БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН28-09-2023, 17:01
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 1
28 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси навбатии Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзоёни Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, қисме аз аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоядагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар аъзои фаъоли ҳизб иштирок доштанд. Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, аъзои раёсат ва иштирокчиёни онро ба рўзномаи маҷлис шинос намуд. Дар Маҷлиси Раёсат масъалаҳои ҷамъбасти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти Комиссияи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва муҳоҷирони меҳнатии назди КИМ ҲХДТ, рафти маъракаи обуна ба нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» ва дигар нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2024, вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ ҷиҳати тарғибу татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини Раиси ҳизб - Латифзода Асрор Қурбон иброз намуд, ки дар асоси қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25 майи соли 2023 ҷиҳати татбиқи муқарароти Оинномаи ҲХДТ аз моҳи июн то сентябри соли равон дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷумҳурӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуданд. Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки аъзои КИМ ва Раёсати он, аъзои кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон ва фаъолони ҳизб дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва дар рӯҳияи созандагӣ бо фарогирии аксари аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ барузор гардиданд. Қабл аз баргузории чорабинии мазкур барои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ семинарҳои омўзишӣ баргузор гардида, барои пешбурди кор дар самти мазкур дастурҳои методӣ таҳия ва дастрас карда шуданд. Дар рафти баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ масъулин кўшиш ба харҷ доданд, ки тамоми паҳлўҳои фаъолияти яксолаи ташкилотҳои ибтидоиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои минбаъдаро муайян намоянд. Иброз гардид, ки айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 6837 адад ташкилоти ибтидоӣ бо шумораи 532088 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа дар маҷлисҳои 11665 нафар атрофи масъалаҳои мубрам баромад намуда, беш аз 2000 таклифҳо оид ба беҳ гардонидани фаъолияти ҳизбӣ ва ташаккули шароитҳои рушди ҷомеа барои баррасаӣ пешниҳод гардида, мавриди корбарӣ қарор доранд. Бо назардошти талаботи оинномавии ҳизб 684 нафар раисони ташкилотҳо иваз шуда, дар ин давом 6432 аъзои нав ба ҳизб қабул гардид. Дар музокираи ин масъала раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ - Раҷабова Зунайда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон - Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд - Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт - Идизода Зарина ва Раиси ташкилоти ибтидоии “Ломоносов”-и филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе - Ғаниев Рустам баромад намуданд. Маҷлис гузоришро оиди фаъолияти Комиссияи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва муҳоҷирони меҳнатии назди Кумитаи Иҷроияи Марказӣ шунид. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома гузориши муфассал дода, таъкид кард, ки нашрияҳои ҳизбӣ воситаи муҳиму самарбахши кори тарғиботӣ маҳсуб меёбад. Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» минбари озоди баёни андеша, тарғибгари ҳадафҳои ҳизб, таблиғгари фаъолияти пурсамари сохторҳои ҳизбии минтақаҳо, дастраскунандаи ахбори тозаи ҳизбӣ буда, сарчашмаи хабарии мукаммал маҳсуб меёбад. Дар саҳифаҳои он, дар баробари хабару маводи ҳизбӣ, набзи Тоҷикистон инъикос мегардад. Мавсуф таъкид намуданд, ки рўзномаи “Минбари халқ” – ро натанҳо аъзои ҳизб, балки дигар қишрҳои ҷомеа низ пайгирона мутолиа менамоянд ва зарур аст, ки обунаро ба ин ва дигар нашрияҳои ҳизбӣ сари вақт ва бо масъулияти дучанд ба роҳ монем. Аз оғози маърака то 27 сентябр ба 85 ҳазору 894 шумора обуна шудаанд. Фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Леваканд, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дўстӣ, Восеъ, Темурмалик, Фархори вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Бўстон, Истиқлол, Мастчоҳ, Кўхистони Мастчоҳ ва Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Сангвор, Тоҷикобод ва Ваҳдатро метавон дар ин самт мусбат ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд. Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ сипас масъалаи чоруми худ, яъне “Вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005” мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ ҷиҳати татбиқи Фармони мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, вобаста ба иҷрои он корбарӣ намоянд. Дар мадди аввал бояд корҳои таблиғотию ташвиқотӣ миёни даъватшудагон бо баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатию варзишӣ доир карда шавад. Зеро Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳизб ватандўстиро асоси фаъолияташ мешуморад. Вобаста ба баррасии ин масъала Ёрдамчии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Миралиён Қиёмиддин рўнамои татбиқи механизми ҷамъиятии сафарбарнамоии сарбозони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ “Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” – ро манзури аъзои Раёсат ва иштирокдорон намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки бо татбиқи 12 қадами механизми ҷамъиятӣ бо иҷрои саривақтӣ ва муносиби нақшаи даъвати ҳарбӣ метавон мусоидат намуд. Дар интиҳо муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, махсус таъкид намуда, вобаста ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, махсусан ба қабули сифатноки аъзои ҳизб, татбиқи низомномаҳои ҳизбӣ, талаботи оинномавӣ ва барномавии ҳизб, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҳизбӣ, риояи Одобномаи корманди ҳизбӣ, ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташфиқотӣ, сафарбар намудани мутахассисон ва коргарон барои кор ба иншоотҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», баланд бардоштани масъулияти ҳизб ҳамчун сарпарасти маънавии НБО “Роғун”, раванди корҳои сохтмонӣ дар биноҳои ҳизбии як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии чорабиниҳое, ки баҳри густариши худшиносиву ватандустӣ мусоидат менамоянд ва дигар масъалаҳои муҳимру рузмарра ба масъулони ҳизб дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба солҳои рушди саноат, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват намоянд. Маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.