АВРОҚИ РӮЗГОРИ МАРДИ НАКӮНОМ28-05-2020, 10:11
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Муаллим, омузгор - вожаҳое, ки барои ҳар фардошною муқаддас ҳастанд. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва роҳбару роҳнамои миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. ӯ нафарест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Ҳама ҷомеаҳову миллатҳо дар тӯли таърих ва ҳар гуна шакли давлатдорӣ барои пешрафт ва рушду такомули худ ба муаллим такя намуда, аз неруи он истифода намудааст. Солҳои аввалини барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамеша ниёз ба омӯзгороне буд, ки дар маҳви бесаводӣ саҳмгузорӣ карда, мардумро ба омӯзиши саводу донишҳои замонавӣ ҳидоятгар бошанд. Азбаски дар ҳамон шабу рӯз кадрҳои омӯзгорӣ нокифоя буд, дар тамоми минтақаҳо ин рисолатро нафароне, ки нисбат ба дигарон дар донишу зеҳният бартарият доштанд ба ҷо меоварданд. Яке аз ин ҷонфидоён Сӯхроб Гадоев мебошад. ӯ соли 1912 дар деҳаи Урсихои ноҳияи Шӯрообод (имрӯза Шамсиддини Шоҳин) чашм ба олами ҳастӣ кушода буд. Даврони наврасиву ҷавонии эшон ба солҳои барқароркунии ҳокимияти нави шӯроҳо рост омад. Мушкилоти даврон монеи орзуву нақшаҳои зиндагии ӯ ва даҳҳо ҷавонони дигари ҳамон айём гардид. Вале пайваста талош мекард, ки соҳибмаълумот гардад ва дар ҳаёт аз худ нақше ба ёдгор гузорад. Ҳамин орзуву талошҳо буд, ки маълумоти чорсоларо дар Саричашма гирифт ва ба зодгоҳи худ баргашта, ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуд. Мавсуф барои маълумотнок намудани мардуми ин минтақаи кӯҳистон саҳми бузурге гузоштааст. Садҳо нафарон имрӯз аз хизматҳои шоистаи Сӯҳроб Гадоев ёдоварӣ намуда, ба равони ӯ таҳсину офарин ва дуои нек мефиристанд. Шогирдони устод - Сӯҳроб Гадоев дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ садоқатмандона фаъолият карда, ҳамеша аз устод ба некӣ ёд меоранд. Аксарияти онҳо сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузургу баркамол шудани худро маҳз аз устоди худ меҳисобанд. Даҳҳо нафар аз шогирдони Сӯҳроб Гадоев ёдовар мешаванд, ки муаллим барои тарбия ёфтан ва ба камол расидани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекард. Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам мондан ӯ моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон истиқбол мегирифт ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонд. Сӯҳроб Гадоев солҳои 1944 – 1948 ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шӯрообод низ кору фаъолият намудааст. Баъди муҳоҷир гардиданашон ба ноҳияи Фархор то дами вопасини ҳаёт касби пуршарафи омӯзгориашонро идома дода, соли 1968 дар синни 56 – солагӣ ҳаётро падруд гуфтанд. Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои кишоварзӣ ва чорводорӣ имкониятҳои калонро доро мебошад. Зеро ин минтақа дорои замини ҳосилхез ва дашту даманҳои фароху бепаҳност. Аз нақли ҳамдиёрони устод Сӯҳроб Гадоев бармеояд, ки ӯ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба корҳои хонаводагию кишоварзӣ мунтазам машғул буда, тамоми эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва хешу наздиконро бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин менамуд. Тамоми мардумони деҳаҳои гирду атроф аз хоҷагии шахсии ӯ маҳсулоти ғаллагӣ харидорӣ менамуданд. Хизматҳои муаллим Сӯҳроб Гадоев, ки фарзанди шоистаи замони худ буд аз ҷониби давлату ҳукумат қадр гардида буд. ӯ дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», шаҳодатномаи «Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон», медали «Барои хизмати арзанда дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Аълочии маорифи халқ» ва даҳҳо ифтихорномаҳову сипосномаҳо мебошад. Ҳамаи инро фарзандон чун гавҳараки чашм ҳифз намудаву чун ёдгори беназир аз падар барои худ нигоҳ доштаанд. Воқеан ҳам мероси шахси фарҳангиву бомаърифат амалу номи наку ва фарзандони асилу арзанда аст. Устод Сӯҳроб Гадоев аз худ фарзандони накуном ва шоистаро ёдгор мондааст, ки ҳар яке дар ҷодаи худ номбардори номи падар мебошанд. Писарон - Нуралӣ, Муродалӣ, Бозоралӣ, Ёрмаҳмад, Аламхон ва духтарон Парчамоҳ, Оишамоҳ, Майрамбӣ ва Фотима меваҳои боғи умри падари хеш Сӯҳроб Гадоев буда, хислатҳои наҷибу накуи қиблагоҳашонро дар хун ва зеҳни худ ба мерос гирифтаанд. Яке аз онҳо Гадоев Муродалӣ мебошад, ки тайи солиёни дароз дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолияту самараноку намунавӣ дошт. Муддати даҳ сол ҳамчун сардори нозироти андози ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фаъолият намуда, дар соҳаи худ мутахассиси варзида эътироф гардидааст. Аксарияти зиёиёни пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе олими накӯном ва зиёии асил, фарзанди муаллим Сӯҳроб Гадоев - Нуралӣ Гадоевро, ки дар факулати иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳо кору фаъолият намудааст хуб дар ёд доранд. Агарчи Нуралӣ Гадоев умри хеле кӯтоҳ (55 - сол) ва пурзаҳматеро аз сар гузаронид, аммо воқеъан ҳам бо фаъолиятҳои судманду андешаҳои созандааш дар ёдҳо абадан зинда мондааст. Фарзанди дигари ин хонадон Ёрмаҳмад Гадоев собиқадори ҷанги Афғонистон, ки солҳои 1986 – 1988 дар Афғонистон аз ҳисоби Кумитаи телевизион ва радоио ба ҳайси тарҷумон хизмати ҳарбиро адо намудааст, дорандаи нишони «Ситораи Сурх», грамотаи Президиуми Совети Олии Иттиҳои Шӯравӣ ва Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гадоев Аламхон дар ҳаёт роҳи падарро интихоб намуда, баъди хатми донишгоҳ аз соли 1990 то имрӯз ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад. ӯ тайи даҳ сол директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 деҳаи Тудании ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буд. Ҳаёти бошууру пурбаракати Сӯҳроб Гадоев, ки саршор аз садоқату вафодорӣ, некномиву ҷавонмардӣ ва одамгарӣ буд барои наслҳои имрӯзу оянда як мактаби бузурги тарбиявии инсоният аст. Омӯзгорон ва кормандони Муассисаи таҳсилоти умумӣ ибтидоии №58 Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҷаласаи худ ба хулосае расидаанд, ки муассисаи мазкур ба номи Сӯҳроб Гадоев номгузорӣ гардад. Итминон дорем, ки ин иқдом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дастгирӣ хоҳад ёфт. Фараҳноз Умарзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.