Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси ҳисоботии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ВМКБ доир гардид

Маҷлиси ҳисоботии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ВМКБ доир гардид

7-02-2024, 13:18
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси ҳисоботии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ВМКБ доир гардидҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Санаи 6 феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маҷлиси ҳисоботи солонаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти роҳбарии КИ ҲХДТ дар ВМКБ баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда дар баромади худ дар хусуси дастовардҳои ҷавонони вилоят сухан намуда, таъкид кард, ки ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат сипосгузор буда, барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамеша саҳмгузор мебошанд.

Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ВМКБ Ақдодова Малика ҳисоботи солонаи ташкилотро баррасӣ намуда, тамоми муваффақиятҳо ва камбудиҳои фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» -ро дар давоми сол таҳлили мукаммал намуд.

Мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ Кишвар Амиршоев дар мавзуи «Саҳми ҷавонон дар фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ» баромад намуда, қайд дошт, ки ҳифзи оромиву осудагӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар муҳити пуртазоди иттилоотӣ аз ҷавонони имрӯз зиракии сиёсӣ ва донишу маърифати васеъ талаб мекунад.

Холиқов Шодоб муовини сардори раёсати таълим дар мавзӯи «Ҷавонон-такягоҳи боэътимоди Ватан» сухан намуда, қайд дошт, мардуми минтақа тарафдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, ҳамеша дар амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии фарҳанги миллӣ талош менамоянд.

Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев низ дар донишомӯзӣ ва дигар корҳои ҷамъияти доимо фаъолияти хубро нишон дода, сарбаландона масъулияти бадӯшдоштаашонро амалӣ менамоянд ва ба он эътимоде, ки нисбати ҷавонон Сарвари давлат доранд, сазовор хоҳанд буд.

Алиев Файзиддин мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳи мазкур дар хусуси фаъолияти солонаи ҷавонони ин боргоҳ суханронӣ намуда, аз номи тамоми ҷавонони донишгоҳ миннатдории худро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дастгириҳои ҳамешагии ин қишри ояндасоз изҳор намуданд.

Ҳамчунин дар интиҳо муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев оид ба тарбия, атрофи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ, меҳанпарастӣ сухан намуда, ҷавононро ба содиқона амалӣ намудани супоришҳои Сарвари давлат раҳнамоӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур ба 10 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба 6 нафар донишҷӯён, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаҳо аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ ботантана супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: