Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург баъди навсозӣ расман ифтитоҳ шуд

Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург баъди навсозӣ расман ифтитоҳ шуд

15-02-2024, 14:13
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Дар қароргоҳи расмии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) хабар доданд.

Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар қасри Таврийи шаҳри Санкт-Петербург бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода пурра таъмиру навсозӣ ва таҷдид гардид.

Маросими расмии ифтитоҳи намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагону меҳмонон аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский, Котиби масъули Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Сергей Поспелов, намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзо ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Русия баргузор шуд.

Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардида, меҳмонон аз фазо ва меъмории хоси он изҳори хушнудӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми ташкилоти бонуфузи байналмилалию минтақавӣ соҳиби овози комили худ гардидааст ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавиву ҷаҳонӣ саҳми босазо мегузорад. Бо бовариву қатъияти комил метавон гуфт, ки муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Абдухалил Ғафурзода рисолати навбатии масъулиятнокро пурра адо намуда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: