
Ҳисор:-Санаи 25-уми сентябри соли 2017 дар толори Кохи фарҳанги шаҳр мусобиқа байни ҷавонони шаҳри Ҳисор оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Соли ҷавонон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», муҳассилин аз мактаби Президентц, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ ва литсейи касбҳои техникӣ ширкат варзидаанд.

Баргузории мусобиқа нишон медиҳад, бозиҳои рӯи мизӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла духтарон дӯстдорони зиёд дошта, хуб пазироӣ шуд. Ғолибон бо Ҷом ва мукофотҳои омода намудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷктон дар аҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.