Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТАВАҶҶУҲ! Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва ба ин васила такмил додани он бетараф набошед!

ТАВАҶҶУҲ! Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва ба ин васила такмил додани он бетараф набошед!

3-12-2019, 13:04
Хабарро хонданд: 570 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллатро ҳастии миллат номидаанд. Сарвари давлат чун қаҳрамони дигари Ҷуҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои зинда доштан, ривоҷу равнақ додан ва ба появу маснади баланд бардоштани забони тоҷикӣ хизмати бузург ба харҷ додаанд ва то имрӯз ин амали неку шоистаи худро идома медиҳанд. Чуноне қаблан хабар дода будем, зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат 4 октябри соли 2019 ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Барои иҷрои ин супориш Гурӯҳи махсуси корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба фаъолият пардохтааст.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки фикру андешаҳои худро ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Зеро имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва дар асоси он талаффузи калимаҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал ворид мекунад.

Бинобар ҳамин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои печидаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки «…таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳал нашудааст.

Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.

Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст».

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» — ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
ТАВАҶҶУҲ! Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва ба ин васила такмил додани он бетараф набошед!
Мавриди зикр аст, ки Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 тасдиқ шудаанд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррӯзаи давлатамон хеле осон гардонид

Дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудааст.

Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духура будани қоидаҳо ба назар мерасанд. Ба қавли забоншиноси марҳум Ғаффор Ҷӯраев (яке аз аъзои гурӯҳи кории қоидаҳои имлои соли 2011): «Шубҳае нест, ки баъди гузаштани солҳо ва фароҳам омадани имкониятҳо зарурати таҳриру такмили нави имло боз фаро мерасад».

Акнун имрӯз замоне фаро расидааст, ки он нуқсонҳои имло, ки монеаи рушди забони ноби тоҷикӣ гашта истодаанд, бартараф карда шаванд. Ҳамзамон барои ҳарчи зудтар мувофиқ намудани технологияи муосир ба забони давлатӣ такмил додани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ хеле муҳим мебошад. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои муфиди мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, онҳоро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод хоҳад кард.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё тавассути почтаи электронии kumitaizabon@mail.ru.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: