Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АРҶГУЗОРИИ МАҚОМИ ЗАНОН

АРҶГУЗОРИИ МАҚОМИ ЗАНОН

5-03-2024, 09:55
Хабарро хонданд: 705 нафар
Назарҳо: 0
АРҶГУЗОРИИ МАҚОМИ ЗАНОН
Бо ибтикори роҳбарияти ҲХДТ ҳамоиши занони барӯманди кишвар бахшида ба "РӮЗИ МОДАР " доир гашт. Ин анъанаи зебову шоистаро ҳамасола ин ҳизб идома медиҳад. Барои он масъулин ва муовинони ҲХДТ кӯшиш мекунанд беҳтарин толорҳоро интихоб кардаву беҳтарин дастурхон ороста, дастаҳои ҳунариро даъват мекунанд, то хотири модарону бонувони хидматкардаи халқу Ватанро шод бигардонанд.
Муовини аввали раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз дастоварду муваффақиятҳои занон ёдовар гашта, табрикоти Раиси муаззами ҳизб- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои маҳбуби миллат- Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расониданд.АРҶГУЗОРИИ МАҚОМИ ЗАНОН
Ин ҳама меҳрубониҳо гувоҳи эътибори зан- модар дар самти сиёсати пешгирифтаи Давлат ва роҳбарияти сиёсии он аст.
ҲХДТ чун ҳизби раҳбару раҳнамои эшон пайи амалӣ кардани ин бахши сиёсати давлатӣ ин анъанаро сол аз сол бештар ва хубтар амалӣ мекунад.
Муовинони раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва Хайринисо Юсуфӣ соҳибҷашнҳоро бо гулу мусиқӣ пешвоз гирифта буданд, новобаста аз ҳавои сард онҳо дар берун ба гусели занон бо кормандони Кумитаи иҷроия ҳизб худашон дар саф истода буданд. Яъне дар ин ҷашн занҳои зиёде аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷониби ҲХДТ қадрдонӣ шуданду эътирофманд гаштанд.
Дар давоми чорабинӣ ҳамчунин ба хонаи пиронсолон ва интернатҳо низ маводи хӯрока, ошу ширинӣ фиристода шуд.
Ёдовар мешавем, ки маърака дар маҷмаъаи навбунёди "Дунёи ош" доир гашта буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: