Истаравшан.
Ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии “Шарафи рӯз”.
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Дар ин шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.
Корхонаи муосири саноатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026 бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.
Самти асосии фаъолияти корхонаи нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот равона гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Тибќи наќша дар оянда шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатӣ ба 200 нафар расонда мешавад.
Корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад. Роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ нахустин дар миқёси ҷумҳурӣ буда, он дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон карда мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз коргоҳҳои корхона ва суҳбат бо кормандону мутахассисон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот замина гузошта, оянда бо ин роҳ метавон иқтидори содиротии Тоҷикистонро боз ҳам боло бардошт.
Дастгоҳҳо ва хатҳои истеҳсолии ҳамаи коргоҳҳои корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Русия ва Чин ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ идора карда мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхона 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қуттї кафки сохтмонӣ дар як моҳ буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар марҳилаи аввал асосан барои таъмини бозори дохилӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти корхона дар асоси дастуру маслиҳатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, ки оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти босифати ватаниро зери тамғаи “ТаҷФикс” ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз давлатҳои хориҷ ва қисман аз корхонаҳои ватанӣ дастрас карда шуда, қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи назди корхона, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад, мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор мегирад.
Дар корхона барои кормандон тамоми шароит муҳайё буда, коргоҳ дорои маҷлисгоҳ ва ошхонаи барҳаво мебошад. Ҳамчунин, дар назди корхона се гармхона мавҷуд буда, дар онҳо парвариши сабзавот, аз ҷумла бодиринг бо усули муосир ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри он дидан намуданд.
Ифтитоҳи корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии «Нури Истаравшан» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Биноҳои истеҳсолии корхонаи “Нури Истаравшан” дар масоҳати зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар коргоҳи нассоҷии корхона 60 дастоҳу таҷҳизоти ҷӯроббофӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва наслу насб гардида, дар он 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, ба иттилои масъулон, оянда бо васеъсозии фаъолият ин нишондод боз ҳам боло хоҳад рафт.
Ашёи хом, аз ҷумла ресмон барои омода намудани ҷӯроб аз дохили кишвар ва қисман аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода карда мешавад. Ҷӯробҳои истеҳсолии корхона баробари таъмини бозори дохилӣ ба кишварҳои хориҷ низ содирот мегардад.
Талаботи солона ба ҷӯроб дар ҷумҳурӣ 70 миллион ҷуфт мебошад ва иқтидори амалкунандаи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ 73 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як солро дар бар мегирад.
Дар коргоҳ дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шуда, навтарин технология аз кишварҳои тараққикардаи дунё бо харҷи 25 ҳазор доллари америкоӣ ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб карда шудаанд. Дӯхти либоси мактабӣ ва дигар сару либос дар асоси фармоиши мизоҷон дар ин коргоҳ бо истифода аз 55 таҷҳизот ба роҳ монда шудааст.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аксаран хонашин буданд, ба кор ҷалб гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 60 ҳазор ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ дар як сол мебошад.
Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Нури Истаравшан” 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ифтитоҳи шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллї
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи шаҳри Истаравшани Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.
Корҳои бунёдӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, дар муддати муайян бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст ва ҳангоми сохтмони он 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.
Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат аст.
Ҳамчунин барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё шудааст, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани шароити хизматчиёни ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.
Инчунин, бинои наву замонавӣ дорои маҷлисгоҳ барои 90 нафар, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш буда, барои кормандон пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.
Бино бо системаи гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда таъмин мебошад, ки ба воситаи он дар фасли сармо ҳамаи ҳуҷраҳо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Саҳни бино пурра ҷароғон ва роҳравҳои гирду атрофи он пурра сафолак ва асфалтпӯш карда шудааст.
Дар ҳудуди бинои шуъба барои фарзандони хизматчиён дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ майдончаи бозии кӯдаконаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онҳоро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Истаравшан ба истифода доданд.
Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 9 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона бо 5 ҷойи нишаст ва 500 адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои фаъолияти соҳавӣ ҷойгир карда шуда, 5 ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис бо 30 ҷой, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудааст.
Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ, дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2 ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст, ки ин амал боиси руҳбаландии кормандон гардид.
Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин, ошхона барои 25 нафар, анбори нигоҳдории маҳсулот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.
Бинои шуъбаи минтақавии мабориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бинои навсохт ҳамзамон дорои маркази гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд 11 нафар корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз шароити лозима бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият намоянд.
Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар аъзо дорад, ки аз ин 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳад.
Дар баробари бунёди ҳуҷраҳои муосир ва дастрас намудани лавозимоти зарурӣ ҳамзамон атрофи бинои навбунёд бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва чарроғоннамоӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридан ва шиносоӣ аз имконияти бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба аъзо ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ва иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.
Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз таҳхона ва 13 ошёна иборат буда, дар доираи ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эшонов Аскар бо харҷи 8 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ва сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, аз ошёнаи 4 то 13-ум 36 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор ҷойгир буда, иншоот дар майдони 0,9 гектар замин сохта шудааст.
Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” бо тарҳу намои зебо ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридани Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” иқдоми наҷибона ва талошҳои соҳибкоронро баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат арзёбӣ карда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва ободу зебо гардонидани як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳои баланд доданд.
Пас аз ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 110 нафар ятим, ки 89 нафараш аз хонандагони мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ва 21 нафари дигараш хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, мулоқот карданд.
Дар ин рӯз ятимони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, ба онҳо сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Дар идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифтани ятимон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сохтмони бинои иловагии мактаб-интернатро барои 120 нафар хонанда оғоз намуд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои хобгоҳи бачагона, духтарона, китобхона, синфхонаҳои фаннӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ карда, бо шароити он шинос шуданд.
Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар масоҳати 387 метри мураббаъ замин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағ бунёд гардидааст.
Сохтмони иншоот соли 2015 оғоз гардида, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фуруши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой дода шудааст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил гардидааст.
Дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва васл карда шудааст.
26 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва бо музди миёнаи меҳнат аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гаштанд.
Аз тарафи соҳибкорон барои кормандони маркази инноватсионӣ дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маркази истироҳатӣ ташкил гардидааст.
Баъди ифтитоҳи марказ ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкоорон дар самти ободии як гушаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.