Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зиндагиномае шоистаи ибрат

Зиндагиномае шоистаи ибрат

23-05-2024, 13:51
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0

Бо гузашти наздики 80 соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз корномаи сарбозони диловар ёд меоранд, ки амри табиист. Даҳсолаҳо дар ҳар гӯшаву канори мамлакат бобати ҷоннисориҳои ҳар яке аз 300 ҳазор ҷавонмарди тоҷикистонӣ, диловарии онҳо дар набардгоҳҳои он ҷанги хонумонсӯз матлабҳо нигошта шудаанду боз ҳам менависанд.
Ба назар мерасад, ки гӯё аз диловарию матонат, бунёдкориву заҳматҳои шабонарӯзии мардони майдон ҳамаро ба зевари табъ кашидаанд, аммо, метавон гуфт, дар асл чунин нест. Ҳоло ҳам кам гуфтаему боз гуфтану навиштан ҳатмист.
Чеҳранамоии қаҳрамонони ҷангу меҳнат, аз як тараф, агар кори саҳлу сода набошад, аз ҷониби дигар, қалам ба даст гирифтану рӯйи коғаз овардани зиндагиномаи чунин ашхоси наҷиб ба кас илҳомбахш ҳам ҳаст, чун ҳаёти ибратомӯзи нафарони арзандаро бозкушоӣ, расонаӣ кардан барои тарбияи қишри ҷавони ҷомеа аз суд холӣ нест. Тариқи мисол, зиндагиномаи фарде, ки баҳри муаррифӣ кардан ба хонандаи закитабъ хомаро ба кор бурдем.
Файзулло Қудратов 15-уми июни соли 1912 дар деҳаи зебоманзари Шаватки Поёни ноҳияи Айнии ҳозира вилояти Суғд, дар оилаи марди одии заҳматкаши кӯҳистонӣ ба дунё омад. Акнун ба 15-солагӣ қадам ниҳода буд, ки тақдири талх аз волидайни меҳрубон маҳрумаш кард. Файзуллои ятим ба назар дар як лаҳза гӯё марди солору мустақил гашт, чун илоҷе надошт, бояд акнун зиндагиашро аз наврасӣ худ саришта мекард…
Ӯ солҳои 1928-1930 дар зодбум таҳсили ибтидоиро фаро гирифт. Ҳукумати давр дар ин айём Файзуллои обутобёфта-комсомоли ғаюрро бо дастае баҳри мубориза бар зидди мухолифони сохти нав-душманони синфӣ ба водии Яғноб сафарбар намуд.
Файзулло дар ин росто, ба қавли шоир, «ҷон ба ҷони кишвар монд» ва зафарёб гардид. Ӯ, ҳамзамон, дар таблиғу роҳандозии нақшаҳои ҳукумати нав дар минтақаи кӯҳистон меҳнат кард, заҳмат кашид.
Дар раванди таҳкими сохаи маориф ва созмон додани мактабҳои типи нав кӯшиш ба харҷ дод. Дар ин миён ҷавони қобилу уҳдабароро дар рустои Кирентеи Яғноб директори мактаб таъин карданд.

Саҳифаи нави зиндагӣ ва дорулмуаллимини Тошканд
Заҳмати софдилона, дониш ва қобилияти баланди омӯзгори умедбахшро ба назар гирифта, ӯро ба ҳайси методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ ба кор хонданд. Ба гузашти чанд муддат, ба шаҳри Сталинобод даъваташ карданд. Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ҷавони ташкилотчӣ ва ботаҷриба-Файзулло Қудратовро соли 1936 мудири маорифи ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб таъин кард. Акнун наздаш масъулияти нав, вазифаи ҷиддӣ пешорӯ буд, ки пайи амалӣ намудани он камари ҳиммат баст.
Мавсуф чаҳор сол бо мардуми меҳнатдӯсту заҳматкаши ин диёри диловарон дар бунёди мактабу маориф саҳм гузошт. Наврасону ҷавонони кӯҳистониро ба мактаб ҷалб сохт, ба қавле, шогирдони зиёдеро болу пари тоза бахшид. Роҳбарияти ноҳия ва соҳаи маорифи вилоят аз фаъолияташ қаноатманд буданд. Муаллим ба шогирдони хеш талқини омӯзиш мекард ва бо як байти Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтаҳои хешро тақвият мебахшид:
Зи дониш шавад кори гетӣ соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Ҳукумати давр ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони қобилро дар нақша дошт ва аз рӯйи он иддае аз фаъолонро ба хондан мефиристод.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон соли 1939 Файзулло Қудратови лаёқатмандро баҳри баланд бардоштани савияи дониш ба Институти педагогии шаҳри Тошканди ҶШС Узбекистон равона сохт.
Вай бо тамоми ҳастӣ ба хондан дода шуд. Дар ин даргоҳ низ савод ва қобилияти ташкилотчигиаш ба роҳбарияти донишкада писанд омад. Ҷавонони ин муассисаи олии таълимӣ Файзулло Қудратовро сарвари худ интихоб карданд. Ӯро дар донишкада ҳамчун комсомоли фаъол ва донишҷӯи қобилу уҳдабаро эҳтиром мегузоштанд.
Соли 1941 Файзулло Қудратов дорулмуаллимини Тошкандро намунавӣ хатм намуда, ба Ватан баргашт. Дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ӯро хуш истиқбол гирифтанд. Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон аз дарёфти мутахассиси дорои маълумоти олӣ қаноатманд гашта, ӯро мудири маорифи вилояти Ғарм таъин намуд.
Ин ҷо ӯ қариб як сол иҷрои вазифа кард. То тавонист, дар ташкили мактабҳо ва тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои омӯзгории водии Рашт саҳми хешро гузошт.

Дастбагиребон бо адӯи душман
Моҳи июни соли 1941 Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла овард. Аз хурд то бузург ба ҳимояи Ватан бархостанд. Фавҷ-фавҷи ҷавонмардон бар ҷанги зидди фашистони истилогар роҳ пеш гирифтанд. Мамлакат ба ҳолати ҳарбӣ оварда шуд, корхонаву бархе аз аҳолии осоишта ба ақибгоҳ, ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кӯчонида мешуданд.
Ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ новобаста аз вазъи мураккабу хатарнок, ба ағлаби омӯзгорон «бронь» (ҳуҷҷати имтиёздоре, ки иҷозаи ба ҷабҳа нарафтанро медиҳад) дода буд, аммо Файзулло исрор мекард, ки хоҳиши ба ҳимояи Ватан рафтан дорад.
Кӯшишҳои чандинкаратааш натиҷа надод. Ба ӯ фаҳмонданд, ки маориф ҳам ҷабҳа, бахши калидии давлат аст ва сарфи назар аз хавфу хатар, фарзандони заҳматкашон бояд савод гиранд: «Шумо дар ақибгоҳ заруред!...»
Ниҳоят, моҳи марти соли 1942 иҷозаи ба ҷабҳа гирифтанро ноил гашт. Ӯ акнун дар сафи сарбозони ҷонфидои гуногунмиллат бар зидди адӯи душман меҷангид. Дар ҷабҳаи Орёл-Курск задухӯрди шадид шуд. Дар ин набард гитлерчиёни зиёдеро маҳв намуда, ба ордени Ситораи Сурх сазовор гашт.
Диловари тоҷик дар ҷабҳа ҳамчун муовини командири полк оид ба корҳои сиёсӣ хизмат мекард. Рӯзе дар задухӯрди навбатӣ ҷароҳати сахт бардошта, дар госпитал (табобатгоҳи ҳарбӣ) бистарӣ шуд. Духтурони ҳарбӣ пайи табобаташ кӯшиданд. Комиссияи тиббии ҳарбӣ ба ӯ дигар иҷозаи ба корзори ҷанг рафтанро надод ва замони ба по рост шудан ӯро ба ақибгоҳ фиристоданд.
Файзулло Қудратов моҳи майи соли 1943 ба Сталинобод расид. Сарбози диловарро дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд ва ӯ то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни дастгоҳи марказии Ҳизби коммунист масруфият дошт.
Дар ин давра (солҳои 1946-1948) дар Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон, дар Кумитаи ҳизбии вилояти ғарм кор мекард.
Он солу замон Ҳизби коммунистӣ кадрҳои лаёқатманди худро баъд аз ду-се соли корӣ дар ин ё он ташкилоту муассиса ба дилхоҳ ҷабҳаи кор сафарбар менамуд ва онҳо бечунучаро аз пайи иҷрои вазифаи навбатӣ мешуданд.
Рӯзгори меҳнатии ин сарбози ҳизб шуруъ аз соли 1948 ба чунин навъ сурат гирифт: солҳои 1948-1950 Файзулло Қудратов ҳамчун раиси Президиуми Иттифоқи касабаи кормандони саноати сабуки ҷумҳурӣ, солҳои 1950-1953 корманди шуъбаи хоҷагии қишлоқи Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1953-1955 мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе), солҳои 1955-1957 мудири маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва солҳои 1957-1959 мудири маорифи ноҳияи Варзоб кор кард.
Ҷабҳаи нави корзори меҳнат
Файзулло Қудратовро супориши навбатии ҳизбиву давлатӣ дар пеш буд ва албатта, чун сарбози ҳизбу давлат аз иҷрои он сар напечид. Соли 1959 ӯро бо супориши Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (бо дастури Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон) баҳри азхудкунии заминҳои Мирзочӯл ба ноҳияи Зафарободи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) сафарбар намуданд.
Номбурда 7 сол ба симати муовини сардори Раёсати сохтмону васлгарии №22 дар шодоб гардондани заминҳои ташналаби водӣ меҳнат кард. Дар шароити номусоид, гармои тоқатфарсо мардумро аз пайи худ бурду сарзамини аҷдодиро обод кард...
Мирзочӯл ё дашти Мирзо, дашти ҳамвор дар Осиёи Марказӣ, дар ҳудуди вилоятҳои Сирдарёи Узбекистон, Чимкенти Қазоқистон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 10 ҳазор км2, баландиаш 230-385 метр аз сатҳи баҳр аст. Дашт дар шарқ то дарёи Сир, дар ҷануб то ҳамвориҳои наздикӯҳии Туркистону Нурато кашол ёфтааст. Дар шимол ва шимолу ғарб дашти Мирзочӯл то биёбони Қизилқум тӯл мекашад.
Аз худ намудани заминҳои Мирзочӯл охирҳои асри XIX оғоз ёфт. Соли 1895 ба масофаи 84 км канале кофта шуд, ки он 7600 га заминро обёрӣ мекард. Соли 1913 канали Князариқ мавриди истифода қарор гирифт.
Солҳои 1922-1924 заминҳои нав аз худ карда шуданд. Масоҳати заминҳои обёришавандаи Мирзочӯл агар соли 1921-ум 20 ҳазор га бошад, пас соли 1924 ба 50 ҳазор га, соли 1928 ба 67 ҳазор га расид. Солҳои 1939-1940, мувофиқи қарори махсуси Ҳукумат 60 ҳазор га шӯрзамин ва ботлоқзор аз худ карда шуда, соли 1941 миқдори он ба 90 ҳазор га расид. Соли 1956 майдони обёрии Мирзочӯл (бо сохта шудани гидроузели Фарҳод, соли 1948) ва обанбори Қайроққум (соли 1965) ба 205,5 ҳазор га расид.
Баъдан, бештар аз 500 ҳазор га замини лабташнаи Мирзочӯл аз худ карда шуда, ки аз он 300 ҳазор га ба ҶШС Узбекистон, 160 ҳазор га ба ҶШС Қазоқистон ва бештар аз 40 ҳазор га ба ҶШС Тоҷикистон рост меомад.
18-уми августи соли 1958 бо фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Узбекистон 50 ҳазор га замини қисми ҷанубу шарқии Мирзочӯл ба ҶШС Тоҷикистон дода шуд ва дар ин мавзеъ ноҳияи Зафаробод таъсис ёфт.

Пайи бунёди Ватан
Аз миёнаи солҳои 60-ум Файзулло Қудратов боз ба соҳаи мактабу маориф баргашт. Ӯ тӯли 8 сол (солҳои 1965-1973) дар ноҳияи Айнӣ, дар макотиби деҳаҳои Шаватки Поён, Путхин, Зоосун, Дар-Дар ва Вешаб ҳамчун директори мактаб фаъолияти корӣ дошт.
Мавсуф дар миқёси ҷумҳурӣ бо бунёдгариву ободгарӣ ном баровард. Ҳама ҷо аз пайи ободии диёр мекӯшид. Замони директори мактаби рустои Зоосун буданаш омӯзгори дурандеши ватанпараст аз шаҳри бостонии Самарқанд устоҳои чирадаст ва мутахассисонро ҷалб намуда, мақбараи шоири номвари диёр-Нақибхон Туғрали Аҳрориро бунёд ва бо ҳамин руҳи нозими миллатро шод кард.
Оре, кору пайкори муаллими фидокор мудом аз ободкорӣ бунёд мегирифт. Соли 1966 ӯ дар деҳаи Шаватки Поён ба сохтмони мактаби нави деҳа асос гузошт. Ҳамчунин, бо ташаббуси Файзулло Қудратов дар деҳа бори аввал хатти барқ кашида шуд. Устод як байти Абдураҳмони Ҷомии бузургворро мудом ёд мекард:
Сидқ мебояд ба ҳар коре, ки ҳаст,
То фитад домони мақсудат ба даст.
Баъдан, бо ибтикори ин марди даврон дар мавзеи Шахи Сафед (ҳоло Файзуллообод) канали калон канда, заминҳои деҳаҳои Шаватки Поён, Шаватки Боло, Похут ва Фатмовутро шодоб гардонданд.
Давоми умри пурбаракати хеш Файзулло Қудратов борҳо чун сарбоз дар ҳолати омодабош аз пайи иҷрои супориши ҳизбу ҳукумати давр, аз як ҷабҳа ба ҷабҳаи дигар мегузашт, дар ободонӣ саҳм мегузошт, ранҷ мебурд, заҳмат мекашид. Ин дафъа низ чунин шуд ва бо супориши Ҳукумати вақт боз ба соҳаи хоҷагии халқ сафарбар гардид. Аз моҳи ноябри соли 1973 то соли 1986, тӯли 13 сол ҳамчун мутахассиси корҳои обёрӣ-ирригатори колхози ба номи Фридрих Энгелси ноҳияи Айнӣ дар шодоб гардондани 360 гектар заминҳои бекорхобидаи қаламрав нақши созгор аз худ боқӣ монд. Аз ҷумла, вай мавзеи ҳозираи Файзуллоободро сарсабзу хуррам гардонд, ки корест сутуданӣ.
Пас аз ба нафақа баромадан низ дар хона бекор нишастанро ба худ муносиб надониста, бо маслиҳату пешкорӣ ба корҳои бунёдгарӣ даст мезад. Файзулло Қудратов, сарбози ду ҷабҳа, 25-уми ноябри соли 1994, дар 82-солагӣ дунёи фониро тарк карда, аз худ номи нек ба ёдгор монд.
Тӯли умри пурбаракаташ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои гуногун сидқан, софдилона баҳри зиндагии осоиштаи мардум ва некуаҳволии рӯзгори ҳамдиёрон хидмати шоиста ба ҷо овард.
Таъсису бунёди мактабҳои нав, ривоҷи соҳаи маориф, ободу шодобгардонии заминҳои бекорхобида, тарбия ва омода намудани шогирдони зиёде баҳри зиндагии шоистаи мардум марому мақсади доимии устоди равоншод буд.
Ҳукумати давр хизматҳои шоёни собиқадори ҷангу меҳнат, нафақахӯри шахсии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ Файзулло Қудратовро бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги Ватании дараҷаи «1», чандин медал, нишони «Аълочии маориф»-и халқи ҶШС Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ кард.
Заҳматҳои бунёдкоронаи ҷанговари ватандӯст, омӯзгори дарёдил, ободгари ростин пас аз маргаш низ ба ҳукми фаромӯшӣ нарафт.
Бо қарори №153 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз 25-уми апрели соли 2005 мавзеи Шахи Сафеди Ҷамоати деҳоти Рарз номи Файзулло Қудратов-Файзуллоободро гирифт
Кору пайкори чунин мардони набард барои насли нав ибратомӯз буда, зиндагиномаи чунин афрод баҳри тарбияи қишри ҷавони ҷомеа шоёни омӯзиш аст.
Устоди зиндаёд Гулназар гӯё маҳз дар васфи чунин фарзандони барӯманду содиқи Ватан гуфта буд:
Ҳар фард, ки ҷон ба ҷони кишвар монад,
Тоҷи шарафаш замона бар сар монад.

Азамат Дӯстов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: