Дар Душанбе Фестивали VI филмҳои фаронсавӣ доир мегардад27-11-2023, 09:58
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза аз соати 17:30 дар ошёнаи якуми бинои «Диёри Душанбе», гуногуниву бойигарии кинои фаронсавӣ дар филмҳои бадеӣ, филмҳои тасвирӣ, мазҳака ва фоҷиаҳои муосир пешкаши тамошобинони тоҷик ва меҳмонони пойтахт гардонида мешавад. 27 ноябр, соати 17:30 филми бадеии «La Сhèvre» (Бетолеъон), аз муаллиф Фрэнсис Вебер (1981), мазҳакае бо Пйер Ришард ва Жерар Депардйе ба намоиш гузошта мешавад. Дар намоишҳои минбаъда филмҳои гуногуни бадеӣ, аз ҷумла «Идома», “Фоҷиа” , “Сафари шоҳзода”, филмҳои тасвирӣ, саргузаштӣ намоиш дода мешаванд. Ҳамаи намоишҳо бо забони фаронсавӣ ва зернависҳо бо забони русӣ намоиш дода мешавад. Даромад озод аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.