Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 26 октябр – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҲАҚБИН

26 октябр – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҲАҚБИН

24-10-2018, 15:33
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
26 октябр – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ  ҲАҚБИН

Порае чанд аз рӯзгори нахустин
Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон Бобо Ҳамдамов
Ин ном барои насли калонсоли кишвар, мардумони ғурурманди навоҳии Кӯҳистони Масчо, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, шаҳри Душанбе ва мақомоти судии мамлакат ошност. Таърихи Тоҷикистон бо номи ин шахсияти даврон иртиботи қавӣ дорад. Миёни аҳли назар ӯро ҷонфидо, сарбози инқилоб, қозии Тоҷикистон, ҳақбину ҳақшинос ва раиси шаҳри Сталинобод унвон мегиранд. Ин марди ҷонфидо бо меҳнати ҳалол умрашро баҳри беҳбуди зисту зиндагии мардум ва ободии кишвараш масраф намудааст. Бобо Ҳамдамов дар як саф бо фарзандони матини ватан Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва даҳҳо дигарон барои озодии халқи худ ҷонбозиҳо кардааст.
Хушоянд аст, ки бо қарори №72, аз 1 феврали соли 1995 ҳукумати шаҳри Душанбе, микрорайони Зарафшон -2 пойтахт номи шаҳраки Бобо Ҳамдамовро гирифт. Ҳамчунон, бо мақсади абадӣ гардондани хотираи неки родмард бо қарори ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), 3 сентябри соли 1995 дар маркази колхози ҳамномаш нимпайкараи биринҷии Бобо Ҳамдамов қомат афрохт.
Аммо, ин ҳама кофӣ нест. Зеро насли имрӯзаи ҷавонон бояд бидонанд, ки дар роҳи барқарор ва пойдории давлати тоҷикон дар оғози асри ХХ киҳо ҷон дар рамақ гузоштаанд. Хушоянд аст, ки Бобо Ҳамдамов аз зумраи мардони фидоии кӯҳистони тоҷик, адолатхоҳу ҳақиқатҷӯ, ватанпараст, шахсияти таърихӣ, муборизи фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон, якумин Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон мебошад.
Бобо Ҳамдамов 26.10.1902 дар деҳаи Ярм, ҷамоати деҳоти Ланглифи ноҳияи Масчо (ҳозира ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ), дар оилаи деҳқони камбизоат, ба дунё омадааст. То соли 1917 ӯ дар мактаби деҳа таҳсил намуда, маълумоти ибтидоӣ гирифтааст.

РОҲБАЛАД - РАЗВЕДЧИК
Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ва бо омадани Армияи Сурх ба Масчо Бобо ихтиёран ба сифати роҳбалад - разведчик бо онҳо пайваст. Соли 1923 дар ҳайати полки 4-уми савора дар шикасти амири Масчо Аҳмадҳоҷӣ, ҳамчунон дар торумори босмачиёни ғоратгари навоҳии Қаротегин (ҳозира Рашт), водии Ҳисор ва ғайра ширкати фаъолона дошт.
Охири соли 1923 ӯ раиси шӯрои деҳоти Палдорак, пас раиси ҷамоати деҳоти Ланглиф интихоб гардида, ду сол адои ин вазифа кард. Дар охири соли 1925 Бобо Ҳамдамовро раиси комитети иҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ӯротеппа интихоб намуданд. Ҳамзамон, Б. Ҳамдамов раиси Суди округии вилояти Ӯротеппаву Панҷакент ихтихоб шуда, то моҳи марти соли 1928 адои вазифа дошт.


РАИСИ СУДИ ОЛӢ
Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани 3-юми фавқулодаи умумитоҷикистонии Шӯроҳо доир гашт, ки дар он Республикаи Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии иттифоқӣ (РСС Тоҷикистон) табдил ёфт ва бевосита ба ҳайати СССР дохил шуд.
26 октябри соли 1929 бо қарори КИМ РСС Тоҷикистон Суди Олӣ созмон ёфт ва Бобо Ҳамдамов, ки қаблан дар вазифаи раиси суди округи Ӯротеппа, сипас раиси Суди Мухтор буд, якумин Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон таъйин гардид. Ба ин мақомоти олии адлия аз нахустин қадамҳои хеш зарурати муборизаи беамон алайҳи душманони синфӣ, ки ҳадафи онҳо аз пой афтондани давлати ҷавони шӯроҳо буд, рост омад…
Баробари фаъолият ба ҳайси Раиси Суди Олӣ Бобо Ҳамдамов ҳамчунон дар торумори дастаи босмачиёни Утамбек ва Шодибек ширкати фаъолона кардааст…
Солҳои 1929-1930 вақти тараққии босуръати хоҷагии халқ фаро расида буд. Аз ин рӯ, намояндагони махсуси ҳукумати кишвар ба ноҳияҳо сафарбар карда мешуданд. Дар ноҳияи Данғара, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини ғаллакории ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, бояд совхоз созмон меёфт. Аммо иҷрои он душвориҳои зиёдеро ба бор овард. Биноан, Бобо Ҳамдамовро ба сифати намоянда ба ин минтақа фиристоданд.
Яке аз масъалаҳои сангини он замон ин набудани роҳҳо буд. Бероҳӣ имкон намедод, ки хоҷагиҳои коллективӣ бо олоти корӣ таъмин шаванд. Барои ҳалли ин масоили мубрам, аробаҳоро ба қисмҳо ҷудо ва ба уштурҳо бор карда, тавассути роҳи Саройкамар ва 4 тракторро бо роҳи Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба Данғара интиқол доданд…

«АБДУЛЛОИ КӮЛОБӢ»
Моҳи январи соли 1931. Ҳаво хеле сард буд. Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Бобо Ҳамдамов ба рухсатӣ баромад. Хумори зодгоҳаш гирифт. Шабонгаҳ дар хонаи сокини деҳаи Самҷон Сафарбек Хушхонов суҳбат тасфид (аз нақли Азим Карим, сокини деҳаи Самҷони ноҳияи Масчо). Чаҳор тан гирди сандалӣ ғарқи суҳбату шеърхонӣ шуданд. Меҳмони хонадон, Абдуллои Кӯлобӣ дар шеъргӯиву сурудхонӣ ҳозиринро дар ҳайрат мононд. Пас ба гӯрғулисароӣ пардохт, ки маҳфил нур гирифт.
Дар интиҳо Сафарбек аз Бобо Ҳамдамов маъзарат хоста, гуфт, дар ҳалли масъалае ёрӣ расонад. Раис, фарди хоксор, аз муроҷиати расмии дӯсту ҳамдиёри хеш дар ҳайрат монд.
- Аслан, ному насаби меҳмон Сайдалӣ Вализода аст, - парда аз роз бардошт соҳибхона. - Эшонро душмани халқ хонда, ба Қазоқистон бадарға намуданд. Ҳофизи халқ аз Қазоқистон рӯ ба фирор оварда, бо азоби алим ба диёри мо омадааст. Умедамон бар шумост. Чандест, ки мо шоирро дар ин макон мақом дода, номи аслиашонро низ пинҳон доштаем. Ӯро Абдуллои Кӯлобӣ унвон додаем. Сипас, Сафарбек афзуд, ки боқӣ худи шоир фаҳмонад.
Раис бо назари эҳтиром ба меҳмон ба маънии арзатонро мешунавем, дида дӯхт. Сайдалӣ Вализода боло шуда, даст пеши бар ашк ба бари рӯ арзи ҳол намуд.

Ҳангоми бозгашт Бобо Ҳамдамов ҳофизи халқӣ, мутриби кӯлобӣ Сайдалӣ Вализодаро бо худ ба Душанбе овард. Нахуст худ бо делои ҷиноятии шоир шинос шуд. Маълум гашт, ки ҳофизи халқ гуноҳе надорад. Муғризон, чанд тан аз мансабдорони маҳал аз зарофат, шӯхиву ҳозирҷавобии шоир ба танг омада, ба ӯ гуноҳ часпонда, бадарғааш карда будаанд. Бо супориши Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ делои ҷиноятии шоирро аз нав дида баромада, бегуноҳиашро исбот намуданд...

РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Моҳи июни соли 1932 бо тавсияи КМ ҲК Тоҷикистон Б. Ҳамдамов раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва ҳамон сол аъзои Президиуми КИМ Тоҷикистон интихоб гардид.
Он замон шаҳри Душанбе аз як кӯча - «Москва» иборат буд. Ҳамаи муассисаҳои давлатӣ – Шӯрои комиссарони халқӣ, комиҷроияи шаҳр дар ду шафати ҳамин кӯча қарор доштанд. Бобо Ҳамдамов аз рӯзҳову моҳҳои нахустин барои ободии пойтахт камар бубаст. Ӯ мақсад гузошт, ки ин деҳаи хурдакак ба шаҳри зебои замонавӣ табдил ёбад.
Барои пойтахти ҷавон тартиб додани лоиҳаи тарҳи шаҳри оянда зарур буд ва пас шурӯи сохтмони он. Амалӣ намудани ин масъала бар дӯши раиси тозаинтихоб Бобо Ҳамдамов вогузор гашт. Бо ин мақсад, маслиҳату вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи шаҳрсозӣ сафар ба шаҳри Ленинград рост меомад. Зеро он ҷо муассисаҳои калони илмӣ, институтҳои лоиҳакашӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба қарор доштанд. Баҳри тартиб додани лоиҳаи ояндаи шаҳри Душанбе ва даъват намудани меъморону сохтмончиён ӯ муаззаф гардид.
Рӯзи нуҳуми сафар Бобо Ҳамдамов тавассути қатора ба шаҳри афсонавии Ленинград расид. Зимистони ин шаҳри зебо, дарахтони солори арча, кӯчаву хиёбонҳои хуштарҳ, майдону гулгаштҳои васеъ, иморатҳои мухталифи бошукӯҳ, девору панҷараҳои нақшин, ҳайкалу ёдгориҳои бесобиқа раисро моту мабҳут гардонд. Ба меҳмон фаҳмонданд, ки дарёи Нева ба шохобу каналҳои сершумор қисмат шуда, 43 ҷазираро ташкил медиҳад ва онҳоро 366 пул бо ҳам мепайванданд…
Аз хуб надонистани забони русӣ каме нороҳат буд, аммо тарҷумон, ҷавони муаддаб ба раис марҳам мешуд. Рӯзи дувоздаҳуми сафар Б. Ҳамдамовро раиси шаҳри Ленинград ва кормандони раёсатҳо қабул карданд. Шаҳрдор Владимир Василйевич меҳмонро хуш пазируфта, ба эҳтиёҷоти пойтахти давлати тоҷикон мароқ зоҳир намуд. Маслиҳат шуд, ки меҳмон бо мутахассисони институтҳои лоиҳакашӣ, бинокорон, меъморон вохӯрад. Шаҳрдорӣ ваъда дод, ки онҳо дар бунёди шаҳри Душанбе ёрии худро дареғ намедоранд.
Бобо Ҳамдамов ҳини раиси шаҳри Душанбе таъйин шуданаш, ба дил гуфта буд, ки пойтахтро аз як рустои кӯчак ба шаҳри ҳозиразамон табдил хоҳад дод. Баҳри амалӣ шудани он то қадри тавон кӯшиш ба харҷ дод…
Шаҳрдори Ленинград гуфт, ки қабл аз ҳама ду меъморро ба Душанбе мефиристад. Онҳо аввал дар ҷояш ба шароиту вазъият шинос шуда, иқлиму релйефи онро омӯхта, баъд тарҳи шаҳри ояндаро мекашанд. Мутахассисон ҳамчунон омодагии хешро барои бевосита ширкат варзидан дар эъмори шаҳри оянда иброз намуданд.
Душанбе соли 1924 дорои 42 хонаи похсагин ва чандсад нафар аҳолӣ дошт, ҳоло дар пойтахт 1 млн. нафар аҳолӣ сукунат доранд. Боқӣ аз бурду бохти Душанбеи соҳибистиқлол чизе намеафзоем. Ҳар чӣ аён аст…
Аз ин нуқтаи назар, бо итминон метавон гуфт, ки дар эъмори шаҳри Душанбе ҳиссаи марди матин Бобо Ҳамдамов бағоят калон аст.

МАҲБАСИИ ЯКУМ – ИЮНИ 1933
Моҳи июн ба рухсатии меҳнатӣ баромад ва бо мақсади истироҳат роҳи Ӯротеппаро пеш гирифт. Аммо, раисро имкони дамгирӣ надоданд. Б. Ҳамдамовро дар Ӯротеппа, дар асоси туҳматномае ба дасташ завлона зада, ба маҳкамаи Раёсати давлатии сиёсии Тошканд интиқол доданд. Ва ӯро то моҳи марти соли 1934 дар маҳбас нигоҳ доштанд. Хушбахтона, бегуноҳиаш исбот гардид. Ҳамаи он маводҳо дар ҳаққаш буҳтон будааст.
Соли 1933 ӯро ҳабс намуданд. Ва нақшаҳои мир бобати сохтмони пойтахт дар дилаш монд. Дар он солҳо ҳодисаҳои ҷазодиҳӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Бобо Ҳамдамовро низ бо сиёҳкориҳои беасос, аз рӯйи маълумотҳои бардурӯғу туҳмати душманони сохти нав ба маҳбас кашиданд
Душманон рӯҳи ӯро шикаста натавонистанд. Моҳи марти 1934 ӯро аз маҳбас озод намуданд. Вай исбот намуд, ки гуноҳе надорад. Ниҳоят бо гузашти як соли ҳабс Коллегияи ҳизбии КМ ҲК (б) Тоҷикистон моҳи июни соли 1934 қарор баровард:
«Дар рафти тафтиш гуноҳи Б. Ҳамдамов тасдиқ нагардид. Тафтиши дукаратаи комиссияи КМ ва КМК нишон дод, ки ӯ гуноҳе надорад. Мувофиқи қарори КМК ҲК (б) Тоҷикистон аз 20 январи соли 1934 Ҳамдамов Б. дар сафҳои партия барқарор карда шавад.
Раис – Мамедов
Котиби техникӣ – Александрова»

МАҲБАСИИ ДУВУМ – 29.7.1937
Муғризон ҳанӯз ҳам ором надоштанд ва аз пушти Б. Ҳамдамов туҳматномаҳо менавиштанд. Моҳи июли соли 1937 ӯро кормандони Комиссариати корҳои дохилии РСС Тоҷикистон ба маҳкама кашиданд. Пас аз тафтишҳо бегуноҳии Б. Ҳамдамов исбот гардид. Раисро моҳи майи соли 1939 аз ҳабс озод карданд.
Вай то аввалҳои соли 1940 истироҳат намуд. Моҳи феврали соли 1940 Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон кори Бобо Ҳамдамовро мавриди муҳокима қарор дода, бегуноҳиашро исбот ва бо собиқаи аввала ӯро ба сафи ҳизб барқарор карданд.
Аз Комитети Марказӣ пешниҳод шуд, ки Б. Ҳамдамов ба вазифаи дилхоҳ ба кор барояд, аммо инқилобчии ғаюр изҳори сипос намуда, таклифи онҳоро напазируфт.

РӮ БА ЗОДГОҲ
Фикри зодгоҳ ба сар ӯ роҳи Ярмро пеш гирифта, чанде дар Масчо зист. Дар зодгоҳаш, колхози ба номи Коммуна, хоҷагии ғаллакорӣ ва чорводорӣ созмон ёфта буд. Аз ёддошти Бобо Ҳамдамов колхоз 70 хонавода (400-450 нафар) аъзо дошт. Замини корам 75 гектар, моли калони шохдор 150 сар, моли майда 400 сарро ташкил медод. Хоҷагӣ аз ин заминҳо 70-80 тонна ғалла мегирифт. Даромади пулӣ ба рӯзи меҳнати колхозчиён кифоят намекард. Биноан, дар маҷлиси умумӣ қарор шуд, ки ба заминҳои лалмӣ об бароранд. Раёсати хоҷагӣ баҳри иҷрои ин нақша марди номвар Бобо Ҳамдамовро ҷалб намуданд. Раис рад накард, баръакс бо азму талоши зиёд ба кор часпид. Идораи хоҷагии оби Ӯротеппа барои иҷрои ин кор техника, муҳандисҳо ва асбобу олоти заминканӣ муҳайё сохт.
Ин кори заҳматталаб моҳи ноябри соли 1934 оғоз гардид. Аз он боис, ки мардум танҳо вақтҳои сабук шудани корҳои хоҷагии деҳқонӣ ба ин кор сафарбар мешуданд, анҷоми он ба баҳори соли 1936 рост омад. Бо омадани об заминҳои корам зиёд шуда, саршумори чорво низ афзуд.

МУҲОҶИРАТ
Соли 1954 сокинони деҳаҳои Ярм, Самҷон ва Худгифи Эшонҳоро аз кӯҳистони Масчо ба водӣ муҳоҷир карданд. Раиси колхози ба номи Андрееви ноҳияи Масчо Бобо Ҳамдамов аввалин шуда бо аҳли оилааш ба ноҳияи Пролетар (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) кӯч баст. Таҳти роҳбарии раис ва бо дастгирии ҳукумат аз ҳисоби маблағҳои давлат дар зарфи чанд моҳ барои муҳоҷирон хонаю ҳавлӣ бунёд намуданд.
Дар он солҳо хоҷагӣ мушкилиҳои давраи баъдиҷангиро аз сар мегузаронд. Дар манзилу макони нав, дар шароити душвор заҳматкашони колхози ба номи Андреев Бобо Ҳамдамовро раиси хоҷагӣ интихоб карданд. Вай ба дилу дидаи ҳамдиёронаш маъво гирифт. Бо гузашти чандин моҳ корҳо маҷрои тоза ёфт. Аммо, он овон дар ҳама ноҳияҳо колхозҳои хурд - хурди ақибмонда бисёр буданд. Бо дархости пирони кор хоҷагиҳои майда якҷоя мешуданд. Аз ҷумла, ду хоҷагии ҳамсоя ба колхози ба номи Андреев муттаҳид гардиданд. Бо маром хоҷагӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод…

ҚАДРДОНӢ
Ҳукумати вақт хидматҳои шоёни шахсияти ҳақҷӯву ҳақбин Бобо Ҳамдамовро қадр намуда ӯро бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар давраи ҶБВ-и солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён», Грамотаи Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, Соати хосаи инъомӣ ба шарафи 10-солагии Инқилоби Бухоро, Соати хосаи инъомӣ барои тасдиқи нақшаи шаҳри Сталинобод дар ш. Ленинград соли 1933 ва ғайра мукофотонидаанд.
Номи ин марди матин дар китоби очеркҳои барқарор кардани Ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон ва Энсиклопедияи советии тоҷик мақом ёфтааст.
Бобо Ҳамдамов 2 декабри соли 1972 аз дунё гузашт.

Умари ШЕРХОН
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: