Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАҶДИДИ ИСТИФОДАБАРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАҶДИДИ ИСТИФОДАБАРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

1-12-2023, 10:38
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАҶДИДИ ИСТИФОДАБАРИИ    РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Тибқи оморҳои расмӣ, садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар миқёси ҷаҳон ҳар сол сабаби марги беш аз як миллион ва маҷруҳшавии 50 миллион нафар мегардад.
Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки 93 дарсади чунин ҳодисаҳои марговар ба кишварҳои дорои даромади иқтисодиашон паст ва миёна рост меоянд.
Гузашта аз ин, садамаҳои нақлиётӣ дар нишондиҳандаи сабаби марги кӯдакону ҷавонони аз 5 то 29-сола дар ҷойи аввал меистанд.
Ба ғайр аз таъсиррасонӣ ба саломатии инсон, иловатан садамаҳои роҳу нақлиётӣ таъсири амиқи иқтисодӣ низ доранд, ки дастовардҳои кишварро коҳиш дода, рушди иқтисодиро кам мекунанд, бахусус дар кишварҳои дорои даромади иқтисодии паст ва миёна, ки Тоҷикистон низ истисно нест.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 1300 садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда барои коҳиш додани шумораи марг ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, 430 ҳодисаи фавт ва 1250 ҳолати маҷруҳшавии сатҳи гуногун рух медиҳанд.
Бо мақсади мусоидат намудан ба табодули дониш оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ба ин васила коҳиш додани талафот ва маҷруҳшавӣ дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар доираи нақшаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи ҷории “Марҳилаи чоруми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, роҳсозӣ ва нақлиёт, маориф ва илм, инчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма дар мавзуи “Ҳаракат дар роҳ ва модернизатсияи истифодабарии роҳҳои автомобилгард” машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Гурӯҳи Татбиқи Лоиҳаи “БРАМОМ-4” Фаррух Неъматзода ва Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли оид ба зарурати баргузор намудани чунин чорабинӣ суҳбат намуданд.
Қисми аввали машғулият имкон дод, ки кӯшишҳои Вазорати нақлиёт, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор дар ҳалли мушкилоти бехатарии ҳаракат дар роҳ ва нигоҳи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани маргу ҷароҳатбардорӣ дар роҳҳо дида баромада шавад.
Рӯнамоии Бонки ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии бехатарии ҳаракат дар роҳ пешниҳод шуд, таҷрибаҳои аз ҷиҳати илмӣ беҳтарини ҷаҳониро барои рафъи хатарҳои асосии бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки Тоҷикистон рӯбарӯ мешавад, муаррифӣ намуданд. Консепсияҳои Тамоюли ба сифр баробар кардани талафоти ҷонӣ (Vision Zero) ва Равиши низоми бехатар (Safe System Approach) ва чӣ гуна ин принсипҳоро дар Тоҷикистон татбиқ кардан мумкин аст, пешниҳод карда шуданд.
Қисмати дуюми машғулият ба ниёзҳои ислоҳоти низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бахшида шуда буд, ки кумаки худро барои беҳбуд бахшидани таҷрибаҳои нигоҳдории инфрасохтори роҳ дар кишвар тамаркуз хоҳад расонд.
Зикр шуд, ки ҳадафи машғулияти амалӣ мусоидат намудан ба табодули дониш оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва низоми идоракунии дороиҳои роҳ байни шахсони тасмимгиранда ва ҷонибҳои манфиатдори Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба кумак дар таҳияи стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва идоракунии дороиҳои роҳи Тоҷикистон ва заминаи институтсионалӣ, ки бо маълумот ва қарорҳои илмӣ оид ба коҳиш додани талафот ва ҷароҳатбардориҳо дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ асоснок карда шудаанд.
Машғулият бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши амиқи ҷонибҳои манфиатдори миллӣ аз таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар идоракунии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо дар бораи ташаббусҳое, ки дар доираи барномаи “БРАМОМ-4” амалӣ мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Ин иқдом татбиқи самараноки идоракунии дороиҳо ва низоми роҳро дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани банақшагирии нигоҳдорӣ ва маблағгузории роҳ дарбар мегирад.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи чоруми барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” аз 17-уми майи соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Агентии иҷроияи лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби Гурӯҳи Татбиқи Лоиҳаи вазорати мазкур амалӣ мешавад.
Мақсади умумии лоиҳаи БРАМОМ-4 баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ барои иштирокчиёни иқтисоди минтақавӣ, устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) мебошад.

И. ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: