Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конференсияи XXVIII КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид

Конференсияи XXVIII КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид

20-02-2024, 10:00
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи XXVIII КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор гардидСанаи 19 феврали соли ҷорӣ, конференсияи XXVIII КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо иштироки 120 нафар вакилон доир гардид.

Кори конференсияро Иброҳимзода Неъматулло раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр оғоз бахшида, рӯзномаи конфренсияро аз рӯи масъалаҳои зерин пешниҳод намуданд:

1.Ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаи иҷроия ва раёсати он.

2. Пешбарӣ намудани номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар дар ҳавзаи интихоботии №14 бар ивази вакили хориҷшуда.

3. Масалаҳои ҷорӣ.

Вобаста ба масъалаи 1 рӯзномаи конференсия ба ҳайати кумитаи иҷроия тағйирот ворид гардида, Муминзод Абдулмаҷид, и.в. раиси шаҳри Бохтар, Солеҳзода Маҳмадсабур, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва Маҳмадуллозода Азиз, директори Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии шаҳри Бохтар, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардиданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамчунин вобаста ба масъалаи дигари рӯзномаи конференсия қайд гардид, ки дар иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар даъвати шашум ваколати вакили маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар дар ҳавзаи интихоботии №14 пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Тибқи талаботи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикиистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва Оинномаи ҲХДТ ба ин ҳавза номзадии и.в.раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид пешбарӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур низ қарори конференсия қабул карда шуд.

Оид ба масъалаи 3 конференсия и.в. раиси шаҳр Муминзод Абдулмаҷид, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 8 декабри соли 2023 дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ ва паёмашон ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2023 баён дошта буданд ба фаъолон, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ чиҳати амалӣ гардидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ, баргузории чорабиниҳо, вохӯриҳо ва суҳбатҳо бо мардум ба масъулин дастуру тавсияҳо расонида шуд.

Бо садо додани суруди миллӣ ба кори конференсия ҳусни анҷом бахшида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: