Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Ҳисор мусобиқаи минтақавии бокс оид ба дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷамъбаст шуд

Дар Ҳисор мусобиқаи минтақавии бокс оид ба дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷамъбаст шуд

20-12-2023, 13:16
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҳисор мусобиқаи минтақавии бокс оид ба дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷамъбаст шудДар шаҳри Ҳисор мусобиқаи минтақавии бокс байни наврасону ҷавонони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Ҳисор барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор» ҷамъбаст шуд.

Мусобиқаи минтақавии бокс бо сарпарастии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр гузаронида шуда, дар он 52 нафар наврасону ҷавонон дар вазнҳои то 20, 25, 30, 35, 40, 45, 50, 55 ва то 60 кг қувва озмуданд.

Бо хулосаи ҳайати ҳакамон камарбанди сиёҳи мусобиқа насиби Сайфиддин Асоев дар вазни 52 кг аз шаҳри Душанбе гардид. Аз рӯи ҳамаи вазнҳо шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи якум ва сазовори «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор» гардид.

Мақоми дуюмро варзишгарони шаҳри Душанбе ва мақоми сеюмро шаҳри Турсунзода соҳиб шуданд. Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ Диплом ва ҷоизаву медалҳо тақдим шуданд.

Баргузории мусобиқаи варзишии бокс байни наврасон ва ҷавонон ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: