Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ БО ХАЛҚ ВА ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

ҲХДТ БО ХАЛҚ ВА ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

14-12-2023, 07:00
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ БО ХАЛҚ ВА ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ
Инак,аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад.
Дар ин марҳилаи нави идеологӣ барои таҳкими сиёсати давлатдории навин мардуми шарафманди Тоҷикистон мавқеи худро муайян намуда, ба сафи ин ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд.
Ҳизби сиёсӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки бо мақсади иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, муташаккилииҳамфикрон, тавассути ташаккул ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо иштирок дар амалҳои ҷамъиятию сиёсӣ, интихобот ва раъйпурсӣ таъсис дода мешавад. Инчунин, манфиатҳои миллию давлатироифода намуда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои барномаҳои ҳизб ва дар амал татбиқ намудани он мусоидат мекунад.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои сиёсии давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Боиси зикр аст, ки мо, тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки миёни 7500 ҳазор қавму миллатҳои ҷаҳон соҳиби сарзамин, давлат ва муқаддасоти миллии худ ҳастем.
Яъне, дар Созмони Милали Муттаҳид аз 7500 қавму миллатҳои ҷаҳон 194 давлат ба қайд гирифта шудааст, ки 2,6 фисадро ташкил менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор дохил мешавад ва ба мисли давлатҳои абарқудрат дар Созмони Милали Муттаҳид як овоз ва нуфуз дорад. Яъне, давлати миллӣ, забони ноби тоҷикӣ ва тамоми арзишҳои миллии мо дар давлатдории навини мо инъикос ёфтааст.
Тамоми ҳамзабонон ва сокинони кишварамон медонанд - орзуи давлатдории миллӣ, ки дар қалбҳои Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар бузургони миллат нуҳуфта буд, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ тамоми орзуву ормонҳои онҳоро дар амал татбиқ намуд.
Аз нигоҳи сиёсӣ Пешвои миллати моҳамчун элитаи сиёсии ҷаҳон тавонистанд дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун ташаббускор ва пешоҳанг барои бартарафсозии мушкилоти ҷаҳон ва минтақа бо баромадҳои баланди сиёсӣ, таклифу пешниҳод ба роҳбарон ва созмонҳои ҷаҳонӣмавқеъ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранд.
Дар таърихи навини миллати мо воқеаҳои бузурге ба вуқуъпайвастанд, ки барои мардумамон басо азизу муқаддас буда, дар ҳаёти ҳар яки мо нақши бориз гузоштаанд. Мо аз ин рӯйдодҳоҳамасола хеле шукуҳмандона таҷлил мекунем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли кишвар мебошад. 29 сол муқаддам, баъд азқабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ақида ё ғояи таъсиси ин гуна ҳизб нахустин маротиба аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад ва таҳти роҳбарии ӯ соли 1993 омодагиҳо ба бунёди ҳизб шуруъ шуда буданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таблиғу ташвиқ ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат нақши калидӣ дошта, бо амалишавии барномаҳои он обрӯ ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа рӯз аз рӯз афзун гашта истодааст.
12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созмон ёфт.
Санаи 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
15-уми декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 номнавис намуд.
Ба ҳамин монанд, марҳила ба марҳила Анҷуман, нашрияи ҳизбии “Минбари халқ”, Комиссияи тафтишотии молиявӣ, аъзои Раёсат, аъзои Кумитаи Иҷроияи МарказииҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.Айни ҳол дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣкумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кору фаъолият доранд, ки дар назди худ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро таъсис додаанд.
Таъсисёбии ҳизбҳои сиёсӣ барои давлати мустақил тақозои замон аст. Агар аз ҳамин нуқтаи назар мо ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар андӯзем, он дар даврае ба вуқуъ омад, ки Тоҷикистон як марҳилаи душвортарини таърихи худро тай менамуд.
Ин давраи ба даст овардани истиқлоли сиёсӣбуд ва гурӯҳи ифротгарои террористии Ҳизби наҳзатиисломӣнамехостанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ дар арсаи байналмилалӣ арзи вуҷуд намояд.
Давраи асосии ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон маншаъ мегирад.
Ин иҷлосияе, ки онро тақдирсоз ном мебарем, дар ҳақиқат, барои ҳаёти мардуми Тоҷикистон сарнавиштсоз буд, чунки тақдири халқи Тоҷикистонро дар давраҳои минбаъда муайян кард.
Ҳарчанд тоҷикону тоҷикистониён баъд аз истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих -ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери роҳбарии ин абармарди сиёсат муттаҳид гардида, давлатро соҳибӣкарданд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар мансуб меёбад.
Касе наметавонад инкор кунад, ки ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои таъмини озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.Натиҷа ин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи хостаҳои худро дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд, ки ин боиси сарфарозии ҳар яки мо - аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Тавре дар боло зикр намудем, дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар вилояти Хатлон биноҳои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бевосита бо дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумлаи он, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аст, ки соли 2019 бевосита бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дуошёна буда, аз 10 утоқи корӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, 7 утоқи корӣ, 1 маҷлисгоҳ барои 100 нафар, 1 китобхона ва 1 меҳмонхона.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар зарфи 25 соли фаъолияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб якчанд шахсиятҳои бонуфузи шаҳр ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроия кор ва фаъолият намудаанд. Аз ҷумла, Исмон Хушвахтов солҳои 1998-2001, Бобоҷон Муродов, солҳои 2001-2003, Абдуҷаббор Зардиев, солҳои 2003-2006, ҲикоятмоҳҲакимова, солҳои 2006-2009, Хурсанд Аъзамов солҳои 2009-2010, Зулайхо Ҳақназарзода, солҳои 2011-2014, Саъбагул Валиева, солҳои 2014-2019, Орзу Ҳамидиён, солҳои 2019-2020, Гулрухсор Шарифзода, солҳои 2020-2022 ва аз соли 2022 то инҷониб Салим Сайвализода дар ин вазифа кор ва фаъолият намудаистодаанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо васоити ахбори оммаи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, махсусан, нашрияҳоиҳизбии “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ”, нашрияҳои вилоятӣвашаҳрии“Хатлон”, “Навиди Кӯлоб”, “Кулябская правда”, шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ, “Телевизиони Кӯлоб” мунтазам робита дошта, аз шабакаи иҷтимоииФейсбук, сомонаҳои “hkhdt.tj”, “hamsafon.tj”, “hhdtkhatlon.tj”, “khovar.tj” ба таври васеъ истифода мебарад ва дар ҳамаи онҳочорабиниҳоиҳизбӣпурра инъикоси худро пайдо мекунанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури Кумитаи ИҷроияиМарказииҲХДТ, тибқи талаботи Оиннома ва Барнома, нақшаи корӣ,рейтинги ҳизбӣ пайваста конфронсҳо, мизи мудаввар, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, аксия ва озмунҳо, “соатҳои сиёсӣ”-ро баргузор мекунад.
Тибқи ташаббусҳои ҳизбӣ, Кумитаи иҷроия амалҳои неки худро пайваста бо аъзои фаъоли ҳизб иҷро ва татбиқ менамояд. Хусусан, дар амалишавии амалиёти “Мактаби ман”, “Соатҳои сиёсӣ”, “Рӯзи ёдоварӣ” ва амсоли инҳо.
Ногуфта намонад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри Кӯлоб, ба он хотир аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуданд ва шуда истодаанд, ки Раиси муаззами ҳизб,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешаба суханонашон содиқ, ба ваъдаашон устувор ҳастанду ҳар ибтикорашон аз мардумсолориву қонунмеҳварӣ сурат мегирад.
Мо вазифадорем, ки манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро дар ҳамбастагӣҳифз кунем.
Дар навбати худ мо, аъзои ҳизб масъулияти хеле бузург -ҳамсафи Пешвои миллат буданро ба зимма дорем.
Бинобар ин, кору пайкори мо бояд ба ин арзишҳо ҷавобгӯ бошад. Кӯшиш намоем, ки дар ҳама ҷанбаҳо намунаи ибрат ва пешсафу ташаббускор бошем. Меҳвари фаъолияти мо он аст, ки он дастуру супоришҳое, ки аз ҷонибиПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешаванд, сарбаландона иҷро намуда, теъдоди ҳамсафонамонро аз ҳисобимутахассисони бомаърифат ва ҷавонони ватандӯст зиёд намоем.
Ҳадафи асосии таъсисёбии ҲХДТ ҳамчунҳизбисозандаву бунёдкор, тибқи Оинномаи он, иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон аст.
Дар меҳвари фаъолияти ҳизбормонҳои халқ ва принсипҳои бунёдии демократия қарор гирифтаанд, чунки он маҳсули тафаккуру эҷоди Пешвои миллат ва халқи тамаддунофари мо маҳсуб мешавад.
ҲХДТ дар тӯли 29 соли фаъолияташ исбот намуд, ки дар ҳақиқат, як неруи тавонову созанда аст ва метавонад дар самти рушди кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум қувваи пешбаранда бошад.
Ҳизбдартӯли29 сол ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва ҳамчуннеруи созанда дар замири мардум ҷой гирифта, барои таъмин намудани беҳтарин, муқаддастарин ва олитарин ормонҳои халқи тоҷик хизмат карда истодааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҳизбякҷо бо зерсохторҳои ҳизбии худ ҷиҳатибоз ҳам дар оянда амалантатбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода карда, дар оянда тавассути ҷалби усулҳои нави корӣ масъулияту уҳдадориҳои худро ҷоннок намуда, дар роҳандозӣкардани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми боризи худро мегузорад.
Боиси зикр аст, ки ҲХДТ дар худ калимаи “халқ”-ро таҷассум менамояд ва ин маънои онро дорад, ки ҳизб дар хизмат қарор дошта, тамоми неру ва тавоноии хешро баҳри таъмини зиндагии арзандаи халқ равона менамояд.
Ҳамин аст, ки баъд аз садамаи нохуши нақлиётӣ дар таърихи 6-уми августи соли ҷорӣфавран аъзову ҷонибдорони ҳизбдар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки ба нафарони зарардида аз ин ҳодисаифоҷеабор як адад манзили истиқоматӣ сохта ба истифода диҳанд.
Вобаста ба ин, аллакай рафти сохтмони хонаи мазкур бомаром идома дошта, он дар фурсати кутоҳтарин бунёд ёфта, ба оилаи зарардида тақдим мегардад.
Илова бар ин, аз ҷонибироҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳр муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон шунида ва қонеъ гардонида мешаванд. Масъалаҳое, ки шаҳрвандонбамомуроҷиат мекунанд, аслан ба гурӯҳи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дохил мешаванд.
Бо дарназардошти ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо аъзову ҷонибдорони ҳизб дар давраҳои гуногун ба эҳтиёҷмандону муроҷиаткунандагон кумаки амалии худро мерасонанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ сохтмону азнавсозии беш аз 500 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо боварии комил изҳор медорем, ки ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб нақшаи созандагиву бунёдкориро дар доираи таҷлилиҷашнҳои таърихии миллат ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо сарбаландӣба сомон хоҳанд расонид.
Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзем, то барои рушди иқтисод ва зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон шароит муҳайё намуда, дар оянда дар қаторикишварҳои мутараққии ҷаҳон қароргирем.
Салим САЙВАЛИЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Кӯлоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: