Дар роҳҳои автомобилгарди дорои шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд27-10-2023, 08:34
Хабарро хонданд: 110 нафар
Назарҳо: 0
Дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгарди дорои шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд. Дар робита ба ин дар Душанбе дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» Қарордоди Чумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба хизматрасонии машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳои (барйерҳои) муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад. Санади мазкурро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдор/менеҷер оид ба амалиёт ва технологияҳои иттилоотии ширкати машваратии Кувайт «NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants» Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш имзо намуданд. Вазифаи ширкати машваратӣ- таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад, ки дар онҳо тибқи талаботи меъёр бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин мешавад. Ширкат инчунин хизматрасонии машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд. Дар доираи лоиҳа омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири «Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб -Хоруғ — гузаргоҳи Қулма (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин — Шкев)» ва масири «Ваҳдат – Рашт — Лахш — сарҳади Қирғизистон (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади Қирғизистон)» ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст. АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.