Санаи 15-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсат ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроия дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис, иборат аз 5 масъала, аз ҷумла “Дар бораи баргузор намудани «Ҳафтаи футбол» дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чормоҳаи соли 2024”, “Дар бораи баргузории маҷлисҳо ва конференсияҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва “Дар бораи даъвати маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос намуд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис иброз гардид, ки 7-уми майи соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ташаббусро, яъне дар бораи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон намудани санаи 25-уми май якдилона пазируфт.
Вобаста ба ин, дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар «Ҳафтаи футбол» роҳандозӣ карда шавад.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис гузориши муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода Асрор оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чор моҳи соли 2024 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар чор моҳи соли равон фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои ҳизб бештар хусусияти ташвиқотию тарғиботӣ касб намуда, ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, ки дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ санаи 8-уми декабри соли 2023 баён намуда буданд ва татбиқи нишондодҳои барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона гардид.
Нақшаи фаъолияти ҳизб барои нимсолаи якуми соли 2024 тасдиқшуда, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои фаълияти ҳизб буданд, дар сатҳи матлуб ҷараён дошта, нишондиҳандаҳо иҷрои худро дарёфт намуда истодаанд.
Дар гузориш қайд гардид, ки дар муҳлати чор моҳи соли 2024 фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ густариш ёфта бошад ҳам, вале дар кори баъзе кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо низ мушоҳида мешаванд, ки баҳри ислоҳи он бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар музокира суханронии раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода шунида шуд.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлиси Раёсат “Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки конференсияҳо ва маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботиро тибқи тартиби муқарраргардида баргузор намоянд.
Боисрор таъкид гардид, ки “Дастури методӣ дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ омода гардидааст, мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шавад.
Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлиси Раёсат “Дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҳамоҳангсоз ситоди марказӣ Абдураҳмон Хонзода ба сухан баромада, ибрози ақида намуд.
Мавсуф таъкид намуд, ки вобаста ба санаи муҳимму таърихӣ Қарори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25-уми майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо имзои Раиси муаззами ҳизб ба тасвиб расидааст.
Дар асоси қарори мазкур ҳайати Ситоди ҷумҳуриявии ”Ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иборат аз 45 банд тасдиқ гардид.
Дар асоси он тадбирҳои хеле зиёд, аз ҷумла нашри китоби мусаввараи ҷашнӣ дар бораи фаъолияти 30 - солаи ҳизб, филми ҳуҷҷатӣ вобаста ба таърихи таъсис ва ташаккулёбии ҳизб, намоишгоҳи аксҳо аз таърихи ҳизб, омода кардани буклетҳо, медали ҷашнии 30 - солагӣ, гузаронидани мулоқоту вохӯрӣ, маҳфилу мубоҳиса, соатҳои сиёсӣ ва конференсияву ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар дар тамоми кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, чопи махсуси нашрияи марказии ҳизб - “Минбари халқ” ва дигар тадбирҳо пешбинӣ гардидаанд.
Вобаста ба иҷрои нақшаи мазкур корҳо дар сатҳи матлуб ҷараён дошта, тамоми чорабиниҳо зери рамзи 30 - солагии ҳизб ҷараён доранд.
Нашрияи марказии ҲХДТ -“Минбари халқ”, нашрияҳои кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сомонаҳои ҲХДТ ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, дастовардҳои бунёдкоронаи он дар давоми 30 сол чораҳои муассир андешида, оид ба таърихи он бо собиқадорон ва фаъолони ҳизб суҳбату мусоҳибаҳо анҷом дода истодаанд.
Шурои Марказӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ба таври шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии ҲХДТ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Дар маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон бо зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30-солагии ҷашни Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.
Бо итминон иброз гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда низ дар татбиқи ғояҳои созанда - идеяҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хоса анҷом хоҳанд дод.