Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт

Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт

14-08-2020, 15:37
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт
Адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ имрӯз дар синни 75-солагӣ бинобар беморӣ аз олам даргузашт.

Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.

Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи «Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.

Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди чил маҷмӯаи ашъори ӯ пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Гулназар Келдӣ ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

P.S. Маросими ҷанозаи устод Гулназар Келдӣ имрӯз, 13-уми августи соли ҷорӣ соати 18:00 дар қабристони «Лучоб»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба наздикону пайвандони устод Гулназар Келдӣ, ба шогирдону ҳаводорони эҷодиёти ӯ, ба аҳли илму адаби Тоҷикистон бинобар даргузашти шоири маҳбуби халқ ҳамдардӣ изҳор менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: