
Барои шунавандагони курси бозомӯзӣ дарси навбатӣ бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон доир гардид.
Мавсуф доираи мавзуи риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ ба иштирокчиёни курс маърузаи пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла зикр дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати забон таваҷҷуҳи бевосита зоҳир гардида, дар ин самт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 бознигарӣ карда шуда, ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Дар охир ёдовар шуд, ки раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҳамчун неруи бузург ва татбиқгари сиёсати созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи гиромидошти забони давлатӣ ва ғояҳои арзишманди миллии он нақши арзанда доранд.