БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН18-07-2024, 23:32
Хабарро хонданд: 626 нафар
Назарҳо: 2
Санаи 17 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб, Абдуҷаббор Азизӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Ҳамзамон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло иштирок намуд. Дар маҷлис мутобиқи рӯзномаи тасдиқшуда ду масъала мавриди муҳокима ва баррасии аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, қарор дода шуд. Аз руи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ баҳри баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд» муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ маъруза намуд. Мавсуф иброз дошт, ки соли равон барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб соли хотирмон хоҳад буд, зеро имсол чорабиниии муҳим, 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро якҷоя таҷлил намуда мешавад.. Таъкид гардид, ки тули 30 сол зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурпечутобро тай намуда, имрӯз ба як нерӯи қудратманду тавоно табдил ёфтааст ва саҳми он дар ҳама самтҳо ва паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи мо бузургу барҷаста аст. Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни маърӯза баён намуданд, ки ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, аз ҷумлаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрузаи рушди давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, яке аз иқдомҳои назарраси ташкилотҳои ҳизбӣ дар солҳои охир, тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст. Дар маърӯза боисрор таъкид шуд, ки худшиносии миллӣ инъикосгари хусусиятҳои руҳиву равонии афроди ҷомеа, шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ пеш аз ҳама дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст. Талошҳои фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташакул ёбад. Тайи ин давра дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Зимни музокира вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда чанд нафар аъзои Кумитаи Иҷроияи ва дигар фаъолони ҳизб аз ҷумла, омӯзгори Гимназияи №74 - и шаҳри Душанбе - Шоева Дилбар, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» - Холиқзода Абдураҳим, Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳасанзода Гулнора, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Хушвахтзода Қобилҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд - Пӯлотова Мунзифа, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Низом Қосим, табиби Муассисаи давлатии Кумаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияи Рашт - Ҳайтова Меҳрафрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор - Ҳабибзод Изатулло андешаронӣ намуда, барои тақвият бахшидани худшиносии миллӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён карданд. Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома, “Дар бораи даъвати Анҷумани 15 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” қарор қабул гардид, ки Анҷумани 15 - уми ҲХДТ моҳи декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Мутобиқи қарори қабулгардида, меъёри намояндагӣ дар Анҷуман аз 320 нафар аъзо, як нафар муқаррар шуд. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки омодагиро ба Анҷумани навбатии ҳизб тақвият бахшида, ба рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳоеро амалӣ намоем, ки ҳадафрас ва натиҷабахш бошанд. Дар ин маврид қабули сифатноки аъзои ҳизбро ба роҳ монда, нимаи дуюми соли равон дар асоси муқаррароти Оинномаи ҳизб баргузории конфронсҳои ҳисоботиву интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизбро дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти назорат қарор дода, аз ҳисоби шахсиятҳои фаъолу собитқадам ва обрӯманди маҳаллу минтақаҳо интихоб гардидани аъзои нави кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро таъмин намоянд. Ҳамчунин Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои таҳияи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 - 2030 аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб, олимону коршиносони варзидаи самту соҳаҳои мухталиф гурӯҳи корӣ созмон дода, то нимаи моҳи октябри соли равон лоиҳаи онро ба Роҳбарияти ҳизб пешниҳод намояд. Дар кори маҷлис бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки масъалаи ватандустӣ ва худшиносии миллиро дар фаъолияти худ афзалият бахшида, барои пешгирӣ аз таасубу хурофот, гароиш ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ созанд. Ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста таҳким бахшида, ба он муваффақ гарданд, ки дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нақши шоиста дошта бошанд. Ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30 - солагии Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд. Бо итминон иброз гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда низ, дар татбиқи ғояҳои созандаи низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хосса анҷом хоҳанд дод. Маркази таҳлил ва иттилооти
Дастгоҳи КИМ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.