Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамояд

«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамояд

1-02-2023, 16:58
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамоядШурӯъ аз 8 феврали соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе баъд аз танаффуси сесола барқарор менамояд. Дар ин хусус Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» Абдулқосим Валиев имрӯз дар ҷамъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Душанбе иброз намуд.

Мавсуф дар нишасти хабарӣ гуфт, ки парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешаванд. Баъдан шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат мегиранд.



Бояд тазаккур дод, ки парвозҳо байни Душанбе ва Урумчӣ аз моҳи марти соли 2020 бар асари паҳн гардидани бемории ҳамагири СOVID-19 ва эълон гардидани пандемия дар ҷаҳон аз сӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қатъ гардида буданд.

Ҳамзамон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» дар соли сипаригардида Абдулқосим Валиев гуфт, ки «соли 2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо мақсади мукаммал намудани парки ҳавопаймоии ширкат ва рушди инфрасохтори соҳаи авиатсияи мамлакат ду адад ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800»-ро тариқи лизинги амалиётӣ аз яке аз бонуфузтарин ширкатҳои хориҷӣ — Aviation Capital Group /ACG/ харидорӣ намуд. Дар натиҷа теъдоди ҳавопаймоҳои ширкат зиёд шуда, ба афзоиши шумораи парвозҳо ва иҷрои саривақтии парвозҳои таъйинотӣ мусоидат намуд. Ин ду ҳавопаймо ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ва Нусратулло Махсум гузошта шудаанд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: