Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»

26-03-2024, 11:48
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»«Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд». Ин суханони пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки шоми 25 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, садо доданд.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад.Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту нерӯи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем».

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем.Ҳамзамон бо ин, таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзро бо дарназардошти талаботи даврони истиқлол роҳандозӣ намоем, онҳоро ҳамқадами замони муосир созем».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: