва амалишавии барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мамлакат ислоҳоти куллии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бунёди комплексҳои нави корхонаҳои истеҳсолии муосир бо ҷойҳои нави корӣ оғоз гардид ва ҳоло бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки дар солҳои охир шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода ба марказҳои саноатии аз ҳар ҷиҳат тараққикарда табдил ёфтаанд.
Ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки ин табиист, дар навбати худ боиси мунтазам тараққӣ кардани соҳаҳои саноати Тоҷикистон гардида, некӯаҳволии миллат боло рафт. Инро дар раванди тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат низ дидан мумкин аст. Ин дар навбати худ нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии мамлакат дар ҳақиқат ҳам меафзояд.
Барои дилгир накардани хонандаи ин матлаб, натиҷаҳои иқтисодии се соли охирро таҳлил мекунем: агар дар соли 2020 ҳаҷми тавлидоти нохолиси Тоҷикистон (тибқи маълумоти Агентии омор) ба маблағи 7,3 миллиард доллар мувофиқ бошад, ин дар муқоиса бо ҳамин рақамҳои соли 2019-ум 4,5% афзудани миқёси истеҳсолотро тасдиқ мекунад.
Ба мамлакат ворид намудани технологияҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва дар бозори иқтисод ракобатпазир гардидани он сабаб шуд.
Муваффақияти бадастомада дар натиҷаҳои макроиқтисодии соли 2021 намоён аст.
Бояд зикр намуд, ки дар муқоиса бо соли 2020 истеҳсолоти умумии кишвар 9,2% афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,5% рушд карда, натиҷаи ниҳоӣ ба 8,7 млрд. доллари ИМА баробар шудааст.
Дар соли 2024 бошад, интизор меравад, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ боз ҳам баландтар гардад. Зеро Пешвои миллат, ки барои таъмини ободии кишвар пайваста саъй мекунад ва стратегияи пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, дар роҳи рушди кишвар бунёд ёфтааст.
Кӯшишҳое, ки дар заминаи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд амалӣ карда шудааст, собит месозад, ки аҳолӣ ба роҳбарияти давлат эътимод дорад.
Пешвои миллат ба масоили мубрами замони муосир, яъне ба масъалаи тарбияи солими насли наврас дар руҳияи арҷгузорӣ ба ниёгону ғояҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, ки ин дар навбати худ дар партави сиёсати давлатии ҷавонон дар тамоми мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Вақте сухан дар бораи натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоӣ меравад, порае аз мақоли узбекон ба хотир мерасад: “Ҳисобро гург хӯрдааст?” Яъне маблағе, ки барои ободии халқу миллат ва таълиму тарбия сарф шудааст, баъд аз кашф гардидани мутахассисони солиму комил баръало намоён мегардад.
Бояд зикр намуд, ки Стратегияи давлатии ҷавонон масъалаҳои ҷавонони аз 14 то 30-соларо аз гирифтани маълумоти умумӣ то гирифтани маълумоти олӣ ва фаъолият бурдан аз рӯи ихтисос то гирифтани маоши муносиб, ба таври қонунӣ танзим мекунад. Агар тақрибан бишморем, ки ҳудуди 31 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, ин стратегияи амал як санади саривақтӣ ва ояндадор буда, ба ҳар як ҷавон барои пайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеа имконияти муфидро пешниҳод месозад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош мекунад. Аз ин ҷост, ки ин ҳизб тӯли 30 сол аст, ки дар сиёсати давлат мавқеи устувор дорад. Мавриди таъкид аст, ки ин ҳизби сиёсӣ имсол 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад.
Маҳз дар ин рӯзҳое, ки барномаи дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин чорабинии таърихӣ таҳия мегардад, бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати дурандешонаю одилона ва қарорҳои хирадмандона танҳо барои рушди ҷомеа хидмат мерасонад.
Дар фарҷом муҳаббатномаи худро бо сатрҳои шеърии зерин баён мекунам:

Мевазад шаббода аз кӯҳи Ҳисор,
Мекунад шабнам лаби ҳар ғунча тар.
Бо садои карнаю сурнай, аҷаб
Ҷашн дорад Тоҷикистон ин саҳар.
Бод ҳар як рӯзамон ҷашну сурур,
Узбеку тоҷик аҳли якдиланд.
Аврупою Африқову Амрико,
Осиё ҳам мезанад қарсак баланд.
Ҷӯш дорад дар қадаҳ эҳсоси дил,
Ин манам, ҳамсояат, узбеки ҷон.
То абад бодо парафшон бо виқор
Парчами тоҷик ба сӯйи осмон.
Фурсати бисёр не ин сол сӣ,
Андар ин муддат шукуфон шуд Ватан.
Мулки Хатлону Бадахшону Ҳисор,
Бо Душанбе шуд чу як боғу чаман.
Дастҳо бар қуллаи фатҳу зафар,
Кӯҳҳоро карда обод ин замон.
Халқро бар сӯйи некӣ мебарад
Нури Раҳмон Пешвои тоҷикон.
Мақсади узбеку тоҷик воҳид аст,
Зиндагии шоду зебо, бофараҳ.
Лек бархе каждуми тарсуи шар,
Худ ба табъиду вале қасдаш сияҳ.
Пешвои миллати эъҷозкор
Менамояд чораи тӯфони сард.
З-ин ташаббус давлати ҳамсоя низ
Зиндагӣ дорад бидуни ранҷу дард.
Соли сӣ бодо муборак, дӯстон,
Бод фархунда шукӯҳу фатҳу шон!
Шуҳратат чун қуллаи Помир бод,
Тоҷикистон, тахти миллат, шавқи ҷон!

Абдулло Вахш,
Президенти Академияи байналмилалии адабиёт, санъат, фарҳанг ва илмҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Узбекистон, шоир


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: