Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад

25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад

22-05-2024, 10:57
Хабарро хонданд: 2182 нафар
Назарҳо: 0
25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавадБахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд. Фестивали асосӣ 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешавад.

Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои Лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдоми вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: