ҲХДТ – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА21-12-2023, 10:36
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон оид ба сарнавишти Истиқлолияту озодӣ ва тақдири давлату миллат иброз доштаанд, ки: “ Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт. Бинобар ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мардуми сарбаланди тоҷик имрӯз ҳамчун Ҳизби масъулият мешиносанд.” Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми бисту нуҳ соли фаъолияти созандаву ибратбахши худ масъулияти таъмини сулҳу ризоият, Ваҳдати миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатӣ демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёру ягонаи тоҷиконро рисолати Оинномавию Барномавии худ қарор дода, ба ҳизби пешоҳанги ҷомеа ва маҳбуби халқу Ватан табдил ёфтааст. Инчунин, ҲХДТ зодаи Истиқлолият, таҷассумгари ормонҳои наҷибу созандаи халқ ва масъули тақдири имрӯзу ояндаи Ватан мебошад. Тавре, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18-уми феврали соли 2018 дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид намуданд: “ Тайи солҳои охир Ҳизби мо дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, на танҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа мебошад. Ҳоло он ба неруи муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллиро ба дӯш гирифтааст”. Ба андешаи доктори илмҳои фалсафа Фаттоҳзода Саидмурод Самад, мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши худ қарор додааст, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳои созанда пайваста талош мекунад ва сабаби маҳбубият пайдо кардани ҳизби мо миёни мардум дар ҳамин аст. Ҳамин аст, ки саҳфҳои он аз ҳисоби наслҳои нав ба нави ҷавонон афзун мешавад. Маҳз мақому манзалат, маҳбубияти мардумӣ, вусъати фаъолияти созанда ва корнамоии ватандӯстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаву дурандешона, миллатдӯстонаву ваҳдатгароёна ва музаффаронаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки дар васфи он шоирони ширинкаломи тоҷик шеърҳои латифу пурмазмун ва ҳаяҷонбахшу таъсирофарин эҷод карда, ба ин восита аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонони шоиставу созандаро ба татбиқи ғояҳои бунёдкоронаи ҳизби ваҳдатофару нусратбахш даъват намоянд. Агар 29 соли арзи вуҷуд доштани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба рӯйдодҳои дигари таърихи кишвар қиёс намоем, ин баробари саҳифаи заррини китоби он мебошад ва саҳифаҳои фаъолияти онро ин ҳизби пешсафи ҷомеа бо талошҳои зиёди созанда ва татбиқи амалҳои бунёдкорона боз ҳам рангину хотирмон кардааст. Дар зарфи 29 сол дар Тоҷикистон он қадар пешравиҳое рӯй доданд, ки миллати ориёнажоди мо ҳазорсолаҳо дар истиқлолияти ҷумҳурӣ ва ҷидду ҷаҳди қаҳрамононаи Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Соли 1994, аз ҳамон даврае, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат қалам гузошт, дар кишвари мо воқеан ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту обрӯ ва манзалати ҳизбҳои сиёсие, ки ҳамон солҳо дар ҷумҳуриамон амал доштанд, бо сабабҳои сиёсати моҷароҷӯёна ва ҷангҷӯёна доштанашон коста гардида буд ва шаҳрвандон то андозае аз сиёсати онҳо дар ҳарос буданд. Мардум худро аз ҳизбҳои сиёсӣ дар канор мегирифтанд. Сабабгори бадбахтии ҷомеаро дар фаъолияти харобиовари ҳамон ҳизбҳо медиданд. Ҳизбе, ки бо силоҳ ҳокимият сохтан мехоҳад, мавқеъ пайдо намекунад. Ба арсаи сиёсат ворид шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин дар шаби торик пайдо шудани моҳтоби пурра ва дар осмони абрнок падидор гардидани Офтоби оламафрӯзро мемонд, ки ҳамон шабу рӯз барои ҷомеаи мо ҳамчун нӯшобае барои Сӯҳроби дар ҷанги Рустам захмӣ гашта лозим буд. Ҳамон минвол ин нӯшобаро марди шарафманд ва ғаюри Машриқзамин сари вақт ба халқу миллаташ оварда расонид. Ҳамин буд, ки дар чунин замони душвор дар арсаи сиёсат пайдо шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дили ҳам мардуми оддӣ ва ҳам зиёиён як шӯълаи умеде барои фароҳам овардани сулҳ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва обод гардидани кишвари аламзада пайдо гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб, ки ҳамсоли Истиқлолияти Тоҷикистон аст. Бинобар он, таърихи Истиқлолият бо таърихи ташкилёбии ҳизб як буда, комёбиҳои истиқлолро бо ҳизб пайваст кардан мумкин аст. Ҳадди ақал, нақши муоссири онро дар ин раванд таъкид кардан меарзад. Дар қатори аввалин созмондиҳандагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён низ барои афзудани сафҳои он ва паҳну интишор намудани сиёсати ин ҳизб дар қаламравии ноҳия кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Дар солҳои аввали таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҳамагӣ 84 нафар шаҳрвандон танҳо аз ҳисоби роҳбарон ва фаъолони ноҳия ба ҳизб шомил буданду халос. Ҳамаи аъзо ба талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб содиқ буда, ҲХДТ аз рӯзи аввали таъсис ёфтанаш чун неруи тавонои бунёдкор, созанда ва эҳёгари Тоҷикистони навин вазифаҳои ба миёнгузаштаро сарбаландона адо намуда истодааст. Мо боварӣ дорем, ки минбаъд низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшишро барои ба давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ табдил додани Тоҷикистон, ки дар он волояти қонун риоя гардад, ба харҷ медиҳад. Ваҳобиддин АБДУЛЛОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.