ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ4-09-2024, 17:45
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки дар он аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шуд, зеро дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд ба таври шоиста таҷлил шавад. Воқеан, қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан, моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад. Ду вожаи муқаддас: маърифат ва ҳуқуқ. Аввалӣ ба маънои шинохт, шиносоӣ, ошноӣ бо ин ё он чиз (аз ҳамон решаи "арафа" عرف, ки маънои шинохтан аст). Дуввумӣ ба маънои ҳақ, ҳақиқат, ростӣ, дурустиҳо ва дастмузд. Муродифоти маърифат: биниш, иттилоъ, дониш, огоҳӣ, ирфон, ҳикмат, фазилат, ақл, вуқуф, камол ва фарҳанг. Афзали маърифатҳо маърифати Ҳақ аст, ки истилоҳи "маърифати ҳуқуқӣ" ва амсолаш аз он бармеояд: яъне, шинохти ҳаққи худу ҳаққи дигарон, дарк кардану воқиф шудан аз ҳаққи дигарон ва риояи меъёрҳое, ки Ҳақ бар инсонҳо муқаррар кардааст. Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Инчунин, маърифати ҳуқуқиро метавон ба маънои маҳдуд ва васеъ баррасӣ кард: - ба маънои маҳдуд, маърифати ҳуқуқӣ низоми муносибатҳоест, ки байни одамон ва ташкилотҳои гуногун дар натиҷаи ҳамкории дарозмуддати онҳо ташаккул ёфтааст. Табиист, ки ин гуна муносибатхо бо қонун танзим ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд; - ба маънои васеъ ин мафҳум тамоми анбори донишҳои ҳуқуқиро дарбар мегирад, ки инсоният пештар ҷамъ кардааст ва аз тарафи одамон дар ҳаёти харрӯза, дар муносибат бо ҳамдигар, дар меҳнат ва дигар соҳаҳо татбиқ карда мешавад. Ба ин маъно, маърифати ҳуқуқӣ асоси рафтори қонуншикании шаҳрвандон мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ ва одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: - тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиноси касбӣ ва баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, -такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, -баланд намудани сатҳи донишомӯзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дарназардошти дурнамои ҳалли бахсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, -такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, -омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, -таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, -тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар шароити роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, -мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дарназардошти ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани махзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, -иттилоъгардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, иттилооти ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани беҳтар зерин мувофиқи мақсад аст: -ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ; -таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ; -ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо; -таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; -такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ. Таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2023, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30-юми декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки ҳадафҳои эълони 2024-ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” муайян ва ошкор намоем: 1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон. 2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ. 3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он. 4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун. 5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ. 6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ. 7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон. Барои пурра ва мукаммал дарк кардани ин ҳадафҳо онҳоро шарҳ хоҳем дод. 1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон. Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад: - дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ; - бо роҳи ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо; -ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ; -таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ; -ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо; -таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; -такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ. Гузаронидани тадбирҳои зикршуда ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунанд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. 2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ. Арзишҳои ҳуқуқӣ арзишҳое фаҳмида мешаванд, ки дар қонун комилан ё қисман таҷассум ёфтаанд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кумаки мутақобила, яъне арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чаҳрчӯбаи қонун ва ахлоқ амал мекунанд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд. Арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ дар шароити волоияти қонун бо мазмуни нав пур шудаанд, зеро падидаи ҳуқуқӣ вобаста ба тағйирёбии шароити иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ метавонад рушд ёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити муосир ташаккул ёфтааст, қодир аст кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ бошад. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбат, самтҳо, муносибатҳое, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин, ташаккули шуури ҳуқуқиро таъмин мекунанд. Масалан, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои хонандагон ва донишҷӯён ин фаъолияти мақсадноки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, техникумҳо, донишкада ва донишгоҳҳо), ки ба фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии муҳассилин дар асоси арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ нигаронида шудааст. Ин тарғиб бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад: -фароҳам овардани шароит барои ошкор ва рушди қобилияти эҷодии донишҷӯён, худмуайянкунии шаҳрвандӣ ва худшиносӣ дар рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонӣ; - ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён; - ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ; - ташаккули сифатҳои шахсии барои фаъолияти самараноки касбӣ зарурӣ; - тарбия намудани малакаҳои идоракунии даста дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён; - мустаҳкам кардан ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, кушиш ба тарзи ҳаёти солим, тарбия намудани муносибати оштинопазирона ва рафтори зиддиҷамъиятӣ; - пешгирии ҷинояткорӣ. 3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он. Институти ҳуқуқи инсон муҳимтарин институти ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Оғози ибтидоии ташаккули мақоми ҳуқуқии шахс аз он иборат аст, ки шахс ба шаҳрвандии давлати муайян мансуб аст, ки қобилияти ҳуқуқии ӯ бевосита аз он бармеояд. Асоси ҳуқуқии ташаккул ва рушди он принсипҳои умумибашарӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон, амали бевосита, баробарӣ ва принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои давлат мебошад. Ҳамаи ин принсипҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳо самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намуда, асоси мақоми ҳуқуқии он мебошанд. Мазмуни институти ҳуқуқи инсон маҷмуи ҳуқуқу озодиҳое мебошад, ки онҳоро ба ҳуқуқҳо дар соҳаи бехатарии шахс, ҳаёти шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақсим кардан мумкин аст. Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун ин муносибати эҳтиромона мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бидуни эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат мекунад. 4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун. Баланд бардоштани мақоми қонун (волоияти қонун) яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳост. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд. Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипи асосии зерин амалӣ мегардад: - шинохти қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он; - тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ вазифадоранд, ки дар доираи қонун амал кунанд ва ҳуқуқ надоранд ба он мухолифат намоянд; - ҳама гуна қоидаҳо, меъёрҳо ё қарорҳое, ки ба қонун мухолифанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд; - риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгӯишаванда таъмин мегардад; - судҳо ҳуқуқ доранд, ки риояи волоияти қонунро назорат кунанд ва қарору амали ғайриқонунии мақомоти давлатиро бекор кунанд. 5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ. Рафтори ҳуқуқӣ як навъи рафторест, ки дар он ирода ва амалҳои (амал ё беамалии) шахс ба меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда мувофиқат мекунанд. Ба маънои дигар, рафтори ҳуқуқӣ рафтори шаҳрванди қонунриоякунанда аст. Рафтори ҳуқуқӣ натиҷаи маърифати ҳуқуқии ташаккулёфта мебошад. Дар навбати худ, худи маърифати ҳуқуқӣ ба эътирофи арзишҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва институтҳои ҳуқуқӣ ҳамчун танзимгари беғаразонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ асос меёбад. Масалан, дар муассисаҳои таълимӣ рафтори ҳуқуқии донишҷӯёнро танҳо дар сурате ташаккул додан мумкин аст, ки агар барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ маърифати умумии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Яъне, рафтори ҳуқуқӣ дар ҳолати мавҷуд будани ду шарт ташаккул дода мешавад: сатҳи зарурии шуури ҳуқуқӣ ва сатҳи зарурии маданияти ҳуқуқӣ. Агар ин ду шарт мавҷуд бошанд, мо метавонем бигӯем, ки мо як шаҳрванди қонунриоякунанда мебошем. Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ яке аз муҳимтарин принсипҳои масъулияти ҳуқуқӣ ва шарти асосии самаранокии он мебошад. Аҳаммияти пешгирикунандаи ҷазо на бештар аз вазнинии он, балки ба ногузирии он вобаста аст. Ногузир будани масъулият маънои онро дорад, ки ягон ҳуқуқвайронкунӣ набояд ошкор нашуда, аз назари давлат ва ҷомеа бе вокуниши манфии онҳо дур намонад. Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тамоми қувваи қонунро истифода баранд, то ки одамон дар ҳар маҳал ғамхории давлатро дар бораи сулҳу осоиш ва поквиҷдонии худ ҳис кунанд ва мутмаин бошанд, ки ягон ҳуқуқвайронкунанда аз ҷавобгарӣ раҳо нахоҳад шуд. Ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳама ҳуқуқвайронкунӣ бояд вокуниши давлатро ба бор орад. Ин вокуниш дар ҷазои ногузир ба ҷинояткор ва барқарор намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода меёбад. Ҷазо ҳамчун аксуламали ногузир на ба хотири худ, балки ба хотири як ҷанбаи дигари ногузир амалӣ мешавад, то дар оянда субъект вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо вайрон накунад. Ба ин вазифаҳои пешгирикунандаи тарбиявӣ ҳамзамон, вазифаҳои ҷазодиҳӣ ва барқарорсозӣ низ мусоидат мекунанд, зеро танҳо ҷазо ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқиро таъмин карда наметавонад. 6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ. Иттилооти ҳуқуқӣ маҷмуи тадбирҳоест, ки дар давлат ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти ҳуқуқӣ дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот - ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан доро мебошанд. Принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот инҳо мебошанд: а) дастрас ва ошкоро будани иттилоот; б) ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот; в) сари вақт пешниҳод кардани иттилоот; г) ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд; д) ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот; е) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот; ж) маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани қонун танҳо ба ҳадде, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрӯву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад. Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбат ба ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад: а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд; б) дар бораи ҳолатҳои фавқулодае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст; в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархӯрдоранд; г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ; д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо. 7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон. Дар назди таҳсилоти ҳуқуқии муосир вазифаи тайёр кардани мутахассиси босалоҳият ва рақобатпазир меистад. Касби ҳуқуқшинос на танҳо маҳорати касбӣ, балки бенуқсон донистани забони давлатӣ ва беш аз ду забони хориҷӣ, маҳорати дақиқ, возеҳ ва мантиқии андешаро тақозо мекунад. Маълум аст, ки калом дар ҳар як соҳаи фаъолияти ҳуқуқшиносӣ воситаи асосии пешбурди дурусти кор мебошад. Салоҳияти касбии ҳуқуқшинос хусусияти қобилияти ӯ дар ҳалли масъалаҳое мебошад, ки хусусиятҳои фаъолияти касбӣ, вижагиҳои салоҳиятҳои забони хориҷӣ ва тафовути таҷрибаи ватанӣ ва хориҷиро дар соҳаи ҳуқуқ инъикос мекунанд. Салоҳиятҳои касбии забони хориҷӣ ҳамчун мафҳуми педагогӣ бояд чунин ҷанбаҳои фаъолияти касбии ҳуқуқшинос, аз қабили ҳавасмандӣ-ихтиёрӣ, функсионалӣ, коммуникативӣ ва рефлексивиро инъикос карда, дониш, малака ва маҳорати ҳалли масъалаҳои мушаххаси фаъолияти касбии ҳуқуқшиносонро муттаҳид намоянд. Салоҳиятҳои касбии забони хориҷӣ ба чор гурӯҳ тасниф мешаванд: лингвистӣ-коммуникатсионӣ, функсионалӣ-методӣ, касбӣ-амалӣ ва равонӣ. Раванди ташаккули салоҳияти касбии забони хориҷии донишҷӯи ҳуқуқшинос бояд дар асоси моделе сурат гирад, ки ҷузъҳои ташхисӣ, таҳлилӣ, мақсаднок, моддӣ ва мурофиавӣ, марҳилаҳои азхудкунии салоҳиятҳои касбии забониро дарбар мегирад. Модел, инчунин, маҷмуи шартҳои психологию педагогиро дарбар мегирад: пешбурди салоҳиятҳои забони касбӣ дар ихтисоси ҳуқуқӣ ҳамчун ҳадафҳои таълими забони хориҷӣ; интихоб ва сохторбандии мундариҷаи маводи таълимӣ ба забони хориҷӣ бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти ояндаи касбии ҳуқуқшинос дар шароити ҳамкории байналмилалӣ; истифодаи усулҳо ва шаклҳои таълим, ки намунаҳои инкишофи қобилиятҳои заруриро барои азхудкунии салоҳиятҳои касбии забонӣ амалӣ менамоянд; таҳияи воситаҳои ташхис барои мониторинги салоҳияти забони касбӣ; бо дарназардошти принсипҳои бунёдии равишҳои илмии пешбар: салоҳият асосёфта, ҳамаҷониба ва ғайра. Аз ин рӯ, эълони соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барои расидан ба ҳадафҳои номбаршуда равона гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд. Дониёр САНГИНЗОД, роҳбари Гурӯҳи вакилӣ, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.