Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ
ДАСТОВАРДҲО ЧАШМРАСАНД
ТОҶИКОБОД.
Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳия бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ доир гардид.
Дар кори Конференсия ҳамчунин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмаҷонзода, директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Хол Карим ва раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода иштирок карданд.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ шуруъ намуда, тибқи меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия 180 нафар вакил даъват гардида, инчунин, собиқадорон, фаъолони ҳизб, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” ва масъулини сохторҳои давлатӣ иштирок карданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия - “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Ҳилолӣ Фозилзода маълумот дод.
Зимни суханронии худ Ҳилолӣ Фозилзода аз ҷумла иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолияташро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарори Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва пеш аз ҳама, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба роҳ мондааст.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод беш аз 459 чорабинии гуногуни сиёсиву фарҳангӣ, варзишӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, нашри мақолаву вокунишҳо дар матбуоти даврӣ, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо фарогирии беш аз 28242 нафар сокинон роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, пешгирии терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, тафсиру тарғиби қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим бахшида шуданд.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зиёиён” Шарофат Искандарова, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Эҷодкор” Баҳодур Абдусатторов, вакил аз ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Парвиз Ҷобирзода, раиси гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ Зулфиқор Рамазонзода, раиси Комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Фарзона Ҳусейнзода ва дигарон ба музокира баромаданд.
Дар кори Конференсия муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ суханронӣ карда, аз ҷумла иброз дошт: “Таҷлили ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар аъзо ва ҷонибдори ҳизб дар баробари санаи мубораку хотирмон будан, ҳамзамон мояи ифтихор ва боиси тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ хоҳад буд. Татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо ба назар мерасад. Таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ миёни халқ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли ҷавони мамлакат ва дар руҳияи ватандӯстӣ ба камол расонидани онҳо аз ҳадафҳои рӯзмараи ҳизбиён ба ҳисоб меравад”. Ҳамзамон Абдуҷаббор Азизӣ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохти саривақтии узвиятро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд. Дар Конференсия ҳамчунин, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Қодирҷон Мансурзода суханронӣ кард.
Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзномаи Конференсия - “Интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ” раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Шарифзода дар бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод. Баъдан, аъзои нави Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод интихоб гардид. Ҳамзамон, тибқи меъёри муайяншуда 6 нафар вакил ба Анҷумани XV ҲХДТ интихоб ва пешбарӣ гардид. Доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар қисмати ниҳоии Конференсия фаъолони ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ сарфароз гардонида шуданд ва ба ҷавононе, ки ба сафи ҳизб шомил гардиданд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизби супурда шуданд
***
РӮДАКӢ.
Дар Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иштирок кард.
Дар кори Конференсия дар баробари 203 нафар вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳамзамон, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, аъзои Комиссияи тафтишотӣ, гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва аъзои Шурои собиқадорони ҳизб ширкат доштанд.
Кори Конференсия пас аз садо додани Суруди миллӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо интихоби раёсати кори Конференсия, тасдиқи рӯзномаи он, интихоби Комиссияи мандатӣ, ҳайати котибот ва Комиссияи таҳририя идома дода шуд.
Рӯзномаи Конференсия иборат аз 7 масъала тасдиқ гардида, иштирокчиён пас аз шунидани ҳисоботи раиси Комиссияи мандатӣ Раҳмулло Аҳмадзода ва эътироф гаштани ваколати вакилони Конференсия дар ибтидо аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфзодаро “Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи августи соли 2024)” шуниданд.
Баъд аз хотима ёфтани ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳамзаалӣ Юсуфзода дар доираи муҳокимарониҳо вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури тиб” Тоҳир Одилов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Рӯдакӣ” Гулхумор Ҳусейнзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Деҳоти Чоргултеппа" Хайриддин Идиев ва вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Раёсати маориф" Зинатой Гурезова ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дар маҷмуъ, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, инчунин ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карда, доир ба рафъи камбудиҳои дар фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷойдошта ва вусъатбахшии корҳои дохилиҳизбӣ таклиф ва маслиҳатҳои судманд манзур доштанд.
Вакилони Конференсия пас аз анҷоми музокираҳо фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш баҳогузорӣ карда, аз рӯйи он қарори дахлдор қабул карданд.
Мувофиқи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Шуҳрат Раҳимов иштирокчиёнро бо натиҷаи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ шинос карда, фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карда, аз вакилон хоҳиш намуд, ки вобаста ба масъалаи муҳокимашуда қарор қабул намоянд.
Пас аз қабули қарор вобаста ба ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ вакилони Конференсия тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои интихоби ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, интихоби вакилон ба Анҷумани XVI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд. Аз ҷумла, тибқи қарори доир ба масъалаи панҷум қабулгардида Ҳамзаалӣ Юсуфзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ озод ва ба ин вазифа Насим Ҳомидзода интихоб гардид.
Қабл аз анҷоми кори Конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба сухан баромада, аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ кард ва ба ҳизбиёни ноҳия барои саҳми назаррас гузоштанашон дар ташкилу баргузории маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ миннатдорӣ баён карда, ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш дод ва ҳамзамон ҷиҳати густариш додани корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзои ҳизб ба вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба сафи ҲХДТ, таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, пешсаф будани аъзои ҲХДТ дар тамоми самтҳои фаъолият, саривақт анҷом додани корҳои дохилиҳизбӣ ва ба ин васила баланд бардоштани обрӯву нуфузи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, диққати ҷиддӣ додан ба ҳайати сифатии аъзои ҳизб ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҳизбӣ ба ҳизбиён ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод ва ташаббусҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро дар мавриди баланд бардоштани мавқеи ҲХДТ миёни ҷомеа бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ қадрдонӣ кард.
Ҳамчунин, дар хотимаи кори Конференсия як гурӯҳ фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ дар фазои тантанавӣ бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуданд.
Пас аз пурра муҳокима ва баррасӣ шудани масъалаҳои рӯзномаи корӣ Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба кори худ хотима бахшид.
ВАҲДАТ.
Конференсияи ХХ ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат 12-уми сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ислом Ҳайдарзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, узви Раёсати ҲХДТ Раҳмоналӣ Амирзода ва собиқадори ҳизб Фотима Табарова баргузор гардид.
Дар кори Конференсия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.
Доир ба масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи дуюним соли охир ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат тибқи талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷумани Х1V ҲХДТ, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавсияву вазифагузориҳои дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ ба роҳ мандааст.
Самти асосии фаъолияти пурсамари ҳизбиёни шаҳр, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили натиҷабахши корҳои тарғиботӣ буда, ҳадафи меҳварии он саҳм гузоштани ҳар як аъзои ҳизб дар таҳкими давлати соҳибистиқлол, пойдории сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат дар айни ҳол 208 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият намуда, дар кори Конференсия аз 260 вакил 250 нафар ва беш аз 30 нафар роҳбарони ташкилоту идораҳои гуногун иштирок доштанд.
Мусаллам аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат фаъолиятро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, дар дуюним сол шумораи ҳизбиён дар шаҳр 4254 нафар афзуда, 20 ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфт.
Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи ҳисоботӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Рӯзи байналмилалии оила, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Дониш, Рӯзи Рӯдакӣ, “Албом-эстафета”, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ зиёда аз 1500 маҷлиси тантанавӣ, 1200 чорабинии фарҳангӣ, 400 чорабинии варзишӣ, 20 аксия, 11 мизи мудаввар, 2 Конференсияи навбатӣ ва 2 конференсияи ғайринавбатӣ, 6 маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва 5 маҷлиси раёсат баргузор намуда, 180 маротиба ба оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмак расондаанд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин барои ҳизбиён ин бо кӯмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва шахсони саховатпеша, роҳбарони бархе аз ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ дар ин давра барои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бунёд ва ба истифода додани бинои чорошёнаи муосири дорои тамоми шароит мебошад ва ин рӯйдод бахшида ба 30-солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад.
Санаи 10-уми ноябри соли 2022 Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва зиндагии мардум дар баробари ифтитоҳи як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар маркази шаҳр Роҳбари давлат бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро ифтитоҳ намуданд. Бинои мазкур аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиону 12 ҳазору 300 сомонӣ бунёд шудааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориро бо васоити ахбори омма зич ба роҳ монда, тариқи саҳифаи фейсбукии Кумитаи иҷроия 487 мавод, дар нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат - “Шаҳриёр” 52 мавод, дар нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - “Минбари халқ” 27 мавод, дар маҷаллаи “Бахтофарони Ваҳдат” 22 мавод ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ 19 гузориш нашр ва пахшу кардаанд.
1-уми январи соли 2022 дар қайди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат 188 ташкилоти ибтидоӣ ва 5871 аъзо ба қайд гирифта шуда буд, вале имрӯз бошад, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 208 ва шумораи аъзо ба 10116 нафар расид, ки аз ин шумора 6121 нафарро занону бонувон ва 2400 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Имрӯзҳо дар хиёбону роҳҳои шаҳру деҳоти Ваҳдат ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз сад шиору овезаҳои ҷашнӣ овехта шудааст ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб бо дастури Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба ин ҷашни таърихӣ омодагии ҳаматарафа мегиранд.
-Дар баробари ҳамаи ин муваффақиятҳо дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд, иброз дошт дар идомаи суханронӣ Ислом Ҳайдарзода.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии Неругоҳи барқии обии “Роғун” маҳсуб ёфта, дар давраи ҳисоботӣ 17 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, дар радифи садҳо ҷойҳои холии корӣ бо ихтисосҳои гуногун дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои мухталиф, хоса ба сохтмони Неругоҳи “Роғун” 88 нафар коргарони соҳибихтисосу гуногункасб ҷалб карда шуданд.
Як самти фаъолияти афзалиятноки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ин таъсис додани гурӯҳи корӣ аз ҳисоби фаъолзанони шаҳру деҳоти Ваҳдат дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, соҳибкасб гардонидани занону духтарон ва масъалаҳои ҳалталаби бонувон мебошад.
Гуфта шуд, ки маъракаи обуна ба нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - “Минбари халқ”, ки он аз яке масъалаҳои муҳим дар фазои сиёсии кишвар ба шумор меравад, ҳизбиён нақшаи обунаро барои соли 2025-ум 100,2 фоиз таъмин карданд.
Дар идомаи Конференсия раиси ташкилоти ибтидоии “Гимназияи ба номи Балъамӣ” Усмоналӣ Бурҳонзода, раиси ташкилоти ибтидоии “Кайҳоннавард” Зарина Неъматова, раиси ташкилоти ибтидоии “Тандурустӣ” Сайёд Абдуназаров ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов” Умед Муродзода зимни музокираҳо аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузориш дода, кори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат низ шунида шуд.
Аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода дар суханронии хеш иброз дошт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ уҳдадориҳои оинномавии худро сарбаландона ба сомон расонида, бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкории зич доранд.
Мирзо Исмоилзода дар идома афзуд, ки дар баргузории аксар чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба санаю ҷашнҳои таърихӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳамеша такя менамояд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода зимни суханронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Асрор Латифзода аз ҷумла иброз дошт, ки чунин тарзи пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ, ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат роҳандозӣ мегардад, дар миқёси ҷумҳурӣ хеле назаррас ва қобили таҳсин аст.
Ёдовар бояд шуд, ки вакилони Конференсия тариқи овоздиҳӣ якдилона Ислом Ҳайдарзодаро аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат интихоб карда, ҳамчунин, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ҳайати 33 нафар ва вакилон ба Анҷумани XV ҲХДТ-ро дар ҳайати 39 нафар интихоб карданд.
Дар фарҷоми кори Конференсия ба як қатор фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат тақдим гардиданд. Ҳамчунин ба гурӯҳи ҷавононе, ки мавқеи сиёсии хешро муайян карданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуданд.
Акмал АКРАМОВ
БОХТАР.
Конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Абдураҳмон Хонзода, муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Давлатзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод доир гашт, Қабл аз оғози он ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар дидан карда, ба он баҳои баланд доданд.
Дар Конференсия мувофиқи меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр 313 нафар вакил иштирок карданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб фаъолияти хешро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷуманҳои XIII ва XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба роҳ монда, дар ин самт корҳои мушаххасро ба сомон расонд.
Неъматулло Иброҳимзода дар идома афзуд: “Имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо, ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ҳафр мезанем. Дарвоқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи ҲХДТ маҳсуб меёбад, ба мо, ҳизбиён имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила, ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем”.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯғ” Санавбар Каримова, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” Музаффар Ғафурзода, вакили Конференсия, узви Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Афсона Амирзода ба музокира баромада, фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзодаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар идомаи кори Конференсия раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод суханронӣ карда, аз ҷумла баён дошт: “Ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассосӣ дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияҳои муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, фаъолиятро мутобиқ гардонида, дуруст ба роҳ мондаанд”.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода зимни суханронии хеш бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам густариш бахшидани додани корҳои ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон Ҷамшед Саидзода зикр дошт, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокунӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Давлатзода дар идомаи Конференсия низ суханронӣ карда, зикр дошт: “Имрӯз ҳар як аъзои ҳизбро мебояд дар муқобили хоинони ин миллату давлат бо устуворӣ қавӣ ва дониши мусаллаҳ истодагарӣ намояд. ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем”.
Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода аснои суханронӣ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаҳои хешро баён дошта, аз ҷумла иброз намуд, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвиятро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.
Зимнан, аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардиданд.
Доир ба масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Абдураҳмон Хонзода номзадии Неъматулло Иброҳимзодаро ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар пешниҳод намуд. Ҳамин тавр, Неъматулло Иброҳимзода аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб шуд.
Аз рӯйи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардид. Доир ба масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Дар қисмати ниҳоии Конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардида, як гурӯҳ ҷавонон ба сафи ҳизб шомил шуданд ва ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
ИСФАРА.
Конференсияи XXXV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара санаи 13-уми сентябр бо иштироки раиси шаҳри Исфара, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Баҳоваддин Баҳодурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода, муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҷалолзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва мудири бахши омори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Розиқ Нурзод ва дигар ҳайати меҳмонон доир гардид.
Дар Конференсия аз 241 нафар вакили даъватшуда 235 нафар вакил, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" иштирок карданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ реҷаи кории Конференсия қабул ва ҳайатҳои комиссияҳои мандатӣ, таҳририя, котибот интихоб гардида, ахбороти Комиссияи мандатӣ шунида шуд.
Рӯзномаи Конференсияи XXXV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара 5 масъаларо дарбар гирифта, доир ба масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Гулафзо Ҷӯраева суханронӣ кард ва оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ барои давраи аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 ҳисобот дод.
Мавсуф дар суханронии хеш аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар мулоқот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа бармеоянд, қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо тадбирҳои судманд ва натиҷабахш андешид.
Ҳамчунин, дар дараи ҳисоботӣ дар маркази таваҷҷуҳи ташкилотҳои ҳизбӣ омодагиҳо ба ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 - "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ташаббусҳои навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ қарор доштанд.
-ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешрав ва неруи пешбари ҷомеаи кишвар дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии сокинони Исфара нақши муассир гузошта, дар ташакулли шуури сиёсӣ, худшиносиву худогоҳии мардум ҷойгоҳи муносиб дорад ва дар байни ҷомеа мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ бо ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи хеш устуворона боло рафта истодааст,-афзуд зимни суханронӣ Гулафзо Ҷӯраева.
Гуфта шуд, ки давоми ду соли охир якҷо бо соҳибкорону шахсони эҳсонкор, вакилони маҷлисҳои маҳаллии ҳамаи зинаҳо, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо сарпарастии аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, дастгирии ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Ҳамаи вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилоятию шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ҳамкориро дар ин самт бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ густариш дода, соҳибкорону саховатмандон ва сокинону ҳамватанони бурунмарзиро ба корҳои ободонию созандагӣ ва рушди маҳаллаву деҳот ҷалб карда истодаанд.
Қайд гардид, ки аз 468 иншооти ҷашнии давоми солҳои 2022-2023 ва соли равон ба истифода додашуда, 403-тои он аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ тариқи ҳашар бунёд карда шудааст, ки дар рафти он аъзо ва ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуда, нақши созгор гузоштаанд.
Ташаббуси беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва огоҳии ҳарчӣ бештари аҳолии кишвар аз қонунгузориҳои мамлакат маҳз ба хотири пурра намудани холигии маърифатӣ мебошад.
Дар ин замина, ташкилотҳои ҳизбӣ тадбирҳои зиёдеро анҷом доданд.
Дар доираи ҳамкории Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони халқ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа вусъати тоза пайдо намуда, аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ тибқи нақшаи муштараки алоҳида бо усули "Маҳалла ба маҳалла" ва "Деҳа ба деҳа" давоми моҳҳои март-июни соли 2024 дар 170 маҳаллаву деҳаҳо бо фарогирии беш аз 15000 нафар сокинони маҳаллӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор гардиданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зимни баргузории вохӯриву мулоқотҳо гурӯҳҳои корӣ вазъи ҷамъиятиву сиёсиро дар 84 деҳоту маҳаллаҳо тариқи гузаронидани пурсиши афкори раисони кумитаҳои маҳаллаҳо аз рӯйи 25 номгӯи саволнома мавриди омӯзиш қарор дода, аз мушкилоти ҷойдоштаи мардум аз наздик шинос гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамаи дархостҳои мардум ба инобат гирифта шуда, барои ҳаллу фасл ва чораҷӯӣ ба ташкилотҳои дахлдор фиристода шуданд ва рафти иҷрои бандҳои чорабиниҳо зери назорат қарор дорад.
Шуруъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ марҳилаи дуюми баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои муштараки тарғиботӣ бо аҳолӣ дар маҳали зисташон баргузор гардида истодааст, ки дар онҳо талаботу моҳияти риояи қонунҳо "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав шарҳу тавзеҳ дода шуда, диққати иштирокдорон оид ба нақши Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори ин қонунҳои миллӣ дар пешрафти ҷомеаву баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву зиндагии шоиста ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ҷалб карда мешаванд.
Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ оид ба мазмуну муҳтаво ва вазифаҳои гузоштаи Президенти кишвар дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва ба муносибати ҳамаи ҷашнҳои милливу давлатӣ дар умум 3355 чорабинии гуногуни таблиғотӣ, аз он ҷумла 1719 чорабинии тантанавию фарҳангӣ, 164 конференсияву мизҳои мудаввар, 290 мусобиқаи варзишию озмунҳои гуногун, 31 аксия ва 1150 мулоқоту вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ дар кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардидааст.
Ба воситаи саҳифаи фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара 715 хабару гузориш, 275 мақолаву андеша, 20 сюжету ролик ва дигар маводҳои тарғиботӣ пешниҳоди омма гардонида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар нашрияҳои даврию ҳизбӣ 156 мақолаву хабар ва дигар маводҳои таблиғотӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҳизб ба чоп расонида шудааст.
Танҳо дар давоми ҳашт моҳи соли равон дар нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Сухани халқ" аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва аъзои ҲХДТ 23 мақолаи таҳлиливу андешаҳо интишор гардиданд, ки дар миқёси вилоят яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.
Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳо соли равон ба ташкилу баргузории озмунҳои вилоятии "Иншои беҳтарин", "Аллаи Модар" ва мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд, ки бо ташаббуси ҳизбӣ доир гардиданд, аҳаммияти хоса дода, ғолибони даври шаҳрии озмуну мусобиқаи мазкур дар даври вилоятӣ иштирок намуданд ва соҳиби ҷоиза гардиданд.
Давоми ду соли охир шумораи аъзои ҳизб дар шаҳр 1364 нафар афзуда, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2024 ба 17220 нафар расидааст. Аз ин шумораи занон 10126 нафар ё ин ки 58,2 фоизро ташкил медиҳад. Аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон бошад, 6144 ё ин ки 35,7 фоиз аст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати аъзои ҲХДТ дар шаҳри Исфара сифатан беҳтар гардид. Миқдори аъзои ҳизб дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла: маориф 761 нафар (17%), тандурустӣ 351 нафар(13%), саноат 166 нафар (12,6%) афзуд.
Тайи 2 соли сипаришуда қабули босифати аъзои ҳизб ба роҳ монда шуда, 1485 нафар шахсони соҳибмаърифат ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Аз ин миқдор 1050 нафар ё ин ки 71,3 фоиз бонувон, 668 нафар ё ин ки 45,3 фоиз ҷавонони то синни 30-сола ва 420 нафар (28,8%) дорои маълумоти олӣ ҳастанд.
Аз теъдоди умумии ба ҳизб қабулшудагон 861 нафарашон дар соҳаи маориф, 359 нафар дар соҳаи тандурустӣ ва 265 нафар дар дигар соҳаҳо фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Аз 213 ташкилоти ибтидоӣ 184-тои он ё ин ки 85,4 фоиз дар давраи ҳисоботӣ сафҳои худро аз ҳисоби аъзои нав зиёд намуданд.
Баъдан, дар кори Конференсия маърӯзаи ҳисоботии раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара А. Убайдуллоев оид ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара шунида шуд. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки омӯзишу таҳлили фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ нишон дод, ки дар ин самти кори ҳизбӣ талаботҳои Оиннома ва Низомнома “Дар бораи фаъолияти ҲХДТ” комилан риоя карда шуда, ҳуҷҷатгузориҳо дар муҳосибот тибқи муқаррароти амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Сипас, ба музокираи масъала вакил аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр, сардухтури беморхона, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Таибиддин Мухамедов, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Корхонаи кимиёвӣ”, директори генералии корхона, раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳусейнбой Ҳакимов, барандаи ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф дар соли 2024, вакил аз ташкилоти ибтидоии “З. Абдусатторов”, директори “Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №5”, раиси ташкилоти ибтидоӣ Маърифат Шарофидинова, вакил аз ташкилоти ибтидоии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Фараҳноз Асламӣ ва вакил аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҷамоати деҳоти Навгилем, раиси Ҷамоати деҳоти Навгилем, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Парвина Хуршедзода фикру андешаҳои худро оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар давраи аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 баён намуда, онро қаноатбахш ҳисобиданд ва қайд карданд, ки саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Исфара ва пешравию ободкориҳо назаррас ва бешубҳа, шоёни таҳсин мебошад.
Баъдан, раиси шаҳри Исфара, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Баҳоваддин Баҳодурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Фраксияи ҲХДТ Мавзуна Шамсиддинзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва мудири бахши омори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Розиқ Нурзод таҳлилу андешаҳои худро оид ба маърӯзаи ҳисоботии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара баён дошта, диққати ҳизбиёнро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, риояи интизоми ҳизбӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва бо роҳу усулҳои нав вусъати тоза бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷалб намуданд. Баъд аз дар ҳайати 41 нафар интихоб гардидани аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва 5 нафар аъзои Комиссияи тафтишотӣ тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ Гулафзо Ҷӯраева аз нав аз ҷониби вакилони Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара интихоб карда шуд.
Сипас, вакилони Конференсияи XVI Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 57 нафар интихоб шуд. Оид ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Дар хотимаи Конференсия якчанд нафар фаъолони ҲХДТ бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
Шоистаи зикр аст, ки дар ин рӯз бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ намоиши маҳсулотҳои корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва дастовардҳои муассисаҳои шаҳри Исфара гузаронида шуд, ки аз он меҳмонон аз шаҳри Душанбе, маркази вилояти Суғд ва иштирокчиёни Конференсияи XXXV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.
Таҳияи Алӣ ҶӮРАЕВ