Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад

16-04-2024, 09:30
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавадМуассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16, 17 ва 18 апрел, аз соати 08:30 то 16:00 бо иштироки кормандони мақомоти давлатӣ, донишҷӯёни мактаби олӣ ва хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёна, ҳамзамон сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва донишҷӯёниаз кишварҳои онҳо Рӯзи дарҳои боз баргузор менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рӯзи дарҳои боз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиби китоб, китобхонӣ ва китобхона дар байни ҷомеа гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳадафи он ҷалби ҷомеа, алалхусус хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолиаи китоб, даъват ба китобхона ва шинос кардани нафароне, ки бори аввал ба ин боргоҳи маърифат меоянд, бо шароити Китобхонаи миллӣ ва имконияти беҳудуди он аст.

Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд ва бо намудҳои хизматрасонии ройгону шартномавии китобхона шинос мекунанд.

Ҳамчунин ҳамаи онҳоеро, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд, бо санъати китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ва сайри таърихии он шинос мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: