Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ НИЗОМОФАР ВА МАРДУММЕҲВАР

ҲИЗБИ НИЗОМОФАР ВА МАРДУММЕҲВАР

15-12-2022, 10:00
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ НИЗОМОФАР ВА МАРДУММЕҲВАР

Ҳизби мо зодаю парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва худро бо мардум чун ҳизби дорои масъулияти баланди сиёсӣ муаррифӣ намудааст, ки ин заминаи воқеии таърихӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсози даврони навини давлатдории тоҷикон ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи бунёдӣ ва аслии он ваҳдатмеҳварию ягонагӣ, сулҳгароиву мардумсолорӣ, таъмини ояндаи дурахшони шаҳрвандон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар буд. Маҳз ҳамин аҳдофу мароми ҲХДТ боис гардид, ки он ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор ва ба таъбири коршиносони масоили сиёсӣ “фаротар аз як неруи сиёсӣ” тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба масири пурифтихори сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ расонид.
Ҳарчанд масири паймудаи ҳизби мо барои рушду такомули ҳамаҷонибаву бисёрҷонибаи як ҳизби сиёсӣ на он қадар фурсати зиёд аст, вале Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист роҳеро паймояд, ки он пайомадҳои устувор ва корҳои мондагор дошта бошад.
Яке аз вижагиҳои асосӣ ва бунёдие, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро миёни мардум муаррифӣ намуд, аз ормонҳои мардумӣ сарчашма гирифтани Барнома ва ё ба таъкиди Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҳизби ормонҳои миллӣ” будани он мебошад.
Агар дар доираи Оиннома ва Барномаи ҳизб заминаи асосӣ ё ячейкаи бунёдиро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил диҳанд, дар зинаҳои болоӣ сохторҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо дар таблиѓу ташвиқи Оинномаю Барнома ва ѓояҳои созандаи ҳизб нақши назаррас доранд. Аз ин лиҳоз, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ рисолати хешро ба сифати як ниҳоди шаҳрию муҳими устувору тавонои ҲХДТ ҷиҳати тарѓибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеа бахшида, фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакатро барои солҳои 2020 – 2025 муқаррар намудааст, ба роҳ мондааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол дар пойтахт 927 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи гузашта 54 адад афзудааст. Сафи аъзои ҳизб дар шаҳри Душанбе бошад, 77612 нафарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи гузашта 9228 нафар зиёд буда, он аз афзудани маҳбубият ва нуфузи ҳизб дар миёни ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Табиист, ки самтҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳадафҳои аслии барномавӣ ибтидо гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ҳар як узви онро муваззаф менамояд, ки баҳри амалинамоии ин ҳадафҳои созанда ҳамаҷониба талош намояд. Гузашти вақт ва марҳилаҳои самарабахши он дар ду даҳаи охир собит менамояд, ки давраи ташаккулёбии ҳизб маҳз ба фаъолияти Роҳбарии фарзанди соҳибфитрату дурандеши тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд.
Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намудани ҳизб эътибору мақом ва мартабаи онҳое, ки шарафи узвияти ин неруи тавонои сиёсиро доштанд, бамаротиб боло бурда, боиси густурдатар шудани нуфузи он дар назди сохторҳои дахлдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ гардид. Дар заминаи татбиқи бомароми натиҷаҳои ҳафт соли қаблӣ зикр намудан бамаврид аст, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси самтҳои муҳими рушди мамлакат таҳия ва иҷро гардида, кишвари моро ба дастоварду комёбиҳои навин ноил гардонид.
Барномаи навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ва дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа равона гардидааст. Аз ҷумла, мухотаби аслии он ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва таҳкими бахшҳои иҷтимоии ҷомеа равона гардида, дар доираи дигаргуниҳои набзи солҳои охири минтақа ва ҷаҳон пешбинӣ шудааст.
Чунончӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо таваҷҷуҳ ба моҳияти арзишноки Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ дар мулоқот бо нозирони байналхалқии САҲА дар соли 2020 афзуд: «Барномаи пешазинтихоботии номзади мо дар асоси таҷрибаи давлатдорӣ таҳия шуда, барои он сазовори дастгирии мардум гаштааст, ки он кафолати амалӣ шудан дорад. Барномаи пешазинтихоботии номзади мо дорои махсусиятҳои хос аст, ки фарогири ҳамаи самтҳо будани он арзёбӣ мегардад.
Барнома асосан масъалаҳои ҳадафҳои идома доштани ислоҳоти иқтисодӣ, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба Ҳадафи рушди устувор дар кишварро, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муайян шудаанд, дарбар мегирад. Ҳадафи ниҳоӣ ва асосии барномаи мазкур таъмини ҳаёти шоиста ба мардуми Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодӣ аст”.
Натиҷаҳои самарабахши барномаи пешин ба ду баробар афзун бахшидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боис гардида, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки чунин натиҷаҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Бо таваҷҷуҳ ба чунин комёбиҳои ифтихорӣ, нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027 чунин аст, ки рушди иқтисоди миллӣ таҳким бахшида шуда, дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар бо тавлиди маҳсулоти рақобатпазир тамоми иқтидорҳои мавҷуда фаъол гардонида мешавад.
Илова бар ин, дар ин давра дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ–таъмини рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтию рақобатнокии иқтисоди миллӣ, афзоиши ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалияти бештар дода шудааст. Ҳамчунин, дар марҳилаи навбатӣ ба масъалаҳои рушди устувори соҳаҳои илму маориф, шуѓл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёту иттилоот, ҷавонон, занону варзиш ва ба ҳалли масоили волоияти қонуну амнияту мудофиа ва сиёсати хориҷию муносибатҳои байналмилалии кишвар аҳамияти махсус зоҳир гардида, баҳри боз ҳам натиҷабахш гардидани ин ҳама самтҳои афзалиятноки ҷомеа роҳу василаҳои манфиатбору судовар татбиқ мегардад. Албатта, натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида дар ҳафт соли оянда мусоидат ба он менамояд, ки ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан амалӣ гардида, мардуми сарбаланди диёр ба шароити зиндагии шоиставу сазовор ноил хоҳанд шуд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввулоти иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ мекунад.
Танҳо аъзои ҳизбро мебояд, ки дар кору фаъолият эҳсосу дарки масъулиятро дар иҷрои рисолати касбӣ сармашқи кори худ намуда, ба ин ду мафҳум, яъне “эҳсоси масъулият” ва “иҷрои рисолат”, ки мантиқан бо ҳам тавъам ва иртиботи ногусастанӣ доранд, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки афроди касбу кори гуногуни аз ин ду мафҳум дар масири фаъолият коргирифта ҳамеша муваффақу комгор гаштаанд ва ба ин васила қуллаҳои баланди музаффариятро фатҳ намудаанд.

Иброҳим МИРЗОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: