7 маи соли равон дар дар маҷмаи «Душанбе Плаза» аз ҷониби намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони журналистии НАНСМИТ мизи гирд дар мавзӯи «Бехатарӣ дар роҳ: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид. Дар кори он Сатиш Мишра, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Миралӣ Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдувалӣ Раззоқов, осебшиноси асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Салимов, намояндаи Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Чорабинӣ дар ҳошияи Ҳафтаи глобалии бехатарии ҳаракат дар роҳи Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, ки он аз 6 то 12 май давом дошт. Мақсади асосии он ба таври минималӣ кам кардани ҳолатҳои садамавӣ дар роҳ ва наҷот додани ҳаёти инсонҳо дар тамоми кураи Замин мебошад. Ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ наздики 1,35 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар нақшаи барномаи Рушди устувор то соли 2030 мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2010 дар тамоми дунё шумораи маргҳо, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд, коҳиш дода шавад. Зиёни моддӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон то 3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳоро ташкил медиҳад. Зиёда аз нисфи ҳалокшудагон дар роҳҳои ҷаҳон «истифодабарандагони осебпазири роҳҳо»-пиёдагардон, ронандагони мотосиклу велосипед ҳастанд. Тибқи омор 93 фоизи ҳолатҳои марг дар роҳҳо дар кишварҳои миёна ва нодор рух медиҳанд, новобаста аз он, ки ба ин мамлакатҳо тақрибан 60 фоизи воситаҳои нақлиёт рост меоянд. Дар ин рӯихати манфӣ қитъаи Африқо пештоз аст.
Садамаҳои роҳу нақлиёт сабаби асосии марги кӯдакон ва ҷавонони синни аз 5 то 20-сола буда, ҳамасола аз 20 то 50 миллион одам ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд, ки бисёр ҳолат ба маъюбӣ оварда мерасонанд.
Омилҳои асосии хавфи сар задани чунин ҳолатҳо ва ба оқибатҳои нохуш овардани онҳо баланд кардани суръати ҳаракат, рондани мошин дар ҳолати мастӣ ё таъсири маводи мухаддир, истифода набурдани кулоҳ (шлем)-и мотосиклронӣ, тасмаҳои бехатарӣ, курсиҳои махсус барои кӯдакон, истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ҳангоми рондани автомобил, инфрасохтори хатарнок (роҳҳои ба талабот ҷавобгӯ набуда)-и роҳ, воситаҳои нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ ба талабот ҷавобгӯнабуда (мошинҳои куҳна), ёрии ғайрикасбӣ баъди садама, мавҷуд набудани назорати самаранок ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва амсоли ин мебошад.
Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки садамаҳо дар роҳ ба зарарҳои зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ мерасонад. Тибқи баҳогузориҳо, онҳо боиси зиён дар ҳаҷми то 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна шуда метавонад. Барои Тоҷикистон ин ҳамасола маблағи наздики 350 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои садамавӣ, ки ба марг оварда мерасонанд, дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар-Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Шаҳристон, Хуҷанд, Деваштич, Мастчоҳ, Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Кӯлоб, Данғара, Норак, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ҷайҳун ва Ёвон боиси ташвиш ҳастанд ва аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ниҳоди дахлдор барои таъмини бехатарӣ дар роҳ андешидани чораҳои мушаххасро талаб мекунанд. Дар ҳисоботи ТУТ омадааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 18,8 ҳолатҳои марг дар роҳҳо рост меояд. Ин ду маротиба аз Аврупо зиёдтар буда, сатҳи бехатарии роҳ дар кишвари мо наздик ба давлатҳое чун Русия ва Чин аст.
Мавсуф қайд кард, ки барои пешгирии зиёдтари қоидавайронкуниҳо дар роҳ, ки ба ҳолатҳои нохуш оварда мерасонад, бояд ҳаҷми ҷаримаҳоро зиёд кард.
Дар ин асно Абдувалӣ Раззоқов, осебшиноси асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки ҳамарӯза дар васоити ахбори омма дар бораи садамаҳои нақлиётӣ дар ин ё он гӯшаи дунё хабар дода мешавад. Дар қатори ин боз ҳазорҳо садамаҳои роҳу нақлиётии дигар бо фавт ва маъюбшавии одамон рух медиҳанд, ки дар бораи онҳо маълумоти зарурӣ дар ҷомеа нест, чунки онҳо «муқаррарӣ» шудаанд. Зарурияти чораҷӯиҳо оиди пешгирии осебҳо дар он аст, ки миқдори умумии онҳо дар як сол аз 138, 2 ҳазор то 180 ҳазорро ташкил дода, дар сохтори бемориҳои умумӣ дар мавқеи чорум қарор гирифтаанд. Ҳамчун боиси овардан ба ҳолати марг ҳам осебҳои зикргардида дар мақоми чорум ҳастанд. Бо мақсади такмили расонидани ёрии тиббӣ ва пешгирии осебҳо «Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ, такмили кумаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2915» амалӣ шуда, бо қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ он идома ёфта истодааст. Дар ин самт корҳои зиёдеро бояд ба субут расонд.
Ҳозирин қайд карданд, ки барои ҳалли беҳтари қазияи мазкур бояд Стратегияи миллӣ дар самти коҳиш додани ҳолатҳои марг ва осебпазирӣ дар роҳҳои кишвар қабул карда шавад. Ҳамчунин корҳои профилактикӣ миёни ҷавонон, бахусус дар муассисаҳои таълимӣ вусъат дода шуда, мавзӯи бехатарии роҳ бояд дар раванди таълим ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, чуноне дар боло қайд гардид, бояд дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳои ҷазодиҳӣ (ҷарима) боз ҳам пурзӯр карда шаванд.
Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ созмони пешбар дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои минтақавии СММ дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳ дар чорчӯбаи системаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. ТУТ ҳамчунин мақоми раисикунандаи Ҳамкорӣ дар чорчӯбаи СММ дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳро ба уҳда дошта, вазифаи котиботи Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарӣ дар роҳ барои солҳои 2011-2020 иҷро мекунад. Даҳсолаи амал дар қатъномаи СММ эълон гардида, бо мақсади наҷот додани миллионҳо умри инсонӣ аз ҳисоби амалигардонии Нақшаи глобалӣ дар зиёда аз 100 кишвари дунё роҳандозӣ мегардад.
Азамат Дӯстов