Кӯмак ба ниёзмандон, парҳез аз дурӯғ ва талош барои мувафаққият талаботи Соли наҳанг аст29-12-2023, 15:46
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Солшумории дувоздаҳгонаи сол, ки дар байни мардуми мо бо ифодаи “мучал” маъмул аст, аз замонҳои бостон истифода мешавад. Усулан, аҳли нуҷум рӯзгори дувоздаҳсоларо бо навбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ кардаанд. Фолклоршиносон мегӯянд, аз аввал мардум бар он бовар буданд, ки дар ибтидои Соли нав дар байни олами вуҳуш 12 ҳайвон, ки дар гардиши Замин нақш мебозанд, бо тартиб пайдо мешаванд ва одамон аз рӯйи соли таваллудашон дар ҳамон сол бо онҳо хусусиятҳои наздик доранд. Ин ҳайвонҳо калламуш, гов, паланг, гурба (харгӯш), аждаҳо (наҳанг), мор, асп, буз (гӯсфанд), маймун, хурӯс (мурғ), саг ва ниҳоят хук мебошанд. Дар нуҷумшиносии чинӣ соли 2024-ро ба ҳайвони мураккабе ба мисли наҳанг (аждаҳо мувофиқи ҳисоби солшумории чинӣ) алоқаманд медонанд. Ба гуфтаи ситорашиносони чинӣ, ба ин махлуқи пурасрор дар баробари қудрат ва тавоноӣ эҳсосотӣ, зебоӣ ва хоҳиши ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ будану дурахшидан хос аст. Наҳанг, инчунин, рамзи қудрат, сиёсат ва муваффақият аст ва ранги сабз рамзи чандирӣ ва мустаҳкамӣ мебошад. Наҳанг дар Чин одатан хеле эҳтиром карда мешавад ва он дар таърихи ин кишвар ҳамчун рамзи қудрати императорӣ хизмат мекард. Масалан, дар замони сулолаи Син (Цин) симои ӯ парчами давлатиро зеб медод ва як сокини одӣ барои пӯшидани либоси бо тасвири наҳанг ҳукми қатлро мегирифт. Хусусиятҳои мутавалиддини Соли наҳанг Наҳангҳо саршор аз неру ҳастанд ва то замоне, ки дар баданаш ҷон дорад, аз бадбахтиву тарсуӣ, риёкорӣ, ғайбат парҳез мекунанд ва дар вуҷудашон нишоне аз макру найранг нест. Наҳангҳо аксар вақт худро дар ҳолатҳои ногувор мегузоранд. Онҳо ба маънои том идеалист ҳастанд, бинобар ин, ҳамеша беҳтаринро мехоҳанд, интизориҳояшон аз худ ва дигарон хеле оқилона аст. Наҳангҳо зудранҷ, идоранашаванда, якрав, устувор ва ҳозирҷавоб мебошанд. Онҳо аксар вақт бе андеша сухан меронанд, аммо бо вуҷуди ин, сухану насиҳатҳои онҳо хеле арзишманданд. Мардум ба суханони онҳо гӯш медиҳанд ва таъсирашон ба онҳо раднопазир аст. Таваллудшудагони ин мучал боистеъдод, доно, боирода ва бахшанда ҳастанд, аз уҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ мебароянд ва то лаҳзаи марг ба дигарон эҳтиёҷ доштанашонро кам мепазиранд. Наҳангҳо дар ҳама соҳаҳои санъат, дин, низомӣ, тиббӣ ва сиёсӣ медурахшанд ва бартарӣ доранд. Онҳо метавонанд худро ба ҳадафҳои бузург ва пурарзиш бубахшанд. Наҳангҳо кам ошиқ мешаванд, саргузаштҳои ошиқонаро аз сар намегузаронанд ва шаҳди талхи нокомиро чашидан намехоҳанд. Аксари занони дар ин сол бадунёомада ошиқон ва хостгорони зиёд доранд. Занҳо ва мардони дар Соли наҳанг таваллудшуда маъмулан дар бораи издивоҷ чандон андеша намекунанд ва гоҳо то охири умр муҷаррад мемонанд ва ба навъе аз танҳоӣ ва истиқлоли худ лаззат мебаранд. Онҳо метавонанд дар наврасӣ ё ҷавонии худ мушкилот дошта бошанд, аммо дар синни миёна онҳо одатан муваффақияти бузург ба даст меоранд. Соли наҳангро чӣ тавр бояд пешвоз гирифт? Мунаҷҷимон маслиҳат медиҳанд, ки ин солро ба таври махсус ҷашн гиранд. Наҳангҳо ҳаёти муқаррарӣ ва ҳаррӯзаро дӯст намедоранд. Дилтангӣ, ҷараёни муқаррарии рӯйдодҳо, фикрҳои ғамангез, танбалӣ, дурӯягӣ, фиреб аз аломатҳое ҳастанд, ки наҳанг онҳоро намеписандад ва шахсоне, ки бо чунин рафторҳо вориди Соли наҳанг мегарданд, аслан дар давоми сол ба ҳеҷ гуна пешравӣ ноил нахоҳанд гашт. Дар арафаи фарорасии Соли Нав, яъне Соли наҳанг қоидаҳои зерин бояд татбиқ карда шаванд: ороиши дурахшон ва идонаи хона, вақтхушиҳо, рақс ва бозиҳои гуногун, тақдими туҳфаҳо ва саховатмандӣ, омода кардани хӯрокҳои болаззат, дар ҳалқаи дӯстону наздикон бо неруи тоза ва хандаву шӯхӣ ҳузур доштан аз шартҳои хеле муҳим ва асосии пешвозгирии Соли наҳанг мебошанд. Аз Соли нави 2024 чиро интизор шудан мумкин аст? Нуҷумшиносон мегӯяд, ки соли Соли наҳанг тағйироти тақдирсоз, дастовардҳои бузург ва ҳалли низоъҳои фаврӣ ба вуҷуд меорад. Илова бар ин, ин аломати сол табиатан сулҳҷӯ аст ва ҳама чизро дӯст медорад, то одилона ба фоидаи ҳар ду анҷом ёбад. Наҳанг меҳнати фидокоронаро қадр мекунад, бинобар ин, онҳоеро, ки бекор наменишинанд, руҳбаланд мекунад. Машғулияти дӯстдоштаи наҳангҳо ҷудо кардани баҳсҳо ва ҳама чизро ба ҷойи худ гузоштан аст. Наҳанг рамзи рушди ҷисмонӣ ва руҳонӣ аст, бинобар ин, хушбахтӣ ва муваффақият одамони ба худ бовардоштаро, ки ҳадафҳои равшан ва олӣ доранд, ҳамроҳӣ мекунанд. Ранги сабз, ки дар инкишофи неруи ин сол бартарӣ дорад, таҷдид, эҳё, оғози ҳаёти нав дар умум, ҳама гуна рӯйдодҳои ҷолибро ифода мекунад. Мувофиқи пешгӯиҳои ситорашиносон, ҳар чӣ қадар душвориҳо зиёд бошанд ҳам, соли наҳанг қудрати бартараф кардани онҳоро ба мо имкон медиҳад. Илова бар ин, тибқи асотир, наҳангҳо қодиранд шамол ва боронро идора кунанд ва ба инкишофи обу ҳаво ва зироат таъсир расонанд. Мунаҷҷимон мегӯянд, ки Соли нави 2024 дар зери ин аломат пурқувват хоҳад буд ва афроде, ки дар Соли наҳанг таваллуд шудаанд, ба комёбиҳои бузург ноил хоҳанд гашт. Наҳанг аз пурқувваттарин ва тавонотарин ҳайвони сол ба ҳисоб рафта, ягона махлуқи афсонавӣ дар байни мучалҳо мебошад. Дар Соли нави 2024 бояд ба пешравии молиявӣ ва кору фаъолият таваҷҷуҳи махсус дода шавад, зеро наҳанг махлуқест, ки рамзи қувват, хирад ва сарватро ифода мекунад. Дар Соли нави 2024 аждаҳо ба ҳама имконият медиҳад, ки орзуҳои худро амалӣ созанд ва ба ҳадафҳои худ бирасанд. Аммо, ба муваффақият танҳо тавассути талош ва мақсади муайян гузоштан метавон расид, зеро махлуқ низ рамзи талош ва ҷаҳд аст. Ситорашиносон тавсия медиҳанд -касоне, ки мехоҳанд дар Соли наҳанг мувафаққиятро ба даст оранд, қоидаҳои зеринро бечунучаро бояд намоянд: Ҳамаи корҳоро бояд ба тартиб дароред. Наҳангҳо дӯст медоранд, ки ҳама чиз батартиб бошад. Ҷузвдони калон барои ҳуҷҷатҳо гиред, ҳама шартномаҳо ва расид (квитансия)-ҳоро ба қисмҳо гузоред, манзилатонро аз партовҳои нолозим тоза намоед, тақвими навро дар девор овезед, занҳо бояд ҷавоҳироти зеборо бо худ дошта бошанд, хушбӯйиҳоро истифода кунед, ошхонаатон бояд ҳамеша тоза ва батартиб бошад. Риояи ҷиддии ҳамаи ин дар соли мазкур боиси ҷалби неруи мусбат ба манзили Шумо хоҳад гашт. Вақт ва қувваи худро барои кумак ба наздиконатон сарф кунед. Наҳанг нишони саховатмандӣ аст ва аз дигарон низ ҳаминро талаб мекунад. Агар имкони кумак ба ниёзмандон ё дастгирии дӯстонро дошта бошед, шумо бояд ин корро бетаъхир бояд анҷом диҳед. Қарзҳои худро зуд супоред. Сарпарасти соли 2024, яъне наҳанг қарздор будан дар назди дигаронро намеписандад. Бинобар ин, метавонад худаш ба ҳалли мушкилоти шумо кумак кунад ва ба шумо неру бахшад, то қарзҳои худро зуд пардохт кунед. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ҷаҳд кунед то барои пардохти онҳо роҳҳо ва воситаҳои гуногунро ба кор баред ва он чизеро, ки ба дӯстон ва оилаатон ваъда додаед, баргардонед. Соли наҳанг солест, ки дар он ягон ҳолатро набояд фиреб диҳед, зеро ин ҳайвони шариф дурӯягӣ ва дурӯғро намебахшад. Ин сол қарз нагирифтан ё сари вақт баргардондани онро хеле зарур мешуморад. Наҳангҳо ба онҳое, ки дар корҳои худ тартиботро риоя мекунанд, мунтазам андоз месупоранд ва тиҷоратро пеш мебаранд ва ҷонибдорӣ мекунанд. Аломати муҳим дар соли 2024 ин сабти ном барои хайрия ва кумаки мунтазам ба ниёзмандон мебошад. Гулҳаёи Мадимар
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.