Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 29 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ВА ЧАШМРАС

29 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ВА ЧАШМРАС

20-12-2023, 10:58
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
29 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ВА ЧАШМРАС
Мактаби ҳизбӣ нерумандтарин даргоҳи василаи худшиносию худсозӣ, масъулият, ташаккул ва инкишофи шахсиятҳо мебошад, ки инсон дар он бо шеваи камоли адаб, хираду маърифат, ҳикмату шараф ва неруи созандагию бунёдкорӣ тарбият ёфта, ин рисолатро барои рушду шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистон ҳадя месозад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гузашти 29 соли фаъолияти самарабахш ба сифати як ташкилоти сиёсӣ ва мардумӣ бо такя ба роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои беназири Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассирро гузоштааст.
ҲХДТ бо диду нигоҳи тоза, андешаҳои созанда ва такя ба халқи заҳматпешаи кишвар дар оғози марҳилаи нави давлатдории навин ба саҳнаи сиёсат қадамҳои аввалини худро гузошт.
Бо такя ба ҳадафҳои созандаи рушди давлатдории миллӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар партави як барномаи ҷадид ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ дар майдони сиёсат зуҳур намуд ва бо дурри маънию хирад, заковату фитрат, ватанпарастию мардумсолорӣ миёни аҳли ҷомеа муаррифӣ гардида, дар атрофи худ ҳамандешони миллӣ ва шахсиятҳои ватансозу давлатмеҳварро муттаҳид намуд, ки дар натиҷа, тоифаи берӯю риё ва чоплусу нокомро ба куллӣ ноумед сохт.
Зарурати таъсиси ниҳоди нави сиёсӣ, ки ҷавҳари фаъолияташ саршор аз манфиатҳои миллӣ ва башарӣ сиришта бошад ва ҳамчун неруи тозаи сиёсии идеологӣ барои мардум хизмат намуда, дар оянда ифодагари ормонҳои мардумӣ бошад, аз умқи андешаҳои поку созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархост ва ба бунёду таъсиси он заминаи таърихӣ гузошта шуд.
Таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як падидаи нодир, пайки тоза ва иқдоми таърихӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони тоза ба истиқлол шарафёбгашта буд.
Мусаллам аст, ки ҳар як ҳаракати сиёсӣ мисли ҷисми зинда ҳамеша дар талоши навоварию пешравӣ ва рушд ба хотири расидан ба ҳадафҳои барномавии худ мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар марҳилаи солҳои аввали давлатдорию давлатсозӣ то имрӯз ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешравию музаффариятҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии сазовори ҳар як шаҳрванди мамлакат, ҷалби аъзои ватандӯсту хештаншинос ва фаъолу ташаббускор устуворона қадам мегузорад.
Агар ба таърихи давлатдорӣ ва давлатсозии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, дар баробари эҳёи давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, ташкил ва ташаккули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавҳари аслии онро пешрафт, суботу оромӣ, шукуфоӣ, зиндагии шоиста, муттаҳидӣ якдилӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба сифати як Ватани ободу шукуфо ва дар миқёси минтақа ва ҷаҳон соҳиби обрӯ ва эътибор ташкил менамояд.
Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар доираи барномаҳои амали худ ҳадафҳои дар боло зикрёфтаро маҳаки асосии фаъолияти худ дониста, миёни аъзо ва ҷонибдоронаш онро ҳамеша тарғибу ташвиқ менамояд.
Табиист, ки шохаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ дар марҳилаҳои рушди давлатдорӣ мекӯшанд фаъолияти густурда ва манфатбахшро барои мардумонашон анҷом бидиҳанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавъам бо ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани нақшаву барномаҳои созанда дар самтҳои ҳаётан муҳим дар рушди давлатдории миллӣ тавассути аъзо ва ҷонибдоронаш ҳамеша саъю талош меварзад.
Таърихнигори рус, академик Василий Ключевский барҳақ навиштааст: “Яке аз нишонаҳои халқи бузург қобилияти баъд аз афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ӯ тавонашро ба ҳам оварда, дар симои як ё якчанд мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд халқро бо роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад” .
Дар шароити солҳои аввали соҳиб- истиқлолӣ дар баробари ҷоннок ва ба маҷрои созандагӣ раҳнамун сохтани механизмҳо ва усулҳои наву таърихии давлатдорӣ танҳо зиракии сиёсӣ ва дурандешӣ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ мебоист, ки дарки воқеии ташкили як ниҳоди сиёсӣ ва ҷамъятиро ба роҳ монд.
Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз доштанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азиятдидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.
Ин андешаҳои зиндагисоз сабаб гашт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фарози давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо барномаи созанда ва воқеан, мардумӣ зуҳур намояд ва бо гузашти давраҳои таърихӣ мақому манзалати худро барои рушди устувори иқтисодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва расидан ба зиндагии шоиста пойбарҷо нигоҳ дошта, рӯз аз рӯз миёни мардум маҳбубият пайдо намояд.
Нависандаи шуҳратёр Мигел де Сервантес ба ин маънӣ фармудаанд: “Таърих - хазинаи аъмоли мо, шоҳиди гузашта, намуна ва дарси ибрат барои имрӯз ва ҳушдор барои фардост”.
Маҳз рисолати созандаи ҳизб аз рӯзи таъсис, ташаккул ва фаъолияташ бар пояҳои сабақи таърихӣ, шоҳиди таърихи гузашта, намуна ва дарси ибрат ба имрӯзиёну фардоиён аст.
Дар давраи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, шароити мураккабу душвори замони муосир дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушд бахшидани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва пос доштани арзишҳои уммумибашарӣ нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле мунаввар аст.
Дар давоми бисту нуҳ соли фаъолияти пурсамар ҳизб бо иштироки фаъолонаи аъзо ва ҷонибдоронаш дар доираи барномаҳои қабулгардида дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, сиҳатии омма, тарбияи занону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, мубориза ба зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, аз қабили экстремизм, терроризм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тақлиду пайравӣ аз фарҳангу ойини бегона саҳми муносиб ва шоиста гузоштааст.
Иштироки фаъоли аъзои ҳизб дар ҳаёти сиёсии мамлакат нишона аз обрӯ, нуфузу мартабаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар миёни ҷомеа буда, ҳар як аъзои ҳизб барои марҳила ба марҳила рушд намудани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста барномаи ҳизбро ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо мавриди амал қарор медиҳад.
Бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалӣ намудани нақшаҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то давраи соли 2027 барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, рушди муттасили илму маориф, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тақвияти фаъолнокии иқтисоди миллӣ, таъсиси бозори меҳнати қобили рақобат ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, рушди маънавиёти ҷомеа, инкишофи фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, синамо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон, рушди забони давлатӣ, пешгирӣ намудани афкори радикаливу ифротгароӣ, алалхусус миёни ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон, густариши ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандони мамлакат, устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши меҳварӣ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи 29 соли фаъолияти худ ҳамеша ба ятимону барҷомондагон, маъюбон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аҳамияти хоса дода, дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ғамхории ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Ин аст, ки бо қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти №10 аз 30-юми ноябри соли 2021 “Дар бораи таъини нафақаи ҳизбӣ дар соли 2022” ба 332 нафар маъюбон кӯмаки молиявӣ дар шакли нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои як нафар нафақаи ҳизбӣ таъин гардида, сари вақт дастрас карда мешавад.
Мусаллам аст, ки мақсаду мароми ҳизби мо бунёд ва рушд бахшидани ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа, пойдории давлати миллӣ, ваҳдат, рушди иқтисоди миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Бинобар ин, мо, ҳизбиён муваззаф ҳастем, ки бо дарки баланди эҳсоси масъулият дар самти амалишавии ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Оиннома ва Барномаи мукаммали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳарчи бештар саъю кӯшиш намоем.

Садриддин
ШИРИНБЕКОВ,
мудири шуъбаи
таблиғот ва ташвиқоти
Дастгоҳи Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: