Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Душанбе ва Остонаро хатсайри мустақим пайваст

Душанбе ва Остонаро хатсайри мустақим пайваст

3-04-2024, 13:51
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
       Душанбе ва Остонаро хатсайри мустақим пайваст
2-юми апрели соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин хатсайри мустақим миёни шаҳрҳои Остонаи Қазоқистон ва Душанбеи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок карданд.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ба ҷониби Қазоқистон барои дастгирии ҳаматарафа дар кушодани хатсайр миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки парвозҳои мустақим миёни пойтахтҳои Қазоқистону Тоҷикистон таҳрикдиҳандаи иловагӣ дар таҳкими муносибот дар ҳамаи соҳаҳо хоҳад гардид.
Гуфта шуд, ки ин хатсайр дар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ нақши муҳим дошта, интизор меравад, ки сафарҳои тиҷоративу сайёҳӣ аз ду ҷониб бамаротиб зиёд хоҳанд шуд.
Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов қайд кард, ки тӯли замони истиқлолият миёни кишварҳои мо муносиботи гуногунҷанба ва тарафайн судманд ба роҳ монда шудаанд, ки рӯз то рӯз дар руҳияи шарикии стратегӣ тақвият меёбанд. Сафир гуфт, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳама самтҳои байнидавлатӣ фаъолияти самарабахш доранд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бозгӯи ин ҳолати мусбат ҳастанд.
Рӯйи кор омадани хатсайри мустақим миёни пойтахтҳо на танҳо барои сайёҳону тоҷирон, балки барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар Остона ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон пайи донишандӯзӣ ҳастанд, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, тавассути Остона шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба тамоми самтҳо, аз ҷумла мамолики Аврупо ва Осиё парвоз кунанд.
Валихан Туреханов ҳозиринро бо ифтитоҳи нахустин хатсайри Душанбе-Остона табрик гуфта, ба ҳайати сарнишин ва мусофирон парвози бехатар таманно намуд.
Парвозҳо шуруъ аз 2-юми апрел 1 маротиба дар як ҳафта, аз 19-уми апрели соли равон-2 маротиба дар як ҳафта (рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа) тавассути ҳавопаймои BOEING (737/800, 737/900) сурат хоҳанд гирифт.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: