Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД

ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД

4-09-2024, 14:30
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД
Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон


Садои дӯст




Азбаски дар ноҳияиДеҳнави Ӯзбекистон ба дунё омадаам, то соли 1991 моҳе як-ду маротиба ба Душанбе мерафтам. Оғӯши Душанбеи зебову озода ҳамеша барои мо боз буд. Ҳамаи либосворию таомҳоисуннатие, ки барои тӯюмаъракаҳо ба мо лозиммешуд, азТоҷикистонмеовардем.
Аз сабабе ки дар донишгоҳиЛенинградтаҳсилмекардам, азфурудгоҳиДушанбебаРусиямерафтам ва ҳамин тавр ба хона бармегаштам. Пас аз ба давлатҳои соҳибистиқлол табдил шудани кишварҳои ИДМ, бо сабабҳоимаълуммуносибати миллатҳои тоҷику узбек, ки як халқидузабонабуду ба ҳам риштаи хешу таборӣдоштанд, то андозае сард шуд.
Соли 2017 бо шарофати ҳамкориихирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, ПешвоимиллатЭмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобит байни халқҳо баъд аз фосилаи 25 сол барқароргардида, хатсайри мустақимиҳавоӣ ва роҳиоҳани Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Тошканд ба роҳ монда шуд. Ва орзуи дидори тоҷикуӯзбексабаб гардид, ки ҳамдигарро боз ба оғӯшкашанд, муносибатҳои дӯстию дипломатиро барқарорнамоянд. Чаро даринмаврид, гоҳемеандешам?
Чанде пеш дар шаҳри Турсунзода, дар шаби эҷодии дӯсти шоирам иштирок доштам. Агар охирин сафари худро ба Душанбе, ки ба солҳои 80 -ум дуруст меояд, ба хотир биёрам, роҳҳое, ки Деҳнав (Узбекистон) -ро бо шаҳриТурсунзодамепайваст, бакуллӣтағйирёфтаанд, бино ва хонаҳои баландошёнаи сохташуда бинандаробаҳайратмеорад.
Дар сафари дурӯзаамба Душанбе мушоҳида кардам, ки хиёбонҳоимарказӣбакуллӣ тағйир ёфта, ба ҷоихонаҳои 2-4-5 ошёнаи қаблӣ биноҳоиистиқоматии 9-15 ошёна сохта мешаванд.
Воқеан, ба бунёди бинои Китобхонаи миллӣ, киганҷимаънавиётимиллатаст, таваҷҷуҳизиёдзоҳиршудааст. Тавремаълумгардид, инкитобхона шахсан таҳти раҳнамоиимеъморииПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарам РаисиҲизбиХалқииДемократииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмонсохташудааст. КитобхонаимиллииТоҷикистон аз 9 ошёна иборат буда, масоҳатиумумиибино 45 ҳазорм2, баландиаш 52 м. Дарпаҳлуимарказиибиночеҳраи 22 шахсияти намоёни таърихӣ, ки дар рушди миллати тоҷик нақшимуҳимгузоштаанд, тасвир ёфтааст. Дар китобхона 25 толори бузурги хониш, 3 толори намоишии навиштаҷотиқадимӣ, 9 толори калонимаҷлисӣдорои 1100 ҷойинишаст, инчунин нусхаҳои ноёбтарин китобҳои дунё ҷогирифтаанд. Китобхона бо муосиртарин технологияҳоииттилоотиюиртиботӣ муҷаҳҳазбуда, фарзандони миллат тайи 24 соат дар як шабонарӯзметавонандазкитобхонаваинтернети ройгон истифода баранд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳиммидигаринаст, ки дар Тоҷикистон аз давраи ИттифоқиИттиҳоди Шӯравӣ якчанд шумора корхонаҳои саноатӣ боқӣмондабуд, кионҳо низ аз ҷиҳати талаботи имрӯзааҳолиро қонеъ намегардонд. Бо ташаббус ва амалишавии Барномаҳои Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистон дар мамлакат ислоҳотикуллиифаъолияти корхонаҳоисаноатӣва бунёди комплексҳоинавикорхонаҳоиистеҳсолиизамонавӣбоҷойҳоинавикорӣоғозгардидва ҳолобо боварии том гуфтан мумкин аст, ки дар солҳои охир шаҳрҳоиДушанбе, Хуҷанд ва Турсунзода ба марказҳои саноатии аз ҳар ҷиҳаттараққикарда табдил ёфтаанд. Ҷойҳоинавикорӣтаъсисдода шуд, ки интабиистдарнавбати худ боиси мунтазам тараққӣ кардани ва соҳаҳоисаноатиҶумҳурииТоҷикистонгардида, некуаҳволиимиллатболорафт. Инро дар динамикаи тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат низ диданмумкинаст. Ин дар навбати худ нишон медиҳад, киҳаҷми истеҳсоли маҳсулотиумумиимамлакат на танҳо дар рӯи қоғаз, балки дар воқеият меафзояд.
Барои дилгир накардани хонандаи ин матлаб, натиҷаҳои иқтисодиисе соли охирро таҳлилмекунем: агардарсоли 2020 ҳаҷмитавлидотинохолисиТоҷикистон (тибқимаълумотипаҳнкардаиМарказидавлатииомор) ба маблағи 7,3 миллиарддоллармувофиқбошад, ин дар муқоисабоҳаминрақамҳоисоли 2019-ум 4,5% афзудани миқёсиистеҳсолотротасдиқмекунад.
Ба мамлакат ворид намудани технологияи ҷавобгӯ ба талаботи муосир барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва дар бозори иқтисод ракобатпазир гардидани он сабаб шуд. Муваффақияти бадастомада, дар натиҷаҳои макроиқтисодиисоли 2021 намоёнаст. Бояд қайднамуд, кидар муқоисабосоли 2020 истеҳсолотиумумии кишвар 9,2% афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,5% рушд карда, натиҷаиниҳоӣба 8,7 млрд. доллари ИМА баробар шудааст.
Дар соли 2024 бошад, интизор меравад, ки нишондиҳандаҳоимолиявӣбоз ҳамбаландтаргардад. Зеро Пешвои миллате, ки барои таъмини ободии кишвар пайваста саъй мекунад ва стратегияи пешгирифтаи Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистон, киӯроҳбарӣмекунад, дарроҳи рушди кишвар бунёд ёфтааст.
Кӯшишҳое, ки дар заминаи бунёди ҷомеаидемократ, худидоракунӣваҳуқуқбунёд амалӣкардашудааст, собит месозад, ки аҳолӣба роҳбарияти давлат эътимод дорад. Сарвари давлат ва Пешвои миллат ба масоили мубрами замони муосир, яъне ба масъалаи тарбияи солими насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба ниёкону ғояҳои миллӣ таваҷҷуҳиҷиддӣзоҳирменамояд, ки ин дар навбати худ дар партави Сиёсати давлатии ҷавонон, дар тамоми мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Вақте сухан дар бораи натиҷаҳои иқтисодиюиҷтимоӣмеравад, порае аз мақоли ӯзбекон бахотирмерасад: “Ҳисобро гург хӯрдааст?” Яъне маблағе, кибароиободиихалқу миллат ва таълиму тарбия сарф шудааст, баъди кашф гардидани мутахассисони солиму комил баръало намоён мегардад.
Бояд зикр намуд, ки Стратегияи давлатии ҷавонон масъалаҳоиҷавонони аз 14 то 30-соларо аз гирифтани маълумоти умумӣтогирифтанимаълумоти олӣвафаъолиятбурдан аз рӯиихтисос то гирифтани маоши муносиб, ба таври қонунӣтанзиммекунад. Агар тақрибанбишморем, ки ҳудуди 31 дарсадиаҳолииТоҷикистонроҷавононито 30-солаташкилмедиҳанд, инстратегияиамал як санади саривақтӣваояндадорбуда, баҳарякҷавонбароипайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеаимкониятимуфидропешниҳодмесозад.
Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистонҳамчунҳизби сиёсӣбароипешрафти ҶумҳурииТоҷикистон пайваста талош меварзад, аз ин ҷост, ки ин ҳизбтӯли 30 соласт, кидарсиёсатидавлат мавқеиустувордорад. Мавридитаъкидаст, киинҳизби сиёсӣ имсол 30-солагии таъсисёбии худро таҷлилмекунад.
Маҳздаринрӯзҳое, ки барномаи дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин чорабинии таърихӣ таҳия мегардад, бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати дурандешонаи одилона ва қарорҳои хирадмандона танҳо барои рушди ҷомеа хидмат мерасонад. Дар ин бобат хизматҳои бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Роҳбари муаззами онро эътироф накардан, баски рафтори бешармона аст.
Дар анҷом, халқи тоҷик, ҳизби пешоҳанги ин халқ ва Пешвои миллатро бо комёбиҳои доимиашон табрик гуфта, муҳаббатномаи худро бо сатрҳои шеърии зерин баён мекунам:

Мевазад шаббода аз кӯҳи Ҳисор,
Мекунад шабнам лаби ҳар ғунча тар.
Бо садои карнайу сурнай, аҷаб
Ҷашн дорад Тоҷикистон ин саҳар.
Бод ҳар як рӯзамон ҷашну сурур,
Ӯзбеку тоҷик аҳли якдиланд.
Аврупою Африқову Амрико,
Осиё ҳам мезанад қарсак баланд.
Ҷӯш дорад дар қадаҳ эҳсоси дил,
Ин манам, ҳамсояат, узбеки ҷон.
То абад бодо парафшон бо виқор
Парчами тоҷик ба сӯйи осмон.
Фурсати бисёр не ин сол сӣ,
Андар ин муддат шукуфон шуд Ватан.
Мулки Хатлону Бадахшону Ҳисор,
Бо Душанбе шуд чу як боғу чаман.
Дастҳо бар қуллаи фатҳу зафар,
Кӯҳҳоро карда обод ин замон.
Халқро бар сӯйи некӣ мебарад
Нури Раҳмон Пешвои тоҷикон.
Мақсади узбеку тоҷик воҳид аст,
Зиндагии шоду зебо, бофараҳ.
Лек бархе каждуми тарсуи шар,
Худ ба табъиду вале қасдаш сияҳ.
Пешвои миллати эъҷозкор
Менамояд чораи тӯфони сард.
З-ин ташаббус давлати ҳамсоя низ
Зиндагӣ дорад бидуни ранҷу дард.
Соли сӣ бодо муборак, дӯстон,
Бод фархунда шукӯҳу фатҳу шон!
Шуҳратат чун қуллаи Помир бод,
Тоҷикистон, тахти миллат, шавқи ҷон!

Абдулло Вахш, Узбекистон ,
Президенти Академияи байналмилалии адабиёт, санъат, фарҳангваилмҳоииҷтимоӣ, коршиносиадабиибайналмилалӣ, шоир

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: