Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.

25-02-2022, 09:12
Хабарро хонданд: 958 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
2022-02-25

Шоми 24 феврал Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд. Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хосса оғоз карда, дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин ҷанбаҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо зикри таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатии кишварҳо, ки ба 4 апрел рост меояд, аз робитаҳои ҳасанаи дӯстӣ, сатҳи баланди боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, шарикии стратегӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус доранд ва дар ин росто, робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳимми ин муносибатҳо мебошанд. Зикр гардид, ки солҳои охир бо талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо, ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия робитаҳои зичро ба роҳ монда, пеш мебаранд.

Дар рафти суҳбат оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша сурат гирифт. Дар ин зимн ҷонибҳо аз раванди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дидорбинии имрӯза ва ҳамчунин натиҷаҳои Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки дар ҳошияи сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко 25 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистону Русия такони тоза мебахшанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: